Нашрияи Омӯзгор

Аз коронавирус (COVID-19) чӣ гуна худро муҳофизат кунем?

Сана: 2020-05-28        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

Дар соҳаи тиб маълум гардидааст, ки роҳҳои сироят аз вируси COVID-19 асосан тавассути «ҳавои нафаскашӣ ба амал омада, дар шахси сироятшуда ба монанди зукоми маъмулӣ мегузарад. Имконияти сироятшавӣ хеле баланд аст, хусусан, агар бемор ба шахси солим наздик шуда бошад.

Сулфидан ва нафаскашии ӯ бактерияҳоро дар масофаи хеле зиёд паҳн мекунад. Гаштугузори як шахси сироятшуда аз ин вирус дар ҷойҳои ҷамъиятӣ метавонад, дар 50% ҳолат ба сироятёбии одамони атроф сабабгор гардад. Муайян гардидааст, ки давраи инкубатсияи коронавирус дар одамон 7-14 рӯзро дар бар мегирад. Вирус метавонад ба пандемия табдил ёфта, мушкилоти глобалиро ба вуҷуд орад.

Сироят аз COVID-19 дар одамон мисли зукоми муқаррарӣ сар мешавад.  Ҳолатҳое, ки барои сироятёбӣ мусоидат мекунанд, инҳо буда метавонанд: ҳар гуна алоқаи бевосита ва наздик бо шахсони сироятшуда (бо даст салом кардан, ба оғӯш гирифтан, бӯса кардан, алоқаи ҷинсӣ ва ғ.); доду гирифти амволи шахсӣ (коғазҳои қиматнок, кордҳо, телефон, соатҳои дастӣ, калид либос ва ғ.); истифода аз зарфҳои дар ошхонаҳои ҷамъиятӣ мавҷудбуда ва хӯрокворӣ, инчунин, ҳамаи он ашёе, ки ба одамон дастрасанд.

Бояд қайд кард, ки танҳо духтурон метавонад дар натиҷаи тестгузаронии махсус мавҷудият ё набудани сирояти баданро муайян кунанд.

Дар ҳолати тасдиқӣ нишонаҳои ин беморӣ ба таври расмӣ барои муолиҷа дар беморхона ва барои эмин нигоҳ доштани наздикону пайвандон аз онҳо пурра худро дар фосила гирифтан зарур аст. Инчунин, ниқобҳо ва рӯймолҳои муҳофизатиро истифода бурдан зарур аст, то ба кормандони тиббӣ зарар нарасад. Дар вақти карантин ҳама тавсияҳои духтуронро иҷро ва дастурҳои онҳоро дақиқ риоя кардан ҳатмӣ мебошад. 

Доруе, ки метавонад коронавирусро дар организми инсон маҳв кунад, то ҳол ихтироъ карда нашудааст. Пешгирӣ аз ин беморӣ, пеш аз ҳама, риоя намудан ба гигиенаи шахсӣ ва инчунин, тавсияҳои зерин мебошад:

- Назорати қатъии санитарӣ дар хонавода ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ;

- Дар одамон аломатҳои бемории аз ҳар гуна шамолхӯриҳо ва зукомро хеле бодиққат санҷидан;

- Аз тарафи духтурон беморони гирифтори сироятҳои шадиди роҳи нафасро зери назорати махсус нигоҳ доштан, доимо ҳолати онҳо ва ҷараёни беморро дар ҷойҳои махсуси карантинӣ таҳлил намудан;

- Дар як муддати муайян дар муҳити ҷойи зист вақтро гузаронида, ҳама намуди фаъолиятро бо роҳи фосилавӣ анҷом додан;

- Дар ҷойҳои серодам имкони ворид нашудан, зеро чӣ қадар одамон дар як ҷой ҷамъ оянд, ҳамон қадар имконияти мавҷуд будани шахси сироятшуда бо COVID-19 дар байни онҳо зиёдтар мегардад;

- Кӯшиш намудан зарур аст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба ашё камтар даст расонида шавад, баъд аз бо дастон расидан, дастонро ба атрофи рӯй (даҳон, бинӣ ва чашм) расонидан мумкин нест, зеро тавассути ин ашёи истифодаи умум метавонад коронавирус аз як организм ба организми дигар гузарад. Дар даст будани дастпӯшҳо ба манфиати пешгирӣ аз COVID-19 аст. Дар ҳар маврид, пешгирӣ аз зуд-зуд шустани дастон ва ковокиҳои бинӣ барои тоза кардани луоб иборат аст, ки дар он патогенҳо зиёд мешаванд. Ҳангоми шустани дастон бояд аз собуни бактериявӣ истифода бурд.

- Ҳар як шахс дар баробари сачоқ, либос, ҷойи хоби алоҳида доштанаш онҳоро бояд тоза нигоҳ дорад, инчунин, он ашёе маҳдуд мебошад, ки яккарата ва муҳлаташон бояд сари вақт иваз карда шавад.

- Агар дар коллективи одамон ё ҷойҳои ҷамъиятӣ эҳтимолияти мавҷуд будани шахсони сироятшуда бошад, он гоҳ пӯшидани ниқоб ба шахсони солим низ зарур аст, аммо қоидаи пӯшидани он риоя шавад (дар ҳар ду соат иваз карда шавад). Ниқоб муҳофизати комилро таъмин карда наметавонад, аммо метавонад сурати гузариши вирусро аз як шахси сироятшуда ба шахси солим сусттар намояд ва инчунин, шахси солимро рӯҳан дилпур намояд, ки ӯ ниқоби муҳофизатӣ дорад.

- Ҳар шахсе, ки аз ҷойҳои ҷамъиятӣ ба ҷойи зист бармегардад, бояд либосҳояшро дар даромадгоҳи хона иваз карда, ҳатман бо роҳи шустан безарар гардонад. Ҳамаи ашёеро, ки бо худ ба хона медарорем (коғазҳои қиматнок, кордҳо, телефон, соатҳои дастӣ, гарданбанд, гӯшвор, калид, либос ва ғ.), бо маҳлули тиббӣ-антисептикии 70-90 % безарар гардонидан зарур аст. Пойафзолро аз дари хонаи зист надароварда, ба салафан-пакет андохта, ба ҷойи дастнорас мондан зарур.

- Мустаҳкамкунии умумии иммунисистема барои солим будан ба ҳар як шахс зарур аст. Ҳаракат кардан даркор, ки шахсон дар вақти мавҷуд будани хатари сироятёбии COVID-19 бо дигар бемориҳо рӯ ба рӯ нашаванд. Витаминҳои заруриро истеъмол карда, мувофиқи меъёр хоб рафтан зарур аст.

- Аз ҳама тавсияи муҳим: пеш аз ҳама, ба воҳима роҳ додан мумкин нест! Ҳама вақт воқеияти ҳолро тавре ҳаст, ҳамин хел қабул карда, оромона худро идора кардан ва ҳолати рӯҳиро муътадил нигоҳ доштан зарур аст.

Тавсияи намояндагони тиб чунин аст, ки дар вақти пайдо шудани шубҳа оид ба беморӣ шахс бояд ба марказҳои саломатӣ муроҷиат намоянд. Ҳаргиз барои табобати худсарона дорувории зеринро дар вақти сироятёбӣ бо COVID-19 бояд истеъмол накунанд: ибупрофен, аспирин, диклофенак ва ғ. Зеро онҳо ба авҷгирии беморӣ мусоидат карда метавонанд.

 

Наимҷон АБДУРАШИДОВ,

мудири шуъбаи педагогика,

психология ва методикаи таълими Пажӯҳишгоҳи рушди маориф  ба номи

Абдураҳмони Ҷомии АТТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш