Нашрияи Омӯзгор

Нон бувад чун ҷони одам

Сана: 2020-06-04        Дида шуд: 825        Шарҳ: 0

 

Эҷодиёти шоир Ҷумъа Қувват дар назми муосир бо вежагиҳои махсус умри пурбаракаташро ҳусни маънӣ бахшида, чатри зебои шеъри ӯ аз ҳар хонанда таваҷҷуҳ мекашад. Айёми наврасӣ болои пуштаҳои сабзу махмалгуни канори деҳаи хушманзари Дегаӣ бо ҳамсолонаш бозида, гоҳи дигар барбари талу пуштаҳо дар ҳавои суруди “Ман доғ”-и гандумдаравҳо хӯша чида, аз “Майдаё”-хонии мӯсафедони хирманкӯб илҳом гирифта, бо шамими атрогини гулу майсаҳои кӯҳистон касби камол намудааст.

Солҳои 80-уми асри рафта бо иқдоми роҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили “Адибони ҷавон” тариқи Шабакаи якуми “Телевизиони Тоҷикистон” мустақиман пахш мегашт. Садри маҳфил шоири ширинсухан ва базлагӯ Боқӣ Раҳимзода буд. Дар миёни навқаламон чакидаҳои хомаи Ҷумъаи ҷӯянда низ муҳокима мешуд. Мегӯянд, ҳар навбат устод Мирзо Турсунзода аз аввал то охири маҳфилро наззора бурда, бо шунидани як мисраъ ё як шеъри тоза меболидааст. Ҳамон шомгоҳӣ аз телевизор ироаи шеъри “Нони гандум” аз ҷониби муаллифи ҷавон эътибори устодро ба худ кашиду ба дафтари хотира исми Ҷумъа Қувватро сабт намуд. Ҳамин тавр, шоир Ҷумъа Қувват бо шеъри “Нони гандум” ба майдони адабиёти муосир омад. Яъне шинохти истеъдоди навруста бозёфти устод Турсунзода буд.

Батадриҷ ашъори зиёди шоир ва чанд китобаш ба нашр расиданд.

Силсилашеърҳои “Ваҳдат, эй мардум, ки вақти ваҳдат аст” дар шакли маҷмӯаи алоҳида бо номи “Ваҳдатистон” (Душанбе, “Адиб”, 2010) аз чоп баромад. Муаллиф ҳароина ҷангро маҳкум намуда, аз тантанаи сулҳ меболад. Шеъри “Қаҳрамони Ваҳдат аст” ба ҷоннисориҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон бахшида шудааст. Барои намуна:

Шукри Ҳақ, шаҳбози дил дар ошёни

Ваҳдат аст,

Раҳбари мо раҳнамое бар ҷаҳони

Ваҳдат аст.

Ҷумла олам дар раҳи Ваҳдат агар

чун тан бувад,

Тоҷикистон, то ҷаҳон боқист, ҷони

Ваҳдат аст.

Аксари шеърҳои ба мавзӯи ваҳдат бахшидаи Ҷумъа Қувват аз ҷониби устодони санъати тоҷик Одина Ҳошим, Ҷӯрабек Мурод, Нигина Рауфова, Миралӣ Достиев, Ҳаётой Муминова, Луҳира Муминова ва дигарон дар оҳангҳои марғуб сароида шудаанд. Ин далолат бар он аст, ки қаламкаши варзида кайҳо боз ҳамчун шоири халқ эътироф гашта, дар адабиёти муосир ҷойгоҳи муносиб пайдо кардааст. Вале ҳанӯз аз комгориҳои эҷодияш қаноатманд набуда, пайи таълифи ашъори тоза хома меронад.

     Ашъори шоир ҷанбаи миллӣ касб намуда, мутолиагарро ба дӯст доштани ҳар пора хоки Ватан, пос доштани азизони дил, нобиғаҳои адабиёт даъват мекунад. Шеъри “Ёди садри шоирон ояд ҳаме” ин нуктаро собит месозад.

Шоир аз фарзандони фарзонаи миллат ёд оварда, дар бедорӣ ва ташаккули миллати тоҷик нақши устод Садриддин Айнӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров ва Нусратулло Махсумро густарда мешуморад. “Фирдавсикалом”-и ӯ маҳз ба ин нукта ишора мекунад:

Миллатам дорад ҳазорон эҳтиром,

Бо чунин фарзанди фирдавсикалом.

Муъмин Қаноат, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷоизаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар аввалсухани китоби “Ҳамсанги гавҳар” (Душанбе, 2005)-и шоир нигошта буд: “Нону об асоси зиндагии башаранд. Ҷумъа Қувват дар ҷавонӣ ба ситоиши нон пардохта, муваффақият ба даст оварда буд. Инак, ӯ дар даврони камолоти эҷодӣ ба мавзӯи ситоиши об рӯ овардааст.”

“Достони об” аз таърихи Дарбанди бостон ҳикоят мекунад. Аз харобаҳои ин шаҳр қубурҳои сафолини обгузарро пайдо карданд. Оре, ниёкони мо дар аҳди бостон ба тозагии об таваҷҷуҳ доштаанд...

Дар ҳошияи ашъори Ҷумъа Қувват олимону адабиётшиносони маъруфи кишвар изҳори ақида кардаанд. Минҷумла, Атахон Сайфуллоев ба таҳлили маҷмӯаҳои ӯ пардохта, ҳусну қубҳи эҷодиёти шоирро бозгӯ намудааст: ”... самимияти комил, садоқати дӯстию бародарӣ, ситоиши заҳматкашон(а)е, ки неъматҳои моддӣ ва  маънавӣ меофаранд, васфи Ватан ва якпорчагии он, Ваҳдати миллӣ, ишқу муҳаббат, ҷавонию шуҷоат ва дигар мавзӯъҳои ҳаётан муҳим аз ҷумлаи беҳтарин хусусиятҳои офаридаҳои Ҷумъа Қувватанд.“ 

Ман он фарди ҷаҳонбинам, ки ҳар

дарди ниҳон бинам,

Ва чашмам аз ғами ҳар беғами ин

даҳр  нам гардад.

       Муддатест, ки мардумони олам аз вабои коронавирус ҳазор-ҳазор фавтида, башариятро ғаму ғусса фаро гирифтааст. Шоир аз талафи бани Одам ҳамвора ранҷ кашида, решаи онро дар истилову тохтутоз, ҷангу ҷидол ва қатли ом дармеоварад. Аз ин равзана ба ҳамҷинсони хеш муроҷиат мекунад:

Дар мулки сафо софии дарёра

бигирем,

Аз накҳати гул лаззати дунёра

бигирем.

Созед раҳо, аҳли замин, каштали

ҳамро,

То каштали вируси курунора бигирем.

Хидматҳои шоир дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди адабиёти тоҷик аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ бо ордени “Шараф”, медали “Хизмати шоиста” ва медали тиллои Кумитаи Сулҳ арҷгузорӣ гардидааст.

Ба ифтихори 70-умин солгарди умр шоири маъруфи тоҷик, устод Ҷумъа Қувватро самимона шодбош гуфта, ба эшон тандурустӣ, комёбиҳои навин дар арсаи адабиёт таманно дорем.

Сипеҳр Абӯабдуллоҳи

ҲАСАНЗОД,

 адиб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш