Устод Файзалӣ Оймаҳмадов дар сафи омӯзгорони беҳтарини мактаби №34 –и шаҳри Душанбе ҷой дорад. Ӯ дар пойтахт аз аввалин омӯзгоронест, ки низоми салоҳиятнокиро дар раванди таълим татбиқ намудаанд. Таҷрибаи ғании ин устоди мумтоз мавриди омӯзиши хосаи масъулини шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарор дода шудаву байни дигар омӯзгорон паҳн гардидааст. Устод аз пешаи худ, аз ҳамкорону шогирдонаш мефахрад ва заминаи шукуфоии ҷомеаро дар рушди маориф мебинад. Ҳар қадар ба соҳаи маориф таваҷҷуҳ зоҳир шавад, ҳамон қадар кишвар пешрав хоҳад буд.
Ин устоди номвар 17-уми марти соли 1970 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Ӯ ҳар гоҳ ёдовар мешавад: “Аз хурдӣ орзуи омӯзгор шуданро доштам, ба хулосаи қатъӣ расида будам, ки дар оянда маҳз тавассути таълиму тарбияи насли наврас ба халқу Ватани азизам хизмати софдилона намоям.” Бо ин ҳадафи неку устод баъди хатми мактаби миёна, соли 1987 ҳуҷҷатҳояшро ба омӯзишгоҳи педагогии ноҳияи Ҳисор супорида, пас аз се соли таҳсил фаъолияти омӯзгориашро дар мактаби деҳа оғоз мекунад. Вале ба ин сатҳи таҳсилоташ қаноат накарда, барои мукаммал намудани дониш ва маҳорату малакаи худ соли 1992 ба факултаи методикаи таълим дар синфҳои ибтидоии ДДОТ ба номи С.Айнӣ дохил гардида, онро соли 1997 бо муваффақият хатм кард. Аз ин пас фаъолияташро дар яке аз таълимгоҳҳои бонуфузи пойтахт гимназияи №53-и шаҳри Душанбе давом дод. Дар муассисаи мазкур солҳои 1997-2006, аввал ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, сипас, ҳамчун ҷонишини директор фаъолият намуд. Аз соли 2006 то инҷониб дар мактаби №34-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ кор мекунад. Дар тӯли фаъолияти чандинсолааш борҳо сазовори ифтихорномаву сипосномаҳо гардидааст.
Устод Ф.Оймаҳмадов омӯзгори хушсалиқа, пурмасъулият, ботамкин ва аз ҳама муҳимаш, эҷодкору навовар буда, тамоми ҳастии худро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидааст ва дар байни аҳли мактаб ва волидон аз эҳтироми хосса бархурдор мебошад. Дарсҳояшро мувофиқи талаботи замон, ҳамбаста ба воқеияти рӯз ба роҳ мемонаду аз усулҳои пурсамари таълиму тарбия ба таври васеъ истифода мекунад, қимати вақтро медонад ва ҳар лаҳзаи машғулиятҳояшро бо шогирдон пурсамар мегузаронад. Дар ҷараёни дарси ӯ хонандагон озоданд дар онҳо ягон зарра ҳаросу сохтакорӣ мушоҳида намешавад. Устод бо кӯдакон бисёр эҳтиёткорона муносибат менамояд, психологияи онҳоро хуб медонад ва мекӯшад, ки ҳар як шогирдашро ҳарчи бештар биомӯзад. Шогирдонаш ҳама хушахлоқу боинтизоманд ва бо майлу хоҳиши зиёд ба мактаб меоянд ва муҳимтар аз ҳама, устоди худро самимона дӯст медоранд, эҳтиром мекунанд. Устод бо кӯдаконе, ки бо сабабҳои гуногун дар ҷараёни таълим ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд, пайваста дарсҳои иловагӣ ташкил карда, дар якҷоягӣ бо волидон аз пайи инкишофи ҳамаҷонибаи тафаккури онҳо мегардад. Ин ҳикмати писандидаи устод аст:
“Агар хоҳӣ, ки кӯдак туро бифаҳмад, дар доираи сатҳи фаҳмиши ӯ муносибат намо!”.
Ба устоди арҷманд идомаи бобарори фаъолият ва комёбиҳои навин дар таълиму тарбияи насли наврас таманно дорем.
Маҳкамбой Ҳамдамов,
омӯзгори мактаби №34-и
ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр