Нашрияи Омӯзгор

Кишварро аз амалҳои нопок эмин дорем

Сана: 0000-00-00        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона марҳила ба марҳила рушд ёфта истодааст. Ҳар як соли сипаришуда соли пешравӣ ва соли комёбиҳои Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ мебошад, махсусан, соли 2018. Чунин пешравии кишвари маҳбубамонро хоинони давлату миллат напазируфта, тавассути сомонаҳои интернетӣ кӯшиши ноком нишон додани фаъолияти мақомоти олии давлатии кишварро мекунанд. Бардурӯғ будани ҳамаи маълумоти паҳннамудаи онҳоро кулли ҷомеаи Тоҷикистон хуб медонад. Бо вуҷуди ин, хоинон аз амалҳои нопоку ғаразноки худ даст намекашанд.

Роҳбари наҳзатиҳои ифротӣ ва пайравони ӯ дасисаҳои навбатии худро нисбат ба давлату Ҳукумати Тоҷикистон то ҳол шарму ҳаё накарда давом дода истодаанд. Ҳол он ки мардуми шарифи тоҷик ин амалҳои разилонаи онҳо ва пайравонашонро қотеъона маҳкум намудаанд. Акнун фурсат фаро расид ва парда аз симои воқеии онҳо бардошта шуд ва мақсадҳои муғризона ва нопоки онҳо нисбат ба давлату миллат ба ҷаҳониён ошкор гардид. Бо иғвоангезии худ мехоҳанд бо ҳар баҳона амнияту суботи кишвари азизамонро халалдор созанд. Фаромӯш кардаанд, ки он нооромие, ки дар Тоҷикистон сар зада буд, аз дасти онҳо ба вуҷуд омада буд.

Танҳо мақсади наҳзатиҳо ва ҳаммаслаконашон хиёнат ба Ватан, рехтани хуни мусулмонон ва ба нестӣ бурдани дину мазҳаб мебошад. Имрӯзҳо наҳзатиён арзишҳо ва муқаддасоти динию мазҳабиро барои барангехтани оташи кинаву адоват ва хушунату хунрезӣ ба манфиати худ истифода бурда истодаанд.

Имрӯз тамоми мардуми сайёра шоҳиди шаклу намудҳои нангини гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ дар қаламрави кишварҳои мусулмоннишин ва дигар минтақаҳои ҷаҳон шуда истодаанд. Роҳбарони созмони террористии наҳзат ва баъзе гурӯҳҳои манфиатхоҳ оромии кишварамонро дидан намехоҳанд ва аз ин рӯ, мехоҳанд бо туҳмату буҳтон иғвоангезии худро давом дода, вазъи амну суботи кишварамонро ноором созанд.

Аз мақсади аслии наҳзатиён ҳамаи мо ва махсусан, ҷавонон бояд огоҳ бошанд, ба рафтори ин хоинон дуруст баҳо диҳанду кишвари азизамонро аз амалҳои нопок ва ғаразноки онҳо эмин нигоҳ доранд.

 

Хайрулло РАҶАБАЛИЕВ,

ходими илмии АМИ ҶТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш