Хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 55 мебошад. Соли 1983 ба шуъбаи механизатсияи хоҷагии қишлоқи Техникуми гидромелиоратсияи ноҳияи Зафаробод дохил шуда, пас аз анҷоми таҳсил фаъолияти меҳнатиашро дар комбинати муассисаҳои истеҳсолии шаҳри Қайроққум (ҳоло Гулистон) ба ҳайси сардори шуъбаи таъминоти моддию техникӣ оғоз мекунад. Дар лаҳзаҳои фориғ аз кор таҳти роҳбарии ҳамдеҳааш Алиҷон Урунбоев, ки яке аз паҳлавонони номӣ дар миқёси ноҳияю вилоят ба шумор мерафт, ба гӯштингирӣ шуғл меварзад. Алиҷон-паҳлавон ба Толибҷон ҳамеша таъкид мекард, ки ҳангоми қувваозмоӣ ба иштибоҳ роҳ надиҳад, бе саросемагӣ гӯштин гираду ҳарифашро озод бардошта, бо тахтапушт ба замин хобонад. Дар чунин ҳолат, албатта, ғалаба насиби ӯ хоҳад шуд. Толибҷон аз рӯи гуфтаҳои устодаш амал карда, маҳораташро рӯз ба рӯз сайқал медод ва муваффақ ҳам мешуд. Мардум ӯро Толибҷон-паҳлавон ном мебурдагӣ шуданд.
Толибҷон Ҳасанов дар давоми ин солҳо дар бисёр мусобиқаҳои ноҳиявию вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ иштирок намуда, ғолиб омадааст. Аз ҷумла, дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ оид ба гӯштини камарбандӣ, ки дар шаҳрҳои Тирмиз, Уфа ва Тошканд баргузор шуданд, дар дараҷаи вазни зиёда аз 100 кило қувваозмоӣ карда, соҳиби медалҳои нуқраю биринҷӣ гаштааст. Дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳурӣ, се маротиба ба зинаи якуми фахрӣ баромада, шарафи варзиши вилояти Суғдро бо сари баланд ҳифз намудааст.
Алҳол Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибҷон Ҳасанов мураббии бахши гӯштини камарбандии мактаби варзишии бачагону наврасони рақами 1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад. Бахши гӯштини камарбандӣ асосан, дар толори варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7 фаъолият бурда, дар атрофи худ беш аз 20 нафар дӯстдори ии намуди варзишро муттаҳид кардааст. Машқҳо ҳафтае панҷ маротиба гузаронида шуда, дар онҳо бештар ба усулҳои гуногуни гӯштингирӣ эътибор дода мешавад. Тайёрии ҷисмонии гӯштингирон низ аз мадди назар дур намемонад, то ки онҳо дар мусобиқаҳо тамоми қувваю маҳораташонро истифода баранд.
Толибҷон Ҳасанов аз он ифтихор дорад, ки шогирдонаш Шаҳзод Абдуғаниев, Абдувалӣ Очилов, Аҳмадҷон Аҳмадов, Дониёр Худоёров, Ёрбек Рус-тамов, Аҳлиддин Темиров дар мусобиқаҳои кушоди шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оид ба гӯштини камарбандӣ иштирок намуда, дар дараҷаи вазнҳои худ соҳиби номи чемпионӣ гаштаанд.
Аз ин бармеояд, ки заҳматҳои Толибҷон Ҳасанов зоеъ нарафтаанду нахоҳанд рафт. Худи ӯ ки дирӯз шогирд буду имрӯз устоди паҳлавонони номист, мекӯшад, ки шогирдонаш дар мусобиқаҳо соҳиби ҷойҳои фахрӣ шуда, муаррифгари миллат бошанд.
Толибҷон Ҳасанов баробари гӯштингиру мураббии соҳибтаҷриба будан, марди саховатпеша аст. Чанде қабл бо ибтикори мактаби варзишии бачагону наврасони рақами 1 мусобиқаи кушод оид ба гӯштини байни ҷавонон ва калонсолон баргузор гардид, ки сарпарастии ин чорабиниро Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибҷон Ҳасанов ба зимма гирифта буд. Ғолибони мусобиқа, ки асосан, аз шаҳру ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ, Шаҳристон, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Лайлаки вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон буданд, бо туҳфаҳои арзишманди таъсисдодаи Толибҷон Ҳасанов сарфароз гаштанд.
Дирӯз аснои суҳбат Толибҷон Ҳасанов изҳор намуд, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст: «Мо бояд ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем». Ин нуктаи Паём мо, мураббиёнро водор менамояд, ки бобати ҷалби бештари мардум ба варзиш, тайёр намудани варзишгароии болаёқат рисолати хешро бо масъулияти дучанд иҷро намоем, - мегӯяд Толибҷон Ҳасанов.
Дар ин ҷода барояш барор мехоҳем.
Маҳмудҷон Ҳусейнзода,
Узви Иттифоқи
журналистони Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр