Нашрияи Омӯзгор

Аттестатсия шаффоф мегузарад

Сана: 2018-07-05        Дида шуд: 755        Шарҳ: 0

Бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни аттестатсияи имсолаи  хонандагон аз чанд муассисаи таълимии ноҳияҳои Мир Сайид Алии  Ҳамадонӣ  ва Восеъ рафтем ва боварӣ ҳосил намудем, ки кормандони шуъбаи маориф ва омӯзгорону  хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳо ба ин чорабинӣ омодагии хуб дидаанд.   Нахуст рафти имтиҳонсупориро муассисаи таълимии №18-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (директораш Ш. Камолов) оғоз намудем. Аттестатсияи хатми синфи 9 аз фанни таърихи халқи тоҷик (шифоҳӣ) дар синфи 9а  (омӯзгори аттестатсиягиранда Х. Нуралиев, ёвар С. Саидов ва раиси комиссия Ш. Камолов) ҷараён дошт. Омӯзгори аттестасиягиранда Х. Нуралиев варақи баҳогузориро нишон дода, изҳор дошт, ки аз 26 нафар хонанда аллакай 16 нафар имтиҳонро супорида баҳои хубу аъло гирифтанд. Аз шумораи 71 нафар хатмкунандагони синфи 11 45 нафарашон барои дохил шудан ба муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ аз қайди ММТ гузаштаанд.  Дар назди  муассисаи таълимии №4 директори муассиса Қ. Холова ман ва  мудири шуъбаи маорифи ноҳия А. Исоевро дар назди даромадгоҳи муассиса бо хушнудӣ пазироӣ намуда, ба кабинети фанние, ки дар он ҷо аттестатсияи хатми синфи 9 ҷараён дошт, даъват намуд. Дар синфи 9а аз фанни таърихи халқи тоҷик аттестатсияи хатм давом дошт. Омӯзгори имтиҳонгиранда Ф. Наимов гуфт, ки аз 23 нафар хонандаи имтиҳонро супоридагӣ 8 нафар баҳои 5, 13 нафар баҳои 4 ва як нафар баҳои 3 гирифтааст. Дар синфи 9б бошад аз 14 нафар хонанда як нафар баҳои 5, 4 нафар баҳои 4 ва 9 нафар баҳои 3 гирифтааст.  Дар соли хониши 2017-2018 аз шумораи 78 нафар хатмкунандаи синфи 11 барои супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбии кишвар  67(85,9%) нафар тариқи ММТ аз қайд гузашта, 3 нафар хонанда ба коллеҷи ҳарбӣ ҳуҷҷат супоридааст.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ раванди аттестатсияҳои аз синф ба синфгузаронӣ ва хатм  дар сатҳи лозимӣ ба роҳ монда шудааст. Нахуст шиносоиро аз рафти ҷараёни аттестатсия аз муассисаи таълимии №31-и деҳаи Саричашма оғоз намудем. Аттестатсияи хатм дар синфи 11а аз фанни физика (шифоҳӣ) аз рӯйи равияи умумӣ ва дар синфи 11б аз фанни забони рӯсӣ (нақли хаттӣ) аз рӯйи равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ мегузашт. Тавре ки муаллими физика С. Содиқов иттилоъ дод, аз 21 нафар хонандаи синфи 11а як нафар бо баҳои «5», 14 нафар бо баҳои «4» ва  6 нафар бо баҳои «3 » имтиҳонро супориданд. Роҳбари муассиса ба се нафар хонандагони синфи 11 З. Файзалӣ, М. Сафаралиева ва  О. Аюбова ишора намуда, қайд намуд, ки инҳо ифтихори мактаб буда, тибқи квотаи Президентӣ донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар шудаанд.Натиҷаи нақли хаттии хонандагон аз фанни забони русӣ дар синфи 11б чунин буд : - аз шумори 23 нафар хонандагон 2 нафар баҳои «5», 15 нафар баҳои «4» ва 6 нафар баҳои «3» гирифтанд. Бояд қайд кард, ки аз 44 нафар хатмкунандаи синфи 11 барои супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбии кишвар  39 нафар тариқи ММТ аз қайд гузаштанд, ки 88,6% -ро ташкил мекунад. Баъдан мо ба муассисаи таълимии №42, ки аз муассисаи мазкур дар масофаи на он қадар дур воқеъ гаштааст, омадем. Директори мактаб С. Каримов моро ба синфе, ки хонандагони синфи 11 аз фанни физика имтиҳон давом дошт, раҳнамоӣ намуд. Муаллими имтиҳонгиранда Р. Сафаралиев иброз дошт, ки хонандагон ба имтиҳон бо тайёрии хуб омада, саволҳои билетҳоро озодона ҷавоб гуфтанд, ки натиҷааш чунин аст : аз шумораи 21 нафар хонанда, як нафар баҳои «5», 13 нафар баҳои «4» ва 7 нафар баҳои «3»   гирифтанд. Бояд қайд кард, ки муассисаи мазкур нисбат ба дигар муассисаҳои ҳудуди ҷамоат хурд буда, шумораи хонадагони синфи 11 ҳамагӣ 21 нафарро ташкил мекунад.Сатҳу сифати таҳсилот ва донишандӯзии хонандагон дар муассиса хуб ба роҳ монда шудааст. Дар соли хониши 2016-2017 60%-и хатмкунандагони мактаб ба муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар дохил гардидаанд. Имсол аз шумораи 21 нафар хатмкунандаи мактаб 19 нафарашон тибқи ММТ барои супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ аз қайд гузаштаанд, ки 91% -ро ташкил мекунад.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш