Ҷавонон дар таҳкими суботу оромӣ ва пешрафти давлат нақши калидӣ доранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ такя ба ҷавонон сиёсати худро амалӣ намуд. Таваҷҷуҳи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир бамаротиб нисбат ба ҷавонон боло рафт. Соли 2017 эълон гардидани Соли ҷавонон нишони баланди сиёсати ҷавонпарваронаи Роҳбари кишварро собит менамояд.
Ҷавонон дар баробари неруи фаъолу созанда, ҳамчунин, яке аз қишрҳои осебпазир низ маҳсуб меёбанд. Зеро онҳо дар роҳи ҷустуҷӯи моҳияту маънои зиндагӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва интихоби роҳу равиши зиндагӣ қарор доранд. Аз ҳамин лиҳоз, давлат бо мақсади таъмини амният ва рушди ҳаёти моддиву маънавии ҷавонон, ки ба чигунагии авзои ҷомеа иртиботи бевосита дорад, барномаҳои махсуси миёнамуҳлату дарозмуддат таҳия ва роҳандозӣ намуда истодааст.
Дар нахустин ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид карданд: “Аз баракати истиқлолияти давлатӣ имрӯз дидгоҳ ва ҷаҳонбинии ҷавонон ба куллӣ тағйир ёфта, сатҳи одобу маърифат ва муносибати онҳо ба зиндагӣ ва иштирокашон дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ бамаротиб беҳтар шудааст. Онҳо нисбат ба ҷавонони охири асри гузашта ба масъалаҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ назари ниҳоят фарох доранд. Баробари ин, ҷавонон дар раванди давлатсозӣ фаъолона иштирок карда, дуруст дарк менамоянд, ки ширкати фаъолона дар ин марҳалаи таърихӣ, пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад ва фардо худашон ин давлатро роҳбарӣ ва ободу зебо мегардонанд”.
Иштироки ҷавонон дар корҳои созандагӣ ва бунёди давлати навини миллӣ раванди мураккабу доманадор ва гуногунҷабҳа буда, он мақому саҳми ҷавононро дар рушди соҳаҳои илм, давлатдорӣ, варзиш, ободкорӣ ва ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ дар бар мегирад.
Дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат беш аз 87 фоизро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо бо хизмати шоёни хеш дар роҳи ҳифзи якпорчагии кишвар, суботу оромии дохилӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Ташаккул ва инкишофи сиёсати давлатии ҷавонон боиси ҷалб гардидани ҷавонон дар мансабҳои идоракунӣ дар мақомоти давлатӣ мегардад. Алҳол дар ҷумҳурӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ беш аз 44 фоизи хизматчиёнро ҷавонони то 35 - сола ташкил медиҳанд.
Шуҳрат САИДЗОДА,
раиси Шӯрои олимони
ҷавони вилояти Суғд
Иловакунӣ
Иловакунии фикр