Нашрияи Омӯзгор

Даст ба дасти ҳам бидиҳем

Сана: 2020-06-04        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Ваколати роҳбари синф дар мактаб хеле муҳим аст. Ӯ вазифадор аст, ки хонандагонро дар рӯҳияи ватанпарастӣ, ахлоқи поки инсонӣ, ростию парҳезкорӣ, омӯзиши илму маърифат ва ҳурмати ашхоси калонсолу волидайн тарбия намояд.

Барои боз ҳам беҳтар шудани сатҳу сифати таълиму тарбияи хонандагон роҳбари синф метавонад маҷлисҳои синфӣ, соатҳои тарбиявии кушод, маҷлисҳои падарону модарон, маҳфилу озмунҳо, ба монанди: китобхони беҳтарин, суханварӣ, қироати шеъҳо, конфронсҳои илмию адабӣ ва ғайра баргузор намояд.

Ҳамкории роҳбари синф бо падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд нақши асосӣ дорад. Ҳар як падару модар вазифадор аст, ки таълиму тарбияи фарзандро дуруст ба роҳ монад, зеро фарзанд меваи умри одамизод мебошад. Тарбияи нодурусти фарзанд оқибат ба нохушиҳо оварда мерасонад. Ҳангоми аз муассиса баргаштани фарзанд падару модар ҳатман пурсон шавад, ки чанд соат дарс хондааст. Зеро бархе аз фарзандон ба муассиса меравам гуфта, ба дигар ҷойҳо рафта, ба оворагардӣ машғул мешаванд. Аммо волидон ба умед, ки фарзандони онҳо ба таълиму тарбия машғуланд. Агар роҳбари синф бо падару модар алоқаи зич дошта бошад, дар ин хусус ҳатман ба волидон хабар медиҳад. Падару модар ҳатман ба муассиса омада ба дарсҳои фарзандонашон иштирок намуда, аз вазъи донишандӯзии фарзандашон, ки дар кадом сатҳ қарор дорад, бояд бохабар бошанд.

Волидоне ёфт мешаванд, ки умуман ба таълимгоҳ намеоянд. Ҳатто дар маҷлисҳои падарону модарон иштирок намекунанд ва ҳатто намедонанд, ки фарзандашон дар кадом синф таҳсил мекунад ва роҳбари синфаш кадом омӯзгор аст. Агар падару модар ба муассиса омада, бо роҳбари синф ва омӯзгорони фаннӣ оид ба таълиму тарияи фарзандаш пурсон шавад, фарзанд ҳис мекунад, ки падару модар аз пайи назорати ӯ мебошанд.

Роҳбари синф дар бисёр ҳолатҳо мехоҳад бо падари хонанда ҳамсуҳбат шавад, аммо падар дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст ва аз тарбияи фарзанд дур мондааст. Айни ҳол, тарбияи фарзанд тақрибан ба дӯши модарон гузошта шудааст. Дар маҷлисҳои падару модарон қариб, ки падарон иштирок намекунанд. Ҳол он ки таълиму тарбияи фарзанд ба дӯши ҳам падар ҳам модар вогузор шудааст. Вақте ки назорат яктарафа мешавад, албатта, ба таълиму тарбияи фарзанд таъсири манфӣ мерасонад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки тарбияи инсон аз оила оғоз меёбад. Ҳар як падару модар баробари ба воя расонидани фарзанд, инчунин, дар тарбияи хуби ӯ низ масъул мебошанд. Абӯшакури Балхӣ бамаврид таъкид кардааст:

Дарахте, ки хурдак бувад, боғбон

Бигардонад ӯро, чу хоҳад чунон.

Чу гардад калон, боз натвонадаш,

Ки аз каҷҷию хам бигардонадаш.

Ҳусния БОЕВА,

омӯзгори физикаи

мактаби №3, ноҳияи Шаҳринав


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш