Дар ин вохӯрии хотирмону муассир тамоми хонандагону омӯзгорони дабистон, гурӯҳе аз волидон, як даста меҳмонон ва ашхоси дигар ширкат доштанд. Ҳамагон ба қади болову чеҳраи шукуфо ва ҳаракатҳои зебои устоди суханвар ва хушгуҳар бо меҳру муҳаббат, бо самимияти зиёд менигаристанд. Устод болидарӯҳ буданду ба аҳли маҳфил ва ба атроф бо таваҷҷуҳи махсус назар медӯхтанд, табассум ҳеҷ дур аз лабонаш намешуд. Ҳар ҳарфу ҳиҷои шоирро ҷамъомадагон чун ташнагони шеъру сухан мешуниданду ҳаловат мебурданд ва аз сари шавқ зуд – зуд аз ҷой бархоста, кафкӯбӣ мекарданд. Мафтуни шеъри баланду дилписанд буданд ҳамагон ва такрор ба так-рор аз шоири маҳбуб самимона хоҳиш мекарданд, ки боз ҳам барояшон шеър хонанд, боз ва боз…
Садриддини мактабхон аз мушоҳидаи ин манзараи ҷаззоб, аз дарки маҳбубияти шоир ва аз эҳсоси муҳаббати бепоёни мардум ба шеъру офаридгори он ба ваҷд меомад ва дилаш саршор аз орзуву ҳавасҳо мешуд ва пайваста меандешид: чӣ кас аст шоир ва аз чӣ рӯст, ки ин қадар писандидаи халқ гашта, чӣ неруест шеър, ки то ба ин дараҷа дилҳоро мусаххар мекунаду одамонро мамнуну масрур месозад?! Ва Садриддин ноаён дил ба адабиёт, ба каломи бадеъ баст ва устоди маъруф Боқӣ Раҳимзода барояш тимсоли шеъру шоирӣ, рамзи меҳру муҳаббат ба адабиёт гашт…
Дар мактаби олӣ устод Садриддин Нурзода ба шарофати дарсҳои муҳтавоманду ҷолиби устодони номвар Холиқ Мирзозода, Абдулғанӣ Эшонҷонов, Муҳаммадӣ Исматуллоев, Юрий Бобоев, Мирзо Аҳмадов… ба ҷаҳони бавусъати илму адаб ворид гашт, аз асрори шеъру шоирӣ огаҳӣ пайдо кард, аз махсусиятҳои эҷодиёти аҳли адаб ва вижагиҳои ҳунарии эшон воқиф гардид. Дарёфт, ки арсаи адабиёт беҳудуд аст ва дар он ҳунарварони зиёде ба қадри истеъдод ва қудрату тавони хеш фаъолият доранд. Ҳар шоир дунёест дигар, дунёи маънавие, ки аз сайр дар он метавон таассуроти зиёде бардошт ва аз ин боб сухани фаровон гуфт. Аз мутолиаи пайвастаи адабиёти илмию адабӣ устод Нурзода дарёфт, ки қисме аз пажӯҳишгарон асосан пиромуни ҳаёт ва эҷодиёти эҷодкори алоҳидае ба таҳқиқу таълиф пардохта, тамоми умр ба ин услуби эҷоди хеш содиқ мондаанд. Чунончи, дар адабиёти рус пажӯҳишгароне ҳастанд, ки таҳқиқоти худро билкул ба эҷодиёти Пушкин ё Лермонтов, Толстой ё Достоевский бахшидаанд. Ин ҳолат ба амиқтару дақиқтар омӯхтани омолу осори адибон мусоидат карда.
Устод Садриддин Нурзода, чун аз аҳди мактабхониаш муҳаббат ба шахсияту эҷодиёти Боқӣ Раҳимзода пайдо карда буд, пас аз хатми мактаби олӣ, азбаски ҷодаи илму адабро пазируфта буд, азм бар он кард, ки перомуни осори ин шоири тавоно рисолаи илмӣ нависад. Ин азми ӯро устодони баруманди адабиёт Холиқ Мирзозода ва Юриий Бобоев самимона дастгирӣ карданд ва гуфтанд, ки «хуш интихобе кардаӣ, иродатманду устувор бош ва пеш аз ҳама, бо худи шоири маҳбуби миллат ҳамкорӣ намо».
Пас аз як муддати кӯтоҳи омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти устод Боқӣ Раҳимзода пажӯҳишгари ҷавон ба хулосае расид, ки осори шоир аз лиҳози фарогирифти мавзӯъҳо, мазмуну муҳтаво, ҳунари суханварӣ, жанру сабку услуб ва паҳлуҳои дигар бағоят бавусъат буда, омӯзишу баррасии онҳо саҳлу сода коре нест, вақт, таҳлилу баррасӣ, мулоҳизаву андешаи бардавом тақозо дорад. Ҳар қадар аз эҷодиёти устод бештар огаҳӣ пайдо бикунӣ, ҳамон қадар ба хулосае наздик меоӣ, ки ҳанӯз перомуни ашъори ӯ сухани ногуфта ва махсусиятҳои ифшонашуда зиёд аст. Бо ҳар мутолиаи батакрор нуктаи тозаеро пайдо намудаву ба хулосаву бардошти навине метавон расид. Муҳимтарин ҷанбаи ашъори устод Боқӣ Раҳимзода муҳаббат ба Ватан, садоқат ба халқу миллат ва тараннуми ишқу зебоист. Тамоми нигоштаҳои шоир самимиятборанд, саршор аз лутфу назокатанд, дар сатҳи баланди ҳунарвариянд. Онҳо аз дили шоир сар зада, ба дили мардум мерасанд, ҳамагонӣ ва сари забонҳо мешаванд. Тавассути шеър эҷодкори асил рози дили хешро ифшо мекунад. Ба халқи азизаш хизмат менамояд ва муроди дил ҳосил месозад. Ин нуктаро шоир дар муроҷиат ба шеър чун ба ҳамрозу дамсози худ чунин овардааст:
Эй нури чароғи
маҳфилам, шеър,
Созандаи ҳалли
мушкилам, шеър…
Дар олами орзую уммед
Ҳаст аз ту муроду
ҳосилам, шеър.
Устод Садриддин Нурзода ҷиддан ба таҳқиқи осори суханвари мумтоз Боқӣ Раҳимзода пардохта, мақола аз паи мақола, рисола аз паи рисола офарид ва тадриҷан ҳамчун яке аз муҳаққиқони варзидаи ҳаёт ва эҷодиёти ин шоири бузург эътироф гардид. Вақте ки бо номи «Саховати дилу сухан» китобаш перомуни махсусиятҳо ва ҷанбаҳои мактаби адабии устод Боқӣ Раҳимзода ба нашр расид, зуд хонандагони зиёде пайдо карду аз ҷониби аҳли адаб баҳои баланд дарёфт. Муҳаққиқ ва адабиётшиноси амиқназар дар ин китоби пурғунҷоиш, пеш ҳама, ба вижагиҳои ҳунари шеърофаринии шоири тавоно, ба ғановати офаридаҳои ӯ ва ба маҳбубитяти осораш дар байни мардум таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҳамзамон, зикр бинмуда буд, ки забони эҷодиёти устод Боқӣ Раҳимзода басо ҷозибадору равону самимист, шеъри шоир роҳ ба дилҳо ёфтааст, каломи ӯ маҳфилҳоро гарм мекунад, базмҳоро шукӯҳ меафзояд. Сурудаҳои муҳаббатрезу самимӣ ва ошиқонаву орифонаи ӯ, амсоли «Респуб-ликаи ман», «Дилороӣ, Душанбе», «Халқи бузургворам», «Муаллим», «Муштоқи Наврӯз», «Як табассум кун», «Сулҳ»… ба як ҷузъи ҳаёти ҳамарӯзаи мардуми кишвар табдил ёфтаанд.
Устод Садриддин Нурзода минбаъд низ дар ҷодаи пазируфтаи пажӯҳ-ишгариаш содиқ монда, оид ба ҳаёт ва эҷодиёти Боқӣ Раҳимзода боз чанд китоби дигар («Сухансаройи саховатпеша», «Ҳамқадами ҳаёт, ҳамнафаси халқ», «Очеркҳои мухтасари ҳаёт ва эҷодиёти Боқӣ Раҳимзода», «Остаётся в стихах и сердцах») ба нашр расонд, рисолаи илмӣ ҳимоя кард, номзади илми филология шуд. Дар солҳои минбаъда, гарчи мақолаҳои алоҳидае перомуни эҷодиёти чанде аз адибони муосири тоҷик навишта бошад ҳам, ҳамоно ба мавзӯи вижаи эҷодии хеш – пажӯҳишу баррасии ҳаёт ва осори Боқӣ Раҳизода содиқ монд.
Устод Садриддин Нурзода солиёни зиёдест, ки дар ДДОТ ба номи С.Айнӣ (худ хатмкардаи ҳамин боргоҳи илм аст) ба шогирдони факултаи филологияи тоҷик аз адабиёти муосир дарс мегӯяд. Устоди варзидаву писандида аст. Дар меҳвари машғулиятҳояш бо донишҷӯён тафсиру баррасии эҷодиёти Боқӣ Раҳимзода қарор дорад. Устод бар он назар аст, ки нигоштаҳои ин шоири забардаст дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи муҳаббат ба адабиёт, ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, зебоипарастӣ… нақши бориз мебозанд.
Барои устод Нурзода натанҳо эҷодиёт, балки шахсияти Боқӣ Раҳимзода низ мақбулу шоистаи омӯзишу пайравист. Чун шоири писандидааст устод шахсест, хеле хоксору хушрафтор ва самимию лутфпараст, аз зумраи онҳоест, ки мекӯшанд, то дилеро озор надиҳанду боиси озурдагии хотире нагарданд. Устод ҳарчанд ба синни мубораки ҳафтоду панҷ расидааст, хушо, ки ҳамоно неруманду боҳавсала ва пуркор мебошад, ба шогирдон дарс мегӯяд, мақолаҳо менависад, дар ҳамоишҳои илмию адабӣ суханрониҳо мекунад ва азми таҳияи китоби навашро дорад. Дар суҳбати устод кас худро дар олами рангину ширини адабиёт, дар ҳалқаи китобу ҳикмат дармеёбад ва мафтуни каломи бадеъ мегардад…
Таманнои онро дорем, ки устоди иродатманди ҷодаи адабиёт Сад-риддин Нурзода боз ҳам сиҳатманду пуркор бимонад ва ҳамеша ин байти азмбунёди шоири шаҳири миллат Боқӣ Раҳимзодаро, ки борҳо зимни суҳбатҳо ба сифати далелу тақвияти гуфтор ба дӯстон ёдовар шудааст, сари забон дошта бошад:
Дар роҳи ишқ то ба сари
қуллаи мурод
Собитқадам чу марди
вафодор меравам.
А. Муродӣ
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр