Нашрияи Омӯзгор

ММТ: омӯзиши тренерону кормандон оғоз ёфт

Сана: 2020-06-04        Дида шуд: 773        Шарҳ: 0

 

1 июни соли равон Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарҳои омӯзиширо барои тренерони кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ ҷиҳати ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2020 оғоз кард.  Тибқи иттилои котиби матбуотии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Замира Абдусаломзода, семинарҳо аз 1-ум то 2-юми июни соли 2020 барои намояндагони шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи  умумии № 6 и шаҳри Душанбе) бо иштироки 14 нафар шунаванда, аз 2-юм то 3-юми июн барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд (дар гимназияи № 1-и шаҳри Хуҷанд) бо иштироки 12 нафар шунаванда, аз 3-юм то 4-уми июн барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои водии Вахши вилояти Хатлон (дар муассисаи таълимии таҳсилоти умумии № 12-и шаҳри Бохтар) бо иштироки 13 нафар шунаванда ва барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон (дар муассисаи таълимии таҳсилоти умумии № 51-и шаҳри Кӯлоб) бо иштироки 10 нафар шунаванда баргузор мегардад.

Ҳадаф аз баргузории семинарҳои омӯзишӣ омода кардани тренерон барои таълим ва интихоби кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ, аз ҷумла, роҳбарон, ёварони роҳбарон, маъмурон ва маъмурони калон, инчунин, бақайдгирандагони марказҳои имтиҳонӣ маҳсуб меёбад. Барои баргузории семинарҳои омӯзишӣ ва интихоби кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ, дар баробари тренерон, дар 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ гурӯҳҳои кории марказ ҷалб карда мешаванд.

Ҷиҳати ташкил ва баргузории семинари омӯзишӣ барои тренерон барнома, модули омӯзишӣ ва маводи иловагии ёрирасон омода карда шудааст. Пас аз ду рӯзи машғулиятҳо ба шунавандагон дар асоси дарсҳои гузашта саволномаҳо пешниҳод мегарданд. Дониш ва маҳорати шунавандагон дар асоси талаботу принсипҳои муқарраршуда арзёбӣ гардида, аз байни онҳо 33 нафар ба ҳайси тренер интихоб ва ба кори муваққатӣ дар марказ қабул карда мешаванд.

Шоистаи таъкид аст, ки соли ҷорӣ дар заминаи 48 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда мешаванд.

Н. ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш