Нашрияи Омӯзгор

Сипари боэътимоди давлат

Сана: 2020-05-28        Дида шуд: 846        Шарҳ: 0

 

Ҷамъияти кунунии мо ҳарчи бештар ба илму маданият, ба қувваи бунёдкорӣ, ба ҷавонони ҷӯяндаву созанда эҳтиёҷ дорад. Шароити имрӯзаи кишвар талаб менамояд, ки миёни наврасону ҷавонон истеъдодҳоро пайдо намуда, барои инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо замина муҳайё созем ва қувваи созандаи онҳоро баҳри фатҳи қуллаҳои нави илм, техника ва маданият равона созем.

Тибқи маълумоти оморӣ, имрӯз 18% аҳолии сайёра ҷавононанд. Дар Тоҷикистон бошад, шахсони синнашон то 30 сола 70%-ро ташкил медиҳад. Аз ин бармеояд, ки ояндаи  наздик  дар  идоракунии давлат мо на ба таври муназзам ва пай дар пай, балки имкони якбора ба насли ҷавон гузаштани онро дорем. Агар давлатӣ  мо аз назари иҷтимоӣ яке аз давлатҳои ҷавон маҳсуб гардад, пас мо таҳти мафҳуми “ҷомеа” бояд ногузир ҷавононро дар назар дошта бошем ва қабл аз ҳама, “мушкилоти ҷавонон”- ро ҳамчун мушкилоти тамоми ҷомеаи  Тоҷикистон арзёбӣ намоем.

Дар яке аз суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо ҷавонони лаёқатманди кишвар омадааст: “Мо бояд сиёсати давлатии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ гузорем, зеро иштироки ҷавонон дар раванди бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон мақоми ҳалкунанда дошта, тақдири ниҳоии раванди мазкур аз бисёр ҷиҳатҳо ба ин қувваи бузург сахт алоқаманд аст”.

Ба маврид аст, бигӯем, ки Ватанро дӯст доштану аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, аз ҷумлаи арзишҳое мебошад, ки туфайли тарбияи ҷавонон дар заминаи онҳо воқеан ҳам метавон давлати муқтадиру тавоно бунёд кард. Мо, ҷавонон, кӯшиш ба харҷ диҳем, ки Ватани азизамонро бо донишу ҷаҳонбинии васеъ, аз худ намудани  донишҳои  замонавӣ дар арсаи  ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем.

Аловуддин АМИРЗОДА,

мудири бахши кор бо ҷавонони

дастгоҳи раёсати кор бо ҷавонон

ва варзиши вилояти Хатлон,

Ҷомӣ КАМОЛИДДИНЗОДА,

мудири шуъбаи таблиғот,

иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ

дар ноҳияи Данғара


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш