Нашрияи Омӯзгор

Забони яғнобиро ҳифз бояд кард

Сана: 2020-05-28        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Дар моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва забони яғнобӣ шароит фароҳам меорад».

Забони яғнобӣ яке аз шохаҳои забони суғдӣ буда, бо ин забон беш аз бист ҳазор нафар одам гуфтугӯ мекунад. Имрӯз бо ин забон мардуми суғдитабори шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Зафаробод, Айнӣ, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Варзоб ва Ёвон байни худ муошират менамоянд.

Мардуми дараи зебоманзари Яғноби ноҳияи Айнии вилояти Суғд аз қадимулайём забони суғдиро аз насл ба насл ба мерос гузошта, то замони мо оварда расонидаанд ва агар имрӯз мо ин забонро ҳифз накунем, аз байн рафтанаш мумкин аст, зеро рӯз то рӯз гӯяндагони ин забон кам шуда истодаанд.

Тавре ки аз навиштаҳои олимони яғнобӣ бармеояд, то солҳои 70-уми асри гузашта дар Яғноб ду колхоз ва 32 деҳа мавҷуд будааст. Аз ҳамин 32 деҳа сокинони ҳафттои он (Навобод, Деҳкалон, Кирёнте, Канте, Тагоб, Ворсовд, Хишортов) бо забони тоҷикӣ ва мардуми бисту панҷтои он бо забони суғдӣ гап мезадаанд.

Аз рӯи харитаи Яғноб равшан мегардад, ки аҳолии деҳаҳои дар саргаҳу дар охири дараи Яғноббуда ба забони тоҷикӣ ва мардумони деҳаҳои дар миёни дара ҷойгирбуда ҳамаашон бо забони суғдӣ гап мезадаанд. Аз баъзе номҳои бо ҳам омехтаи тоҷикию суғдии деҳаҳо низ хулоса баровардан мумкин аст, ки дар он деҳаҳо тоҷикон мезистаанд ва ё як замон дар он деҳаҳо суғдизабонҳо зиндагӣ мекардаанду бо мурури замон ҷойи худро ба тоҷикзабонон додаанд.

То Яғноб роҳи мошингард набошад ҳам, аз шаҳри Душанбе тавассути чархбол ба муддати 25 дақиқа рафтан мумкин аст. Мардуме, ки хоҳиши ба Яғноб рафтан доранд, бо хару асп ё пиёда бо роҳи кӯҳнаи Суғд, яъне тавассути сипарӣ намудани ағбаи Анзоб ва ё аз ҷониби ноҳияи Айнӣ ба он ҷо раҳсипор мешаванд.

Мардуми дараи Яғноб то солҳои 1970 ба давлат гӯшт, пашм, ғалла, сабзавот (сабзию картошка) месупоридаанд. Ҳар як деҳаи Яғноб дорои осиёб ва ҷувоз  буда, одамон дар онҳо ғалларо орд ва зағиру кунҷити худро равған мекардаанд.

Сайфиддин Мирзозода дар китоби «Яғноби зивок» (китоби дарсӣ барои синфҳои 2-3) роҷеъ ба гиёҳҳои шифобахши ин мавзеъ чунин маълумот додааст: «Заминҳои Яғноб як хислат доранд, хислаташ ҳамин, ки алафу гиёҳ бисёр мешавад. Гӯё, ки Худо табиати ин ҷоро махсус барои ҳамин ҷудо карда бошад. Ҳамаи алафу гиёҳҳои дорӯӣ дар ин ҷо мавҷуд мебошанд. Зиёда аз 150 навъи алафу гиёҳ мерӯяд. Аз инҳо 120 хелаш хӯрданибоб мебошанд. Дар Яғноб табиб набуд, ана аз ҳамин алафу гиёҳҳо мехӯрданду сиҳат мешуданд». (Сайфиддин Мирзозода. Яғобӣ зивок, барои синфҳои 2-3, Душанбе, 2007, саҳ. 7).

Солҳои 2009 – 2010 пас аз он, ки банда бо олимони суғдшиноси тоҷик Сайфиддин Мирзозода ва Тағоймурод Ёрзода ошноӣ пайдо кардам, онҳо шавқу ҳавасамро ба омӯхтани забони яғнобӣ ҳис карда, китобҳои бо ин забон таълифнамудаи худро ҳадя карданд. Ва ман аз соли 2011 ба омӯхтани забони яғнобӣ шурӯъ намудам. Инак, муддати 9 сол мешавад, ки бо ин забон гуфтугӯ мекунам, матнҳоро ба забони тоҷикӣ тарҷума мекунам, бо ин забон шеър навиштааму суруд ҳам хондаам.

Ба ғайр аз ин, забони суғдиро ба зану фарзандон ва келинҳоям ҳам омӯзонидаам. Дар хона байни худ мо бо ин забон муошират карда метавонем. Муддати 9 сол аст, ки орзуи ба Яғноб рафтанро дорам ва ҳеҷ имконият намеёбам, ки ба он мавзеъ сафар намоям. Мехоҳам ба дараи зебоманзари Яғноб рафта бубинам, ки мардуми бумии он ҷо чӣ гуна гап мезананд, чӣ гуна ҳаёт ба сар мебаранд. Ҳамчунин, донистан мехоҳам, ки оё онҳо суханони мани забондони худомӯзро дуруст мефаҳмида бошанд?

Дар бораи дараи Яғноб, аҳолии он ва забони яғнобӣ (суғдӣ) назар ба соҳибзабонон, олимони хориҷӣ бештар тадқиқот бурдаанд. Масалан, мақолаҳои доир ба ин водӣ навиштаи Г. Кануса (олими немис). «Водии Яғноб ва  мардуми он» (маҷаллаи географии «Европа», 1883), М.С. Андреев, Материалҳо оид ба этнографияи Яғноб, А. Гуня, «Водии Яғноб – табиат ва имкониятҳои тараққиёти он» (2002), ба гуфтаҳои боло мисол шуда метавонанд. Ин амр бояд моро водор намояд, ки ба худшиносию худогоҳӣ бештар рӯ оварем. Дар вилояти калонтарини ҷумҳурӣ - Хатлон фақат дар деҳаҳои Чучу, Ғарав ва Сабзазори ноҳияи Ёвон мардуми суғдизабон зиндагӣ мекунанд. Мутаассифона, дар 24 шаҳру ноҳияи ин вилоят касе ин забонро намедонад ва оид ба он тасаввуроти дурусте ҳам надорад.

Аз оғози солҳои 70-уми асри гузашта ҳукуматдорони вақт мардуми суғдизабонро аз ҷойи салқини Яғноб ба мавзеи гарми Мирзочӯли ноҳияи Зафаробод маҷбуран муҳоҷир карда, муҳити онҳоро вайрон намуданд. Баъзеи онҳо муҳоҷиркунии маҷбуриро ҳис карда, ба ҳар тараф кӯч бастанд. Имрӯз мардуми суғдитабору суғдизабон дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Зафаробод, Айнӣ, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Варзоб ва Ёвон чун донаҳои аз ҳамел гусаста паҳну парешон шудаанд ва забони модарии худро сол то сол фаромӯш карда истодаанд. Фарзандони онҳо аллакай бо забони модарии худ сухан карда наметавонанд, ки ин оқибати хуб надорад.

Дараи Яғноб ҳамчун нишонае аз осорхонаи зиндаи давлати Суғдиён, яке аз мавзеъҳои тамошобобу омӯхтанӣ бояд бошад. Аз навиштаҳои мардуми Яғноб ва дигар ҳамзабононашон дар матбуоти даврӣ маълум мегардад, ки роҳбарони гузаштаву имрӯзаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба шароити зиндагии аҳолии суғдзабони дараи Яғноб аз пушти панҷа менигаристаанд.  Ҳоло ки ин забон аз байн нарафтаасту имкони ҳифзу густариши онро дорем, ҳарчи бештар барои ҳифз ва омӯхтану таҳқиқи он мутахассисонро ҷалб намоем. Аз давлатҳои дигари дунё хоҳишмандон барои омӯхтани забони суғдӣ (яғнобӣ) ба Тоҷикистон меоянду мо соҳибзабонон парвои омӯзиши ин забони аҷдодиро надорем.

Вақти он расидааст, ки ин масъала дар сатҳи давлатӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирад ва баҳри ҳифзу омӯзиши забони яғнобӣ ҳамагон бояд камари ҳиммат бандем.

Раҷабалӣ Худоёрзода,

номзади илмҳои филологӣ,

устоди ДДБ ба

номи Носири Хусрав


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш