Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик дорои маданият, урфу одати ғанӣ ва ёдгориҳои фарҳангию таърихӣ мебошад. Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 2900 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст.
Яке аз чунин ёдгориҳои пурарзиш ин Саразм ба шумор меравад. Муаллифи ин сатрҳо дар ин мавзеи таърихӣ солҳои 2010 2011 бо роҳбарии устод Шарофиддин Қурбонов таҷриба омӯхтаам. Дар ин вақт рисолаи дипломии худро дар мавзӯи «Санъати меъмории Саразм» дифоъ намудам. Шаҳраки қадимаи Саразм аз ёдгориҳои куҳантарини мардуми Осиёи Марказӣ буда, аз маданияти кишоварзию шаҳрсозӣ ва ҳунармандии ниёгонамон шаҳодат медиҳад. Дар ин ҷо бештар иморатҳои маъмурӣ, ки то 100 – 160 метри мураббаъ масоҳат доранд, сохта шуда, атрофи онҳоро ҳуҷраҳои хоҷагӣ, растаҳои ҳунармандӣ иҳота намуда, онҳоро кӯчаю паскӯчаҳои баъзан сангфарш кардашуда (регмайдаҳои дарёӣ) аз ҳам ҷудо менамоянд,
Биноҳои истиқомотӣ бештар дар самти шимолу шарқӣ ва биноҳои маъмурӣ дар самти ҷанубу шарқии ёдгорӣ, растаҳои ҳунармандӣ дар шафати биноҳои маъмурӣ ва кӯчаҳои марказӣ ҷой гирифтаанд.
Ибодатхонаҳо ақоиди мазҳабии сокинони Саразмро бозгӯ мекунанд. Дар саҳни толори ибодатхонаҳо оташкадаҳои чоркунҷа ва мудаввар сохта шуда, дар мобайнашон чуқурие барои барафрӯхтани оташ доранд. Муҳаққиқи ёдгории Саразм Абдуллоҷон Исҳоқӣ масоҳати ёдгориро то 90 гектар ва шумораи аҳолии онро то 8000 нафар муайян намудааст. Дар ёдгории Саразм якчанд аломати пайдоиши аввалин шаҳрҳоро мушоҳида менамоем: биноҳои монументалӣ, кӯчаҳои сангфарш кардашуда, нобаробарӣ дар молу мулкдорӣ ва ҷудошавии ҷомеа ба табақаҳои иҷтимоӣ, инкишофи баланди тиҷорат, растаҳои ҳунармандӣ, ба соҳаҳо тақсимшавии меҳнат (кишоварзӣ, чорводорӣ, кулол-гарӣ, маъданҷӯиву маъдангу-дозӣ, заршӯиву заргарӣ, бофандагиву ресандагӣ, чармгарӣ, коркарди чӯб, сангтарошӣ ва ғайраҳо), ки рукнҳои хоси маданияти шаҳрдорию шаҳрсозии осиёгӣ мебошанд.
Миқдори зиёди бозёфтҳои моддии воридотие, чун лоҷуварди Бадахшон, ақиқи Қайроқум, фирӯзаи Хоразму Фарғона, зарфҳои мунаққаши хоси маданияти Балуҷистону Сиистону Афғонистон ва ғайраҳо бо роҳи тиҷорат ба Саразм ворид гаштаанд. Аз сӯи дигар, саразмиён паҳнкунандагони лоҷуварду маҳсулоти маъдании шимолу шарқии Осиёи Марказӣ (тиллову нуқра, мису қӯрғошим) ба самти ҷанубу шарқии Осиёи Марказӣ будаанд. Дар ин маврид ёдгории Саразм ҳамчун пойгоҳи омезишёбӣ ва такомули чандин маданияти ақвоми ориёӣ ба назар мерасад. Дар тӯли 5500 соли мавҷудияти худ Саразм ҳамчун яке аз шаҳракҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ дар ташаккулёбӣ ва рушду густариши фарҳанги ориёӣ нақши бузург бозидааст.
Назаралӣ Ахмедов,
омӯзгори таърих ва ҳуқуқи мактаби №49, ноҳияи Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр