Нашрияи Омӯзгор

Квотаи Президентӣ - имконияти беҳтарин

Сана: 2020-06-04        Дида шуд: 776        Шарҳ: 0

 

Бо истифода аз квотаи Президентӣ ҳамасола толибилмони зиёде аз ноҳияи Кӯшониён ба макотиби олӣ шомил мегарданд, - гуфт Кибирё Нурмаҳмадзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳия.

31-уми  марти соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 бо иштироки намояндаи раёсати маорифи вилояти Хатлон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони шуъбаи маориф  ва омӯзгорони ботаҷрибаи муассисаҳои таълимӣ даври ноҳиявии озмуни квотаи Президентӣ баргузор гардид. Дар озмун 391 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯшониён иштирок намуда, 110 нафар иштирокдори беҳтарин ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

С.АЗИЗӢ, 

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш