Нашрияи Омӯзгор

Бепарво набошем

Сана: 2020-06-04        Дида шуд: 774        Шарҳ: 0

 

Зиёд гардидани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ дар ҷумҳурӣ мушкиливу проблемаҳоро низ ба бор меорад, ки тибқи талаботи меъёру қонуниятҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард аз ронандагон ва одамон, ҳусусан, насли наврас масъулияти баландро тақозо мекунад. Мутаассифона, на ҳама ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намуда, ҳаёти худро зери хатар мегузоранд. Ҳодисаҳои нохуши рухдода, ки ҳам бо айби ронандагон ва ҳам пиёдагардон ба амал омадааст, бозгӯйи он аст, ки дар аксар ҳолат насли наврас – хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба ин масъала бепарвоӣ зоҳир мекунанд. Сабаби асосии ин ҳолат маълумоти кофӣ надоштани мактабиён дар бораи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ба шумор меравад. Чунонки маълум аст, бар асари бепарвоию бемасъулиятӣ, дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ одамони зиёде ҷароҳатҳои вазнин бардошта, иддаи дигар ба ҳалокат мерасанд, ки дар байни онҳо хонандагони таълимгоҳҳо ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо ба назар мерасанд. Тибқи маълумоти коршиносон, аз ҳисоби умумии ҷароҳатбардоштагон 20-25 фоизи онҳо маҷрӯҳи якумра мегарданд. Аз маълумоти оморӣ бармеояд, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дар роҳҳои нақлиётии пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе аз ҷониби раёсати бозрасии давлатии ҷумҳурӣ 1041 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин қонунвайронкуниҳо дар аксар ҳолат аз тарафи кӯдакону наврасон рух додааст. Дар соли 2019 дар ҷумҳурӣ 581 садамаи воситаҳои нақлиёти навъи 2 «Б» -и автомобилӣ содир шудааст, ки дар натиҷа 202 нафар ҳалок ва 551 кас ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Аксар вақт пиёдагардон (бо шумули наврасон) ба аломатҳои роҳҳо таваҷҷуҳ намекунанд. Ҳатто падару модарони онҳо ҳангоми ҳамроҳи фарзандон роҳро убур кардан ба ин масъала бепарвоӣ зоҳир намуда, боиси рух додани фалокату фоҷиаҳо мегарданд. Ҳамчун омӯзгор пешниҳод менамоем, ки дар муассисаҳои томактабӣ дар масъалаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо, аломатҳои танзимкунунда ва ғайра машғулият ба таври бозиҳои шавқовар гузаронида шавад. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бошад, ба омӯзиши аломати роҳҳо ва қоидаҳои ҳаракат соатҳои иловагӣ ҷудо карда шавад. Дар мактабҳо синфхонаи махсус ҷиҳати омӯзиши фанни «Қоидаҳои ҳаракати роҳ» ташкил карда шуда, он бо тамоми асбобу васоити зарурӣ ва расму овезаҳо таҷҳизонида шавад.

Иззатшо ДАВЛЯТОВ,

омӯзгори коллеҷи

техникии  шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш