Нашрияи Омӯзгор

Достони муассиру дилписанд

Сана: 2020-06-04        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

Достон дар олами назм чун роман дар наср аз шаклҳои шеърии монументалӣ ба шумор меравад ва шоир имкониятҳои васеъ дорад, ки дар он ғалаёни дили пуртуғёнашро аз таассуроти зиндагӣ ҳаматарафа инъикос кунад, нуқтаи назарашро доир ба ҳаёт, муборизаҳои пуршиддати мухталиф ифода намояд ва муҳокимаҳои амиқ ронад.

Воситаҳои баён ва тасвироти бадеӣ дар достон, мулоҳизаву муҳокимаҳои қонунияти зиндагӣ, руҷӯъҳои лирикӣ ва изҳори ақидаву андеша доир ба паҳлуҳои рангоранги ҳаёт ба офаридани образҳои мукаммали қаҳрамонон ва тасвири рӯҳияи мураккаби инсон мадади калон мерасонад.

Б.Раҳимзода ҳамчун вориси анъанаҳои беҳтарини адабиёти халқиву хаттии гузашта аз таҷрибаи бойи достонсароёни рус ва халқҳои ИҶШС низ баҳравар шуда, дар ин самт хеле навпардозиҳо кардааст. Достонгӯӣ барои ин шоири тавоно як зинаи болоравӣ аз ашъори лирикӣ ва эпикӣ ба шумор меравад. Такопӯи шоир дар ин самт самараҳои хуб оварда, ӯро ҳамрадифи сухансанҷони номвари тоҷик гардонидаанд.

Достони “Қиссаи кӯҳсор” яке аз муваффақиятҳои зубдаи эҷодиёти Б.Раҳимзода дониста шуда, дар қатори достонҳои намоёни адабиёти тоҷик мавқеъ ишғол кардааст.

Ба эҷодиёти даҳонии халқ муроҷиат кардани Б.Раҳимзода сабабҳои бисёре дорад. Дар достонҳои фолклорӣ ҳисси баландӣ одамӣ ҳамеша бо эҳсосоти балвою исён вобаста мебошад. Ба қавли Н.Г.Чернишевский, назми халқӣ “доимо аз мазмуни тару тоза, ҳақиқатан шоиронаи пурғайрат саршор аст. Вай ҳамеша бикр ва баландпарвоз.., пок ва соҳиби ҳамаи иқдомҳои ҳусниёт аст, ки насиби инсони тараққиёбанда мебошад, вай аз они ҳамаи халқ аст”... “вай дорои... соддагӣ, самимият ва нафаси солими ахлоқист”.

Б.Раҳимзода чандин шеъру достонашро бо истифода аз қиссаю афсонаҳо ва ҳикмату эпоси халқӣ иншо кардааст. Қиммати достони “Қиссаи кӯҳсор”, қабл аз ҳама, дар он аст, ки вай ба ривояти халқии бадахшонӣ асос ёфта, пойдевори сужеташро фолклори тоҷикони Помир ташкил кардааст. Ба ин маънӣ, Б.Раҳимзода аз роҳи пайравӣ ба М.Миршакар анъанаҳои достонсароии ӯро идомаю инкишоф додааст. “Қишлоқи тиллоӣ”-и Миршакар аз эътирозу таарруз саршор бошад ҳам, бештар ҳолати азияту афсурдагӣ ва сарсонию ҳайронии одами одии меҳнатро ба қалам оварда, бахту саодати қаҳрамони асосии асарро ба замони Шӯравӣ ҷӯр кардааст. Дар “Қиссаи кӯҳсор” задухӯрди тезутунди ситамкашон бар зидди ситамгарон дар маркази диққат гузошта, монеаҳои роҳи ишқу муҳаббати озоди қаҳрамонони асар ҳамчун василаи адабӣ истифода шудааст.

Б.Раҳимзода ҳатто дар хусуси замону тарзи офарида шудани достони мазкур ба М.Миршакар пайравӣ карда, гуфтааст: “Ман боре дар кишвари Бадахшон меҳмон шуда будам. Дар як маърака ин қиссаро шунидам. Ҳозирони ин ҷамъомад аз ман хоҳиш намуданд, ки дар асоси ҳамин қисса ягон чизе нависам. Хоҳиши онҳоро қабул намудам.Чун вақт даст дод ва илҳом боло гирифт, ба навиштани достони “Қиссаи кӯҳсор” шурӯъ намудам”.

Достон аз дебочаю муқаддима ва се боб иборат аст. Дар дебоча шукӯҳу шаҳомати пурасрори кӯҳҳои осмонбӯси Помир, ҳусну латофати манзараҳои табиати он ва обу ҳавои дилкушои Помир бо кайфияти баланди бадеӣ тасвир ёфтааст. Завқи баланди бадеии шоир дар тасвири ишқи поки инсонӣ, фош намудани қабоҳати замони феодалӣ ва нишон додани ҳаёти пурмашаққати мардуми кӯҳистон ва муборизаи он бар зидди ҳокимону амалдорон хеле фаъолона зоҳир гардидааст. Ин чиз бедарак нест. Оҳангу мавзӯи анъанавии эпоси халқӣ ҳаминро тақозо мекунад.

“Мавзӯи ҳимояи ватан аз тарафи паҳлавон ё барои ба даст овардани арӯсшавандаи худ корномаҳои баҳодурона нишон додани ӯ ва монанди инҳо” воқеаҳои типианд, ки чун ҳақиқати ҳаёти ҷамъиятӣ дар шуури халқ ҷо гирифтаанд. Дар қисми мадхали достони “Қиссаи кӯҳсор” ин қонунияти эпоси халқӣ риоя шуда, ба мазмуну мундариҷаи ҳаёти имрӯзаи халқи Помир пайваста ба қалам омадааст.

Яке аз хусусиятҳои достонҳои халқӣ ба забони ҳол овардани қувваҳои табиат ва ба ёрии халқ ҳамеша омода будани онҳост. Б.Раҳимзода дар достонаш ба санъати ташхис рангубори тоза бахшида, онро хеле моҳирона ва дар мавридаш кор фармудааст. Муболиғаи оид ба кӯчидани кӯҳ дар достон мисли он ки дар афсонаю қиссаҳои халқӣ дида мешавад, ҳаргиз тасодуфӣ нест. Таъсирбахшии асар аз он афзудааст, ки тамоми ҷисмҳои табиат кӯҳу ҳомун ва осмону замин низ ба тарафдории адолат бархоста, ба мадади ҷӯяндагони ҳақиқат мерасанд. Шоир бо ин санъати ба халқ наздик ва фаҳмо ба ривояти халқӣ рӯҳу ҷон бахшида, нишон додааст, ки агар аз чунин ҷисмҳои зинда монанди ҳокиму амалдорони ӯ ба манфиати халқи меҳнаткаш садое наояд, ҷисмҳои табиат доимо ҳамдаму ҳамнафаси одами меҳнатианд.

Қаҳрамонони достони халқии “Қиссаи кӯҳсор” бедарак Ҳайдару Ҳаётбону ном нагирифтаанд. Худи ин номҳои рамзии Ҳайдар (шер ё шери жаён), “Наъраҳои Ҳайдарӣ”, ки кӯҳу дараро ба ларза меорад ва Ҳаётбону мафҳуми фалсафӣ ва қаҳрамонии асарро пешакӣ муайян мекунанд. Таҷассуми ишқи поки инсонӣ, мубориза дар роҳи озодию ободии халқу Ватан маҳз дар ҳамин образҳои Ҳайдар, Ҳаётбону ва Шоҳнаврӯз ҷамъбаст гардидааст.

Марги қаҳрамонони мусбат Ҳайдар ва Ҳаётбону аз фоҷиа дарак диҳад ҳам, ин фоҷиаи оптимистона аст, ки умеди озодиро фурӯзон менамояд. Дӯстон ва ҳамкорони Ҳайдар ва Ҳаётбону муборизаи ононро давом дода, аз мир қасос мегиранд. Сеҳри қалами Б.Раҳимзода аст, ки Ҳайдари интиқомҷӯй аз яккадастӣ то ба дараҷаҳои роҳбарии ҳаракати халқӣ расида, чун муттаҳидкунанда ва саркардаи омма наҷоткори далеру нотарс ва дар роҳи ишқи поки инсонӣ вафодор акс ёфтааст.

Образи Ҳайдар бо маҳорати баланди бадеӣ офарида шудааст. Шоир кӯшиш намудааст, ки забон ва дигар воситаҳои тасвири бадеиро барои равшантар намудани моҳияти иҷтимоию сиёсӣ ва психологияи образи қаҳрамонон ба кор барад. Гарчанд Ҳайдар бемаҳал ҳалок шуда бошад ҳам, рӯҳи поки озодихоҳи ӯ ба халқи меҳнаткаш дар мубориза бар зидди золимон қувваю ғайрат мебахшад, мардум далерию мардонагӣ, озодидӯстӣ, душманбадбиниро аз ӯ меомӯзанд. Чунин аст сабақе, ки аз ин достон гирифтан мумкин аст. Шахсе, ки барои бахту саодати умум шаҳид шудааст, аз хотирҳо ҳаргиз фаромӯш намешавад.

Садриддин НУРЗОДА,

номзади илмҳои

филология 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш