Нашрияи Омӯзгор

Сарчашмаи ҳаёт

Сана: 2020-05-28        Дида шуд: 784        Шарҳ: 0

 

Имрӯз дар дунё зиёда аз ду миллиард нафар ба мушкилии норасоии об печидаанд. Тибқи пешгӯии коршиносон, соли 2050 ин нишондиҳанда метавонад то панҷ миллиард нафар, яъне тақрибан ба нисфи аҳолии сайёра баробар гардад.

Об яке аз сарватҳои муҳими табиат буда, сарсабзиву шукуфоӣ ва пойдории дунё ба он вобаста аст.

Об барои инсоният ва умуман, барои тамоми мавҷудоти зинда яке аз омилҳои асосии ҳаёт ба шумор меравад. Аз се ду ҳиссаи заминро об ташкил медиҳад. Дар кураи замин манбаи асосии оби ширинро пиряхҳо ташкил медиҳанд. Обҳо тавассути дарёҳо ҷорӣ шуда, баҳрҳо ва уқёнусҳои азимро ба вуҷуд меоранд. Оби баҳрҳо талх ва шӯр буда, истифодабарии онҳо барои инсон номатлуб аст. Аз нокифоягии оби нӯшокӣ дар кураи замин ҳамасола одамон ба бемориҳои гуногун гирифтор шуда, ба ҳалокат мерасанд.

Хусусан, он далел нигаронкунанда аст, ки ҳамасола то сесад ҳазор нафар кӯдаки то панҷсола аз сабаби эҳтиёҷи шадид ба оби нӯшокӣ мефавтанд. Аз ин рӯ, эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки идомаи мантиқии Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» мебошад, барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард.

Бузургони мо дар бораи об ва тозагии он суханони мурҳикмате гуфтаанду таъкид бинмудаанд, ки ҳар ҷо об бошад, ободӣ ҳаст.

Ҳар як фарди башар бояд ба ин неъмати худодод шукрона намуда, онро аз ҳар гуна ифлосиҳо пок нигоҳ дорад. Ҳама файзу баракат аз об аст. Хушбахтона, Парвардигор дар Ватани мо ин неъмати бебаҳоро арзонӣ доштааст ва ин бешубҳа, бахту иқболи мост. Дар дунё аз ҳисоби захираи об дар ҷойи аввал Бразилия, дар ҷойи дуюм Россия ва дар ҷойи сеюм Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо меистад. Сарвати бузурги мо дарёҳоямон мебошанд.

Дарозии ҳар як дарёи дохилии Тоҷикистон беш аз 10 км буда, дар маҷмӯъ, беш аз 28500 км-ро ташкил медиҳад.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 1300 кӯл мавҷуд мебошанд, ки дар онҳо 46,3 км3 об, аз ҷумла, беш аз 20 км3 оби бенамак захира шудааст. Сатҳи обии кӯлҳо 1005 км3-ро ишғол мекунад, ки тақрибан 1%-и масоҳати ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи об ба ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодии минтақа низ нигаронида шудааст.

Кишвари мо омода аст, ки захираҳои бузурги оби нӯшокиамонро ба манфиати умум мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад.

Истифодаи оқилонаи танҳо захираҳои нодири кӯли баландкӯҳи Сарез, ки 17 км3-ро дар бар мегирад, имкони таъмини дарозмуддату устувори аҳолии минтақаи моро бо оби босифати нӯшокӣ ба миён меоварад.

 

Зубайдуллоҳ САФАРАЛИЕВ,

омӯзгори географияи мактаби

№70-и  ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш