Нашрияи Омӯзгор

Илмҳои дақиқ: омилҳои камтаваҷҷуҳии хонандагон дар чист?

Сана: 2020-06-04        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Дар муассисаҳои таълимии кишвар таълими фанҳои дақиқ ва ҷомеашиносӣ ҳанӯз  дар сатҳи ҷавобгӯ ба талаби замони муосир ба роҳ монда нашудааст. Таълими мавзӯъҳои дарсӣ бояд дар муқоиса бо дастовардҳои илмию техникии ҷаҳон роҳандозӣ гардида, сабабу омилҳои илмии ҳар як падидаю ҳодисаи табиат бо далоилу арқом ва кашфиёти олимон ба хонандагон  тавзеҳ дода шавад.

Ҳангоме ки шогирдон донишҳои назариявии китоби дарсиро дар амал ба мушоҳида мегиранд, ба ҳақиқати илмии ину он ҳодисаи физикӣ ва ҳосилшавии моддаҳои химиявӣ боварии аниқ пайдо мекунанд.

Мутаассифона, танҳо иктифо кардан ба  донишҳои китобӣ ва сабақҳои омӯзгорон, ки дар заминаи фармудаҳои олимон сурат мегирад, вале амалан ба нудрат дар кабинетҳои озмоишӣ ба намоиш гузошта мешавад, хонандаро ба шакку гумон ва шубҳаю нобоварӣ мувоҷеҳ месозад. Аз ин рӯ, вай на ба ҷиҳатҳои илмии мавзӯъҳои таълимӣ, балки ба як сухани авомонаю беасоси «воизе», ки масалан, дар бораи гардиши об дар табиат ва ё курашакл будани замин ба шеваи ривояту афсона нақл  мекунад, ихлосу сидқ мекунад. Ба амри  маъруфе, аз қабили бебақо будани ин дунёву зиндагии хурраму саодатмандона ва тарки ҳама хушиҳои ҳаёт кардан сахт дил мебандад, аз омӯзиш канорагирӣ мекунанд.

Дар ҳамин замина, натиҷаҳои имтиҳоноти дохилшавӣ тибқи низоми тестӣ низ бозгӯии он аст, ки  ҳамасола теъдоди ками довталабон ба ихтисосҳои табиию техникӣ ҳуҷҷат  месупоранд. Ин нуктаро мушовири директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувосит Юлдошзода таъкид карда, иброз дошт, ки «агар шумораи довталабони дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ номнависшударо барои иштирок дар ИМД-2019 нисбат ба нақшаи қабули донишҷӯён дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо таҳлил намоем, шумораи бештари довталабон нисбат ба  нақшаи   қабул (чун дар ИМД-и солҳои 2016-2017) ба гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) рост меояд, ки он ба 175, 26 фоиз баробар аст. Тибқи ин нишондиҳанда, соли гузашта дар ҷойи дуюм гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) бо 170, 64 фоизи шумораи ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳ қарор дорад. Дар ИМД-и соли 2018 аз рӯйи  ҳиссаи довталабони бақайдгирифта нисбат ба нақшаи қабул, дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум рост омада  буд, ки 211,7 фоизи ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳи ихтисосҳоро ташкил медод. Дар муқоиса бо нақшаи қабули донишҷӯён дар соли 2019 шумораи камтарини довталабони дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ номнависшуда чун дар ИМД-и солҳои 2015-2018 ба гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) рост меояд, ки он ҳамагӣ ба 79, 56 фоизи шумораи ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳ баробар аст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2018-ум камтар аст, зеро шумораи довталабони дар доираи ин гурӯҳ бақайдгирифта соли 2018-ум 91,6-и нақшаи қабули  донишҷӯёнро ташкил медод. Ҳиссаи духтарони таҳсилоташон миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки гурӯҳи  ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихоб  кардаанд, аз шумораи умумии довталабони ин гурӯҳи ихтисосҳоро интихобкарда ҳамагӣ 13,79 фоизро ташкил медиҳад.

Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, бо вуҷуди корҳои зиёди иттилоотию таблиғотии Маркази миллии тестӣ ҷиҳати ҷалб намудани   довталабон барои интихоби  ихтисосҳои гурӯҳи табиию техникӣ, бештари онҳо чун солҳои пешин  ба ихтисосҳои гурӯҳҳои 3,4,5 майлу таваҷҷуҳ доштаанд. Новобаста аз зинаи таҳсилот, довталабон гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ва 2-юм (иқтисод ва география)-ро камтар интихоб кардаанд. Сабабу омилҳои ба омӯзиш ва аз худ кардани илмҳои дақиқ ва табиӣ камтар майлу таваҷҷуҳ намудани хонандагони муассисаҳои  таълимии кишвар гуногун мебошад. Омӯзгорону устодони таълимгоҳҳо, мактабшиносон ва коршиносони масоили  соҳаи маориф низ ин равандро дар заминаи таҷрибаву бардоштҳои корӣ ва мушоҳидаҳои чандинсолаашон ба таври худ шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Аз ҷумла, омӯзгори соҳибтаҷрибаву собиқадори муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №45-и  ноҳияи Рӯдакӣ Азимхон Малахов бар ин назар аст, донишҷӯёне, ки ҳамчун омӯзгори фанҳои дақиқ донишгоҳҳои омӯзгориро хатм мекунанд, бо шумораи хеле кам барои фаъолият ба мактаб мераванд. Албатта, ин падида омӯзиши ҷиддӣ мехоҳад, то паҳлӯҳо ва иллати чунин норасоӣ муайян карда шавад. Ошкоро бояд гуфт, ки маоши омӯзгорони ҷавон хеле кам аст. Агар ба эътибор  гирем, ки маблағи як ҳисса (ставка)-и дарсӣ дар се-чор сол 10-15 дар сад зиёд шуда, арзиши маҳсулоти фурӯшгоҳу бозор ва хизматрасониҳо 30-40 дар сад боло меравад, маълум мегардад, ки фарқ на ба фоидаи ҷайби муаллими ҷавон аст. Ҳукуматҳои  маҳаллӣ, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ на ҳамеша имконоти молиявӣ доранд, барои ёрӣ ба омӯзгори ҷавон (таъмини имтиёзоти ӯ, аз қабили ҷудо кардани замини наздиҳавлигӣ…) кӯтоҳдастӣ мекунанд.

Ба андешаи А.Малахов, ҳоло дар мактабҳо, дар зинаи  охири таълим (с.10-11) омӯзиши фанҳо дар асоси равия ба роҳ монда мешавад. Аз нигоҳи номбурда, ин амал барвақттар оғоз гардад, беҳтар ва бар суди кор аст. (Масалан, аз синфи 5 ё 7), Омили дигар ва маълум, ки солҳост атрофи он мегӯянду менависанд, ин ҳамоно мавҷуд набудани  синф-озмоишгоҳҳои фаннӣ ва кам будани асбобу абзори физикӣ ва радиактиву  маводи химиявӣ ба шумор меравад.

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар чопи китобҳои дарсӣ аз фанҳои физика бо забони модарӣ ва аз ҳама муҳим, аз ҷониби муаллифони худӣ  дастоварди хуб маҳсуб меёбад. Вале як нуктаро  ёдовар мешавем, ки  аз замони нашри ин китобҳо 10-12 сол гузаштааст. Шояд вақти он расидааст, ки муаллифони китобҳои дарсӣ дигарбора ба ин масъала диққат намоянд, бо омӯзгорони пешқадами таълимгоҳҳо ҳамкориро ба роҳ  монда, фикру мулоҳизаҳо  ва пешниҳодҳои онҳоро ба назар гиранд. Ҳамзамон, аз таҷрибаи дигар кишварҳои пешрафта дар ин бобат истифода намудан аз фоида холӣ нахоҳад буд… Доктори илмҳои  химия, профессор, устоди ДДОТ ба номи С.Айнӣ С.Бандаев андешаҳояшро дар ин мавзӯъ ба таври  зайл баён намуд:

«Пеш аз ҳама, бояд қайд намуд, ки химия фанни амалӣ мебошад, тамоми самтҳои пешрафти ҷомеа ба тадқиқотҳои химиявӣ вобаста мебошанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, мутаассифона, имрӯз ихтисоси химия ба ихтисоси бозоргир табдил наёфтааст, хонандагон ба ин фан таваҷҷуҳи зиёд надоранд. Дар ҷумҳурӣ химияро барои мутахассиси соҳаи химия шудан амиқу ҳаматарафа  намеомӯзанд. Пӯшида нест, ки аксарияти  дохилшавандагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои пурра аз худ намудани  барномаи таълимии химия дар  литсейю гимназияҳои махсус  таҳсил мекунанд ва аз  устодони варзидаи соҳа дарси иловагӣ мегиранд. Шавқу  рағбат надоштани хонандагон ба ихтисоси химия боиси он гардидааст, ки хатмкунандагон ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои олии кишвар дониши суст нишон медиҳанд».

-Сабабҳои   асосии чунин вазъият,-мегӯяд С.Бандаев, -  дар номукаммалии сохтор, мазмун ва мундариҷаи таълимии фанни химия, нарасидани омӯзгорони фанни зикршуда дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ, суст будани базаи моддӣ-техникии таълимгоҳҳо, ба таври муассир ба роҳ монда намудани донишҳои химиявӣ дар байни ҷавонон ва амсоли ин мебошад. Худатон хулоса бароред: миқдори соатҳои  якҳафтаинаи таълими фанни химия барои ҳамаи синфҳо аз 8 то 10 соатро дарбар мегирад, ки  ин нисбат ба таълими физика 1, 5 маротиба, биология 2 маротиба ва математика 5 маротиба камтар аст. Ба ҷуз ин, омилҳое аз қабили тақрибан аз байн рафтани вазифаҳои мустақилонаи хонандагон, надодани музд барои тафтиши дафтарҳои вазифаи хонагӣ, номукаммалии салоҳиятҳо дар раванди таълими химия, дар бахши аъзами мактабҳо  мавҷуд набудани шароити гузаронидани корҳои амалӣ аз ҷониби хонандагон ва  таҷрибаҳои  намоишӣ (демонстратсионӣ) аз тарафи омӯзгорон, вуҷуд надоштани таҷрибагузоронӣ (эксперимент) ба сатҳу сифати таълим аз ин фан ва дараҷаи донишазхудкунии хонандагон таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамчунин, дар таълимгоҳҳо кам будани озмоишгоҳҳои фаннии муҷаҳҳаз бо асбобу мавод ва зарфҳои химиявӣ, дастурҳои методӣ, чун  маҷаллаи химиявӣ, адабиёти иловагӣ оид ба роҳҳои ҳалли машқу масъалаҳо кам ба чашм мерасад. Ба таъкиди олими шинохта, суст будани кори маҳфилҳои химиявӣ, ҷалб нагардидани омӯзгорон ба такмили ихтисос дар хориҷи кишвар, дар сатҳи зарурӣ дар ҷумҳурӣ таҷлил нагардидани «Рӯзи химикон» ва ғайра ба пешрафти таълими химия латмаи ҷиддӣ ворид мекунад. Дар ин замина, устод С.Бандаев аз синфи 7 оғоз намудани омӯзиши фанни химия дар муассисаҳои таълимии кишвар ва то 3 соат зиёд кардани миқдори соатҳои якҳафтаинаи таълими фанни мазкурро талаби замон ва саривақтӣ меҳисобад. Ба андешаи омӯзгори мактаби №46-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ М.Содиқов, истифодаи чистону муаммоҳои физикию математикӣ, бозиҳои шавқовар, шеърҳои пурмуҳтаво оид ба моддаю мафҳумҳои илмҳои дақиқ ва ғайра дар раванди таълими ин фанҳо ва чорабиниҳои беруназсинфӣ хеле зарур ва диққатҷалбкунанда мебошанд. Мутаассифона, чунин китобу дастурҳои  рангину хонданбоб, ба монанди «Физикаи шавқовар», «Мисолу масъалаҳо аз фанни химия, «Муаммоҳои физикӣ (химиявӣ)», «Дар бораи ҳодисаҳои табиат чӣ медонем?», «Аз ҳаёти  олимони бузург» ва ғайра тайи солҳои охир таълиф нагардидаанд ва ё таълиф шуда бошанд ҳам,  ангуштшуморанд. Омӯзиши чунин китобҳои шавқангез ба рушди зеҳнӣ ва тафаккури математикии шогирдон мусоидат хоҳад кард. Устоди ДДОТ ба номи С.Айнӣ, номзади илмҳои педагогӣ Аҳтам Назаров андешаҳояшро дар боби мушкилию проблемаҳои таълими математика дар мактабҳои ҷумҳурӣ иброз дошта, мегӯяд, ки омӯзгорони фаннӣ дар ҷараёни гузарондани корҳои санҷишӣ аз фанни математика  ба мушкилиҳои зиёд дучор мегарданд. Яке аз сабабҳои ба ин мушкилиҳо дучор гардидан, пеш аз ҳама, набудани барномаҳои компютерӣ барои гузаронидани корҳои санҷишӣ ва арзёбии шаффофонаи салоҳияти хонандагон аз ин фан мебошад, Зеро барномаҳои компютерӣ ва истифодаи дурусти онҳо   ба омӯзгор кори ӯро хеле сабук месозад. Бо ин роҳ  то кадом  дараҷа  азхудкунии салоҳиятҳо аз тарафи хонандагонро зуд мефаҳмем ва хулосабарорӣ менамоем .

Бад-ин тариқ, масоилу мушкилоти зиёде дар самти таълими фанҳои дақиқ мавҷуд мебошанд, ки ҳалли ҳамаҷонибаи онҳо аз сохтору мақомоти марбута (ҳукуматҳои маҳаллӣ, раёсату шуъбаҳои маориф, соҳибкорони олиҳиммат, устодони донишгоҳу донишкадаҳо ва ғ.) саъю талошҳои ҷиддиро талаб мекунад.

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш