Дар ин росто ташаббуси иддае аз омӯзгорони соҳибтаҷрибаву эҷодкори мамлакатро, ки ҳамбаста ба кори таълиму тарбия ба таҳияи мақолаҳои методӣ ва дастурҳои гуногун машғул мешаванду китобҳо ба нашр мерасонанд, метавон чун замима ба фаъолияти муассисаҳои расмии масъули такомули сатҳу сифати таълиму тарбия пазируфт ва истиқбол кард.
Омӯзгори лаёқатманду таҷрибаомӯхта Теша Салоҳов дар сафи чунин эҷодкорони фаъол қарор дорад. Ӯ солҳои зиёде ба таълими забону адабиёти тоҷик машғул шудааст ва айни замон дар вазифаи муовини мудири Маркази методии раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат кор мекунад. Аз силсилаи мақолаҳои тавзеҳӣ ва аз чиҳил дастури методии ӯ омӯзгорони кишвар барои тақвияти фаъолияти худ пурсамар истифода мебаранд. Соли равон омӯзгори варзида Т.Салоҳов боз се китобчаи худро бо номҳои «Дурахши рушд ва созандагӣ», «Саволномаҳою супоришоти санҷишӣ (тестӣ) бахшида ба бузургдошти 140-солагии устод Садриддин Айнӣ» ва «Бобоҷон Ғафуров - пайвандгари таърих ва ифтихори оламиён» пешкаши аҳли таълиму тарбия ва доираи васеи хонандагон намуд.
Ин китобчаҳо дар заминаи корбасти усули тестии таълим (силсилаи саволу ҷавобҳо бо овардани якчанд ҷавоб, ки яке дуруст аст) иншо шудаанд ва маълумоти фаровонро дар бар мегиранд.
Китобчаи аввал танҳо аз саволу ҷавоб (137 пурсишу посух) иборат буда, ба омӯзиши мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат (22.12.17) бахшида шудааст. Ҷавобҳо мухтасару саҳеҳ ва пурдалелу фарогиранд ва ишорат бар он мекунанд, ки Паёми Сарвари кишвар, воқеан ҳам, ҳодисаи муҳим дар ҳаёти аҳли ҷумҳурӣ буда, дастуру раҳнамои мукаммалест барои тақвияти фаъолияти ҳар як шаҳрванди мамлакат.
Китобчаи дуюм 230 саволномаю супоришоти санҷишӣ (тестӣ)-ро фаро мегирад, ки ҳама ба рӯзгору осору шахсияту фаъолияти устод С.Айнӣ мутааллиқанд. Муҳтавои суолу супоришҳо бозгӯи рӯзгорони пурҳаводис ва фаъолияти қаҳрамононаи асосгузори адабиёти муосири тоҷик мебошад.
Китобчаи сеюм ба ҳаёт ва эҷодиёти аллома Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст ва 210 саволу ҷавобро дар бар мегирад. Бо омӯзиши посухҳо ҳар шахс донишу маълумоти хешро оид ба рӯзгори ибратбахшу самарбори Б.Ғафуров хеле такмил мебахшад. Дар фароварди ду китобчаи охир ҷадвали посухҳои дуруст (аз ҳар чаҳор посух ба як суол) оварда шудааст.
Китобчаҳои мазкур барои истифода дар имтиҳонот (аттестатсияҳо), санҷишҳои тестӣ, маҳфилу озмунҳои адабию фарҳангӣ хеле мувофиқанд ва ҳамчунин, барои худомӯзӣ ба наврасону ҷавонон маълумоти зиёду муҳим ва муфид пешниҳод менамоянд.
Омӯзгори эҷодкор Т.Салоҳов бо таълифу таҳияи ин се китобчаи ҷолиб хидмати арзанда ва шоистаи таҳсинеро анҷом бахшидааст.
А.Илёспур,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр