Нашрияи Омӯзгор

Қонуни якуми Нютон чӣ мегӯяд?

Сана: 2020-05-28        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

Бо чунин савол аксар вақт муроҷиати хонандагонеро, ки ба омӯзиши физика машғуланд, шунидан мумкин аст. Ин нишони он аст, ки қисме аз хонандагон ва донишҷӯён, дар ҳақиқат, ба моҳияти қонуни якуми Нютон сарфаҳм намераванд, гарчанде ки таърифи ин қонунро аз ёд медонанд.

Сабаб дар чист? Шояд аксар вақт ба тавсифи миқдории ҳодисаҳо ва қонунҳои физикӣ эътибор дода, ба он мавзӯъҳое, ки баҳс ва фикрронии таҳлилиро талаб мекунанд, эътибори зарурӣ намедиҳем. Ё шояд дарки манзараи механикии олам аз тарафи қисме  аз  донишҷӯёну хонандагон кори саҳл нест?

Аз таърихи рушди илмҳои табиатшиносӣ медонем, ки ҳақиқатан муаммои ҳаракат яке аз муаммоҳои марказии натурфалсафа буд ва дар давоми қариб 2000  сол то асри 17-и милодӣ, то давраи Галилей шарҳи дурусти илмӣ нагирифта буд. Шояд ин  хосияти материя бо номи ҳаракат ҳанӯз ҳам аз тарафи бархе  аз хонандагон ба мушкилӣ дарк мешавад. Бе надонистани моҳияти ҳаракати механикӣ ва ҳалли масъалаи асосии механика, системаи сарҳисоб, ҳодисаи (принсипи) инертсия дарки моҳияти қонуни якуми Нютон мушкил аст. Дар китобҳои дарсии физика ин мавзӯъҳо маҳз бо ҳамин пайдарпайӣ омӯхта мешаванд. Бояд омӯзгор ҳангоми таълими ҳар як мавзӯъ боҷуръатона мисолҳои гуногунро аз ҳаёти хонандагон намуна оварда, онҳоро низ ба ингуна мисолҳои гуногун ва фикррониву баҳс водор намояд.

Қонуни якуми Нютон аз ёдрасшавии системаи сарҳисоб оғоз меёбад ва бояд омӯзгор моҳияти системаи сарҳисобро дар мисолҳои гуногун ба хонандагон фаҳмонида бошад. Бояд хонандагон барои мушоҳидаи ҳаракати механикӣ ва ҳалли масъалаи асосии механика, зарурияти системаи сарҳисобро дарк кунанд. Аз ҷумла, чунин мисолро овардан мумкин аст: «Тасаввур кунед, ки шумо дар биёбони кушоде истодаед, ки ягон дарахт ё иншоот нест.Агар дар дурӣ ягон нақлиётеро бинед, дар ҳаракат ё дар  ҳолати оромӣ будани онро  ба назар муайян кардан мумкин аст? Барои чӣ?» Барои ошкор шудани ҳаракат бояд ҷисми сарҳисоб мавҷуд бошад.Бояд сари вақт чунин саволи иловагӣ гузошт: «Барои чӣ маҳз дар дурӣ?» Мо бо сабаби мавҷудияти ҷисми сарҳисоб ҳаракатро ошкор намудем, вале барои ҳалли масъалаи асосии механика, яъне муайян намудани координатаи ҷисми ҳаракаткунанда дар лаҳзаи дилхоҳи вақт, ғайр аз ҷисми сарҳисоб боз чӣ лозим аст? Албатта, системаи координатаҳои ба ҷисми сарҳисоб алоқаманд, аз ҷумла, системаи координатаҳои Декартӣ ва ҳисоби вақти ибтидояш ба оғози ҳаракат мувофиқкардашуда. Ин хулосаҳоро бояд хонандагон худашон бо роҳи саволгузории омӯзгор ҳосил кунанд.Барои дарки мавзӯи принсипи инертсия низ аз ҳаёти хонандагон мисолҳо овардан мумкин аст. Хуб мебуд, ки баъди боз як маротиба такрор намудани ин мавзӯъҳо, баъд ба хонандагон моҳияти қонуни якуми Нютон омӯзонида мешуд. Бояд хонандагон ба пуррагӣ дарк намоянд, ки ҳолати оромӣ ё ҳаракати ростхаттаи мунтазами ҷисмҳо ин ҳолати табиии ҷисмҳо мебошад ва ҳолати оромӣ ё ҳаракати ростхатаи мунтазами ҷисмҳо худ ба худ рух медиҳад.Ва қонуни якуми Нютон, ки тасдиқи мавҷудияти системаҳои сарҳисоби инертсионалӣ мебошад, маҳз аз ҳамин хулоса бармеояд.

Баъди шиносоӣ ба қонуни якуми Нютон яке аз қонунҳои фундаменталии табиат принсипи нисбияти Галилей омӯхта мешавад, ки давоми мантиқии қонуни якуми Нютон мебошад. Хусусан, моҳияти нисбияти суръатро бо ёрии мисоли зайл фаҳмонидан мумкин аст: Тасаввур кунед, ки дар канори роҳ истодаед ва автомобиле бо суръати 50 км/соат мунтазам ва ростхатта аз назди шумо гузашт. Мушоҳидачии дуюм дар автомобили дигар, ки бо суръати 50 км/соат ростхатта ва мунтазам муқобили автомобили якум ҳаракат мекунад, албатта, суръати автомобилро ба 100 км/соат баробар меҳисобад. Ва мушоҳидачии сеюм, ки низ бо суръати 50 км/соат ба самти ҳаракати автомобили якум ростхатта ва мунтазам ҳаракат мекунад, суръати онро сифр меҳисобад.Ҷавоби кадоме дуруст аст? Баъди омӯзиши ин мавзӯъ омӯзиши фасли динамика сар мешавад, вале хуб мешуд, ки дар оянда барои омӯхтани назарияи хусусии нисбият дар ҳамин вақт замина гузошта мешуд.Бояд омӯзгор ба хонандагон фаҳмонад, ки дар ибтидои асри 20 аз тарафи олими машҳур  А. Эйнштейн принсипи нисбияти Галилей пурра карда шуд.Ва дар он банди нав илова карда шуд. Дар ин банд тасдиқ карда мешавад, ки суръати рӯшноӣ нисбат ба ҳама гуна системаҳои сарҳисоби инертсионалӣ доимӣ буда, дар вакуум ба 300 000 км/сония баробар аст. Албатта, дар оянда ҳангоми омӯзиши физика мо якҷоя ин мавзӯъро меомӯзем.Вале хонандагони шавқманд метавонанд, ки онро мустақилона аз бар кунанд ва албатта, дар ин кор омӯзгорон ба онҳо ёрӣ хоҳанд дод.

Мисолҳои овардашуда тавсиявӣ буда, мумкин аст, ки ба пуррагӣ моҳияти баъзе ҳодисаҳоро дар бар нагиранд.Вале ин набояд ҷаҳди боҷуръатона омӯзондани мавзӯъро аз тарафи омӯзгор, хусусан, омӯзгорони ҷавон, суст кунад.Таълими фанҳои дақиқ махсусияти худро доранд. Агар мо паҳлуҳои нави  ҳодисаҳои табиатро омӯзонида, дар  ниҳоди хонандагон ҳайрат ва таваҷҷуҳ бедор кунем, дилпур бошем, ки вазифаи таълимии худро дуруст ба роҳ мондаем.

 

 

Аҳмад Аҳмедов,

устоди коллеҷи омӯзгории 

ноҳияи Мастчоҳ                                                                                  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш