Нашрияи Омӯзгор

Ифтитоҳи мактаби нав дар ноҳияи Данғара

Сана: 2018-06-06        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

1 июни соли 2018 дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 75 барои 1280 нафар дар ду бастро дар Ҷамоати деҳоти Корез мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бунёди мактаби мазкур дар доираи муносибатҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ шуда, натиҷаи ҳамкории судманди ду кишвари ҳамсоя мебошад.

Фармоишгар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “ТВЕА”- Ҷумҳурии мардумии Чин, пудратчӣ  Ҷамъияти дорои  масъулияти маҳдуди “Маҳмил-2012” ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меъморӣ ва шаҳрсозӣ” мебошад.

Маблағи умумии сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 75  13 миллиону 450 ҳазор сомонӣ буда, он дар майдони наздики 3 гектар бун-ёд шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин муассисаи таълимӣ соли 2015 оғоз гардида, соли 2018 ба анҷом расид.

Мактаби мазкур чорошёна буда, аз 35 синфхона, аз ҷумла, синфхонаҳои фаннӣ, утоқҳои корӣ, озмоишгоҳҳо, толори маҷлис бо 365 ҷой, толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ, ошхона бо 120 ҷой ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Дар синфхонаҳои мактаб 6 адад тахтаи электронӣ, 25 адад компютер, 10 мошинаи зардӯзӣ мавҷуд аст.

Ифтитоҳи мактаби нав ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдак рост омад. Сарвари давлат ба 30 хонандаи синфҳои ибтидоӣ туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

Зимни шиносоӣ аз шароити таълим дар ин муассисаи навбунёд Сарвари давлат ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.

Дар суҳбат бо хонандагон Пешвои миллат онҳоро ба хониши хубу аъло, омӯзиши ҳунар ва илмҳои замони муосир, азхудкунии забонҳои хориҷӣ ҳидоят карданд.

 

Prezident.tj

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш