Нашрияи Омӯзгор

Вазъи паркҳои технологии ду мактаби олӣ

Сана: 2020-06-04        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

Аз қабули Қонун «Дар бораи парки технологӣ» 10 сол сипарӣ гардид. Дар ин муддат дар муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ корҳои муайяне ба сомон расонида шуданд. Ба наздикӣ бо фаъолияти парки технологии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ошно шудем.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафархон Рафиев иброз дошт, ки парки технологии донишгоҳ аз соли 2012 фаъолияташро ба роҳ монда, дар ҳайати худ чунин воҳидҳои сохторӣ, аз ҷумла: - курсҳои кутоҳмуддати забономӯзӣ, устохонаи таъмири мизу курсӣ, сехи дӯзандагӣ, маркази хизматрасонӣ, муассисаи давлатии маркази таълимии касбомӯзӣ, боғи таълимӣ-таҷрибавии «Истиқлол», маркази «Ихтироъкори ҷавон», осоишгоҳи табобатӣ ва экокорхонаи рассомиро муттаҳид менамояд. Донишҷӯёни навовару лаёқатманд ҷиҳати ҷалби онҳо ба соҳаҳои илм, парки технологии донишгоҳ корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст. Бояд қайд намуд, ки донишҷӯёни мо ба озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯ ва пешрафти илмӣ-техникӣ-2019» бо гирифтани 3 ҷой (2 ҷойи дуюм ва 1 ҷойи сеюм) комёб гардиданд. Ҳамчунин, аз тарафи се нафар корманди донишгоҳ дар соҳаи истеҳсолот бо пешниҳоди лоиҳаҳо соҳиби се нахустпатент гардиданд. Донишҷӯи курси 5-уми факултаи физика А.Назаров аз рӯи ихтирои «Мошинаи ғаллатозакунӣ» сазовори нахустпатент гардид.

Бояд тазаккур дод, ки самти фаъолияти парки технологии донишгоҳ ба ҷараёни таълиму тарбия дар донишгоҳ мувофиқа карда шуда, ба баланд бардоштани сифати таълим ва маҳорати касбии устодону донишҷӯён нигаронида шудааст. Айни ҳол дар парки донишгоҳ 21 нафар кору фаъолият дошта, барояшон тамоми шароитҳои корӣ муҳайё карда шудааст. Донишҷӯёни факултаҳои физика, математика ва информатика машғулиятҳои амалии худро дар устохонаҳои таълимии коркарди чӯбу тахта ва оҳан гузаронида, ҳамзамон нозукиҳои касбҳои кафшергарии барқию газӣ, харротӣ, ва дуредгариро меомӯзанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки самти дигари фаъолияти парки технологии донишгоҳ таъмири мизу курсиҳо, компютерҳо ва дигар воситаҳои техникии донишгоҳ мебошад.

Бо вуҷуди дастовардҳои муайяни илмӣ, робитаи илм бо истеҳсолот, воридшавии инноватсия дар низоми илмӣ ва муҳимтар аз ҳама, рушди илмҳое, ки ба пешрафти иқтисодиёти кишвар мусоидат мекунанд, ҳамчун масъалаҳои мубрами рӯз дар донишгоҳ боқӣ мондааст. Имрӯз он ихтирооте, ки аз тарафи устодону донишҷӯён ба даст омадааст, дар рӯи коғаз мондаанд. Барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудани ин кашфиёту ихтироот маблағ ва сарпараст лозим аст. Мирализода Абдусалом Мустафо, ректори донишгоҳ, мегӯяд, ки дастовардҳои илмӣ-техникӣ, лоиҳаҳои инноватсионии устодону донишҷӯёни мо зиёданд, ки аз тарафи масъулин қадршиносӣ гаштаанд, вале барои дар истеҳсолот ба роҳ мондани чанд намуди маҳсулот, ба монанди дору барои бемории захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта ва доруи фикардио барои бемориҳои дил ва рагҳои хунгард (ихтироъкор Ф. Сайфуддинов, донишҷӯи курси 5-уми факултаи физика), ихтирои «Мошинаи ғаллатозакунӣ», «Қаппаки намуна барои таҳқиқи параметрҳои электрофизикаи пайвастагиҳои нимноқилӣ дар ҳароратҳои баланд ва паст» (ихтироъкор С.Каримов), «Маводи доругии зидди талхаронӣ» (ихтироъкор И.Хоҷаев), «Способ комплексной переработки зернистых фосфоритовых руд» ихтироъкор Т.Ҳисайнов ва ғайраҳо проблемаҳои зиёде мавҷуд ҳастанд. Мавсуф афзуд, ки донишгоҳ дар соли 2019 бо 95 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонида бошад ҳам, чунин муассиса ё корхонае, ки моро дастгирӣ намояд, то имрӯз ёфт нашудааст. Дар назди парки технологии донишгоҳ осоишгоҳи табобатӣ ташкил карда шудааст, ки омӯзгорону донишҷӯён аз намуди табобати маҳси обӣ, физиотерапевтӣ, масҳи барқӣ баҳраманд мешаванд.

Дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб (ДТМИК) фаъолияти парки технологӣ дар шакли парки инноватсионӣ-технологӣ таъсис дода шудааст. Қайд кардан зарур аст, ки дар соли таҳсили 2018-2019 аз тарафи донишҷӯён 73 адад лоиҳаи инноватсионӣ ба комиссияи озмун пешниҳод гардид, ки аз ин 44 адад сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар соли таҳсили 2019-2020 бошад, аз тарафи донишҷӯён 105 адад лоиҳаи инноватсионӣ, пешниҳод гардида, 75-тои он сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар соли 2020 аз ҷониби олимони донишкада 5 лоиҳаи илмӣ - инноватсионӣ барои маблағгузорӣ пешниҳод гардидааст. Алишер Зуҳуров, донишҷӯи курси 4-ум барои лоиҳаи «Борбардори гидравликӣ», Билоли Орзу, омӯзгор, барои лоиҳаи «Зеристгоҳи хурди барқӣ» ва Сафарова Оишамо омӯзгор, барои лоиҳаи «Аз растании алоэ тайёр намудани креми рӯй» ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ шуданд. Имрӯз зарур аст, ки андозбандии паркҳои технологӣ аз нав дида баромада шуда, ба фаъолияти илмӣ-истеҳсолии онҳо ҳангоми андозбандӣ имтиёз муқаррар карда шавад. Ҳамчунин, агар бонкҳои ҷумҳурӣ барои рушду нумӯи фаъолияти истеҳсолӣ-илмии паркҳои технологӣ қарзҳои имтиёзноки дарозмуҳлат ҷудо кунанд, фаъолияти онҳо рӯ ба беҳбудӣ хоҳад овард. Аз тарафи дигар, агар механизми иҷрои қонун роҷеъ ба фаъолияти бонизоми паркҳои технологӣ коркард шавад, боиси пешравии фаъолияти онҳо мегардад.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш