Нашрияи Омӯзгор

Моҳияти таълими забон

Сана: 2020-05-28        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Роҳҳои гузаронидани корҳои амалӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дар синфҳои 5-11 гуногун буда, омӯзгор метавонад тариқи дуруст истифода бурдани тест, аёният, қоида, машқ, дарки супоришҳо, мавзӯъ, мақсад ва моҳияти таълимии фанро ошкор намояд. Пеш аз ҳама, омӯзгорро  мебояд, ки  ба хонандагон дар бораи забон ва такмил  додани нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ сухан гуфта, ҳисси худшиносӣ, суннатҳои фарҳангӣ, тафаккури эҷодии  онҳоро тариқи омӯхтани луғат ва хондани китобҳои дарсиву бадеӣ тақвият бахшад. Баланд гаштани мақому корбасти забони модарӣ дар тамоми соҳаҳову  доираҳои  иқтисодиву иҷтимоиву  коргузорӣ аз ҷумлаи дастовардҳои истиқлол аст. Қонуни нави  забон дар замони  истиқлол дар мувофиқат ба  меъёрҳои байналхалқӣ ва эҳтирому  муносибати хос ба дигар забонҳо таҳияву  қабул гашт. Пешвои миллатамон он забонеро зинда гардонидану рушд бахшидан мехоҳанд, ки дар замони Сомониён истифода мешуд. Забони муосир пур  аз таҳаввулот аст. Дар муассисаҳо  роҳ ва услуби гузаронидани корҳои амалӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик аз рӯи назарияи таълими муносибати салоҳиятнокӣ дар асоси принсипҳои дидактика ташаккул ёфтааст. Омӯзгор бояд дар синф ба хонандагон дар асоси як нақшаи солона ва барномаи таълимӣ мувофиқи ҷадвали дарсҳо таълим дода, доир ба мавзӯи  дахлдор маводи заруриро истифода бурда тавонад.

Забони воситаҳои ахбори омма низ яке аз омилҳои нигаҳдошти махлутшавии забон аз забонҳои ғайр, пешгирикунандаи равандҳои манфӣ дар забон ва такмилдиҳанда, такомулбахш ва рушддиҳандаи забони тоҷикӣ аст. Мо мисолҳо меорем аз забон тариқи лаҳзаҳои дарси забони тоҷикӣ, ки онро диалектология мегӯянд. Диалектология бештар бо намудҳои маҳаллии забон сарукор дорад. Дар корҳои  амалӣ ва навишти ҷумлаҳо ё дар  гуфтугӯ хонандагон бисёртар  аз лаҳҷа истифода карда, шеваҳои маҳаллии худро истифода мебаранд. Забони адабӣ  вобаста ба тарзи истифода ба ду шоха: забони адабии шифоҳӣ ва забони адабии хаттӣ ҷудо мешавад, ки заминаи онҳоро услубҳои ҷории забон ташкил медиҳанд. Бояд дар раванди дарсҳо тавозуни назарияву амалия баробар бошад. Зеро таҷрибаи чанд соли охир нишон медиҳад, ки дар омӯзиши забони тоҷикӣ дар маҳалҳо бештар назария бартарӣ дорад, амалия кам ба мушоҳида мерасад. Ин мушкилӣ боиси бунёдан наомӯхтани забон мегардад. Пешниҳод дорам, ки ин масъала дар ниҳодҳои илмии тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як бори дигар дида баромада шавад.

 

Гулҷаҳон ҶӮРАЕВА,

омӯзгор, ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш