Нашрияи Омӯзгор

Таҷҳизоти безараркунанда

Сана: 2020-06-04        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Санитайзер ё худ таҷҳизоти безараркунанда аз ихтирои ҷадиди иштирокчии лоиҳаи “Пешсаф”-и назди озмоишгоҳи инноватсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Саидҷон Асроров мебошад.

Ин дастгоҳ дар рӯзҳое ихтироъ гардид, ки зарурат ба он дар ҷомеа зиёд аст. Дастгоҳи ихтироъшуда имконият медиҳад, ки шаҳрвандон бе иштироки ягон нафар дастонашонро бо маҳлули зиддивирусӣ безарар гардонанд. Санитайзер (таҷҳизоти безараркунанда) аз қуттӣ, зарфи маҳлулнигоҳдоранда ва лазер иборат буда, ҳангоми дастонро ба он гузоштан ба таври худкор (автоматӣ) дастонро поку тамиз мегардонад.

Ҳоло ин дастгоҳ дар биноҳои маъмуриву таълимии ДДҲБСТ гузошта шудааст ва кормандону устодон аз он истифода мебаранд.

 

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш