Нашрияи Омӯзгор

Олами кӯдакӣ рангин ва пур аз зебоист

Сана: 2020-06-04        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

 

Бар асари он ки ҳамасола дар олам ҳуқуқи теъдоди зиёди кӯдакон поймол мегардид, Созмони Милали Муттаҳид соли 1989 Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдакро ҳамчун санади муҳими байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон қабул намуд ва он аз 2 сентябри соли 1990 ба ҳукми амал даромад.

Барои қабули ин санад инсоният тӯли 70 сол кӯшиш намуд. Ҳанӯз соли 1924 дар доираи Лигаи миллатҳо Эъломияи женевагии ҳуқуқҳои кӯдак қабул гардида буд ва ҳамчунин, соли 1948 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ тасдиқ гардидани Эъломияи ҳуқуқи башар, соли 1959 қабули Эъломияи ҳуқуқҳои кӯдак, соли 1979 эълон  гардидани Соли байналхалқии кӯдак заминаҳои мусоиде баҳри қабули ин санад фароҳам овард. Ҳамчунин, теъдоди зиёди давлатҳо тақозои онро доштанд, ки дар ин маврид созишномаи байналмилалии ҳамаро фарогиранда, ки тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бояд характери ҳатмӣ дошта бошад, ба имзо расад.

Дар баробари ин, хабарҳо дар бораи шароитҳои вазнини зиндагии кӯдакон, ки дар ин маврид фавти зиёд, ҳифзи нокифояи саломатии кӯдакон, набудани имкониятҳо баҳри гирифтани таҳсилоти олӣ, ҳамчунин, дучори зишткориву истимор қарор гирифтани онҳо дар шакли фоҳишагарӣ, меҳнати вазнин ва қурбони низоъҳои мусаллаҳона гардидан зиёд ба назар мерасид, таъсири дигаре дар мавриди қабули чунин созишнома буд. Бо ҳамин мақсад Конвенсия дар асоси гурӯҳи кории Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони СММ ва дигар мақомоти дахлдор баррасӣ гардида, қабул гардид. Конвенсия муносибати ҳамаҷонибаро ба баррасии вазъиятҳои кӯдакон истифода мекунад, муқаррароти Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро, ки ҳамагӣ аз 10 принсип иборат буда, таваҷҷуҳро ба зарурати ҳифзи кӯдак дар давраи рушди ӯ ҷалб месозад, инкишоф медиҳад ва мушаххас месозад. Конвенсия ба эҳтироми шаъну шарафи ҳамаи одамон асос карда, эътироф мекунад, ки ҳар кӯдак ҳуқуқҳои инсониро соҳиб аст.

Кӯдакон ояндаи ҷомеа буда, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ ва рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, ҷиҳати таҳия ва татбиқи чорабиниҳо оид ба рушди ғизои мактабӣ ва муҳимияти таъмини хонандагон бо ғизои солим, барои инкишофи неруи таҳсилотӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, бо дарназардошти рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015, таҳти №101 Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва амалӣ гардида истодааст.

Бо вуҷуди қабули Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, дар баъзе аз мамолики дунё ҳамасола бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла, бемориҳои сироятӣ, нарасидани ғизои кофӣ ва ё бо сабабҳои амалҳои террористии гурӯҳҳои тундгаро теъдоде аз кӯдакон ҷони худро аз даст медиҳанд ва теъдоди дигар аз ҳуқуқҳояшон маҳрум мегарданд. Хушбахтона, бо иқдому ҳидоятҳои хирадмандонаи - Пешвои миллат, дар кишвари мо ҳуқуқи кӯдакон ҳифз мегардад ва онҳо ҳамеша дар зери ғамхории Ҳукумати кишвар қарор доранд. Дар баробари ин, ҳар як фарди худогоҳу ватандӯстро лозим аст, ки дар тарбияи насли ояндасози кишвар саҳмгузор бошад.

Фаридуншоҳ АБДУЛЛОЕВ,

сармутахассиси Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи

шаҳри Гулистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш