Нашрияи Омӯзгор

Кӯшониён: рафъи мушкилӣ ва норасоии синфхонаҳо

Сана: 2020-06-04        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Кибриё Нурмаҳмадзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён, гуфт, ки дар ноҳия бинои муассисаҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ қомат афрохта истодаанд.

Аз ҷумла,  дар соли таҳсили 2019 – 2020 дар назди филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2, воқеъ дар деҳаи Гулистон, бинои нави таълимӣ иборат аз 2 синфхона барои 50 ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Инчунин, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 бинои нави таълимии дуошёна иборат аз 16 синфхона барои 400 ҷойи нишаст бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар назди филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 бинои таълимии нав иборат аз 2 синфхона барои 50 ҷойи нишаст аз ҳисоби кумитаи падару модарон, кормандони соҳаи маориф ва шахсони эҳсонкор қомат афрохт. Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26, 2 синфхонаи иловагӣ барои 50 ҷойи нишаст аз тарафи кумитаи падару модарон, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 1 синфхонаи иловагӣ барои 25 ҷойи нишаст ба тариқи ҳашар аз ҳисоби кумитаи падару модарон, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 бинои таълимии нав иборат аз 4 синфхона барои 100 ҷойи нишаст аз ҳисоби кумитаи падару модарон ба исифода дода шуд. Бо ин гуфтан мумкин аст, ки нақши падару модарон дар самти бунёди муассисаҳои таълимӣ назаррас аст.

Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 бинои нави таълимии дуошёна иборат аз 8 синфхона барои 200 ҷойи нишаст аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, дар назди филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60 4 синфхона барои 100 ҷойи нишаст аз тарафи кумитаи падару модарон, шахсони эҳсонкор, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68 бинои таълимии нав иборат аз 3 синфхона барои 75 ҷойи нишаст аз ҳисоби захираҳои молиявии муассиса ва аз тарафи кумитаи падару модарон сохта ба истифода дода шудаанд, ки дар умум 42 синфхона бо теъдоди 1050 ҷойи нишастро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, бо иштироки сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бинои дуошёнаи нави таълимии иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 иборат аз 13 синфхона барои 325 ҷойи нишаст дар як баст аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) ба маблағи 3 миллиону 550 ҳазор сомонӣ сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

К. Нурмаҳмадзода илова намуд, ки дар назди филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 бинои нави таълимӣ иборат аз 2 синфхона барои 50 ҷойи нишаст аз ҳисоби кумитаи падару модарон, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 сохтмони бинои нави таълимӣ иборат аз 8 синфхона барои 200 ҷойи нишаст, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 сохтмони бинои нави таълимӣ иборат аз 2 синфхона барои 50 ҷойи нишаст, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 сохтмони бинои нави таълимӣ иборат аз 3 синфхона барои 75 ҷойи нишаст, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 сохтмони бинои нави таълимӣ иборат аз 2 синфхона барои 50 ҷойи нишаст, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 идомаи сохтмони дуюм ошёнаи бинои нави таълимӣ иборат, ки аз 5 синфхона барои 125 ҷойи нишаст мебошад, аз ҳисоби сметаи муассиса, кумитаи падару модарону соҳибкорони маҳаллӣ ва сохтмони муассисаи таълимии нав воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Заргар бо маблағгузории Фонди Саудии Рушд иборат аз 24 синфхона барои 600 ҷойи нишаст идома дорад, ки дар умум, 64 синфхона бо теъдоди 1600 ҷойи нишастро ташкил медиҳад.

С.АЗИЗӢ,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш