Нашрияи Омӯзгор

Заминҳои хоҷагии ёрирасонро самаранок истифода намоем

Сана: 2020-05-28        Дида шуд: 810        Шарҳ: 0

 

Супоришҳои протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 16 апрели соли 2020 №4) моро водор менамоянд, ки вобаста бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар, захираи дусолаи маводи ғизоӣ, бахусус, гандум, лӯбиёгиҳо ва пешгирии болоравии нарху навои маҳсулот дар бозорҳо ҳар як оиларо ба истифодаи оқилонаи замини мавҷудаи корам, аз ҷумла, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон (заминҳои президентӣ) ҷалб намоем.

Вобаста ба супориши мазкур заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони назди мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ мавриди таҳлил қарор дода шуд. Маълум гардид, ки аз чордаҳ муассисаи таълимӣ дар панҷтои он заминҳои хоҷагии ёрирасон мавҷуд нест, ки ин муассисаҳо мактаб-интернати ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, мактаб-интернати кӯдакони ятими шаҳри Кулоб, мактаб-интернати низомаш махсуси шаҳри Ҳисор, мактаб-интернати кӯдакони шунавоияш суст ва деркаршудаи ноҳияи Рӯдакӣ ва мактаб-интернати кӯдаконӣ ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ мебошад.

Дар муассисаҳои дигар бошад, заминҳо оқилона истифода мешаванд. Дар мактаб-интернати ноҳияи Рӯшон 1га боғ ташкил карда шудааст. Дар мактаб-интернати кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод дар масоҳати 1 га картошка ва зироатҳои дигар, дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон дар масоҳати 1,2 га гандум, дар давраи кишти дуюм бошад, лӯбиё ва мош, дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Рашт дар масоҳати 0,5 га замин картошка, лӯбиёгӣ ва сабзавот парвариш меёбад.

Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дорои шароити хуб буда, замини хоҷагии ёрирасони он 19,15 га аст. Дар масоҳати 3,85 га боғ ташкил шуда, дар 0,40 га гандум кишт ва 16 га ба иҷора дода шудааст.

Дар замини хоҷагии ёрирасони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор дар масоҳати 0,6 га парвариши картошка ва помидор ба роҳ монда шудааст. Дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Сангвор дар 0,4 га боғ ташкил карда шудааст ва дар 0,6 га кишти зироатҳои полезӣ, картошка, лӯбиёгиҳо ва сабзӣ ба роҳ монда шудааст. Хоҷагии ёрирасони мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе дар ноҳияи Файзобод қарор дорад, ки масоҳати он 13 га-ро ташкил медиҳад, ки дар 11 га боғ ташкил шудааст. Дар ин замин, инчунин, истироҳатгоҳ бо номи «Чилча» фаъолият дорад. Замини мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Шаҳринав бо масоҳати 2,27 га ташкил гардидааст. Замини хоҷагии ёрирасон ба иҷора дода шудааст ва аз маълумоти пешниҳоднамудаи роҳбарияти муассиса 50% маҳсулоти истеҳсолшуда ба анбори мактаб ворид мегардад.

Аз маълумот бармеояд, ки заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон дар баъзе мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ самаранок истифода намешавад. Яке аз роҳҳои нодурусти истифодаи он ба иҷора додани замини хоҷагии ёрирасон аст. Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки гирифтани ҳосили дуюм ва сеюм дар шароити иқлимии кишвари мо ба манфиати кор мебошад. Ташкили дурусти кор дар заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон, ки сабзавот ва кабудиҳои дигар дар он парвариш меёбанд, барои тайёр кардани хӯришҳои тару тоза, барои баланд ва беҳтар шудани вазъи муассисаҳо мусоидат мекунанд.

Хоҷагиҳои ёрирасон дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ ба камол расондани хонандагон мусоидат менамоянд ва дар инкишофи ҷисмонию рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон муҳим мебошад

Бадриддин МУЗАФФАРОВ,

сардори раёсати

иқтисод, банақшагирӣ

дар соҳаи маориф ва илми Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои иқтисодӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш