Нашрияи Омӯзгор

Гулчини эҷодиёти бонувон

Сана: 2020-06-04        Дида шуд: 812        Шарҳ: 0

 

Боиси хурсандист, ки муҳаққиқону адабиётшиносон  ба асарҳои эҷоднамудаи бонувони тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир карда, ин осорро на танҳо мавриди нақду баррасӣ қарор додаанд, балки намунаҳои беҳтарину хондании онро дар шакли китобу баёзи алоҳида  гирдоварӣ ва пешниҳоди хонандаю ҳаводорони адабиёт гардондаанд.

Китоби бузургҳаҷми  «Чилдухтарон», ки мураттиби он донишманди пуркору заҳматпеша Иброҳими Наққош мебошад, аз ҳамин қабил ба шумор меравад. Пешгуфтори китоб бо номи «Зан ва шеър» ба қалами шоирон Исмоил Зарифӣ ва Равшани Ҳамроҳ тааллуқ дошта, дар он равандҳои эҷодии адабиёти ба истилоҳ «бонувон» мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шудааст. Муаллифон дар хусуси  марҳалаҳои ташаккулу таҳаввули эҷодиёти бонувон, шурӯъ аз асри X сар карда, то замони Шӯравӣ ва даврони соҳибистиқлолӣ андешаҳои худро баён доштаанд.

Онҳо, аз ҷумла, зикр намудаанд, ки:

“Муҳаққиқ, шоир ва тазкиранигор Иброҳими Наққош бо номи рамзии “Чилдухтарон” тазкирае тартиб додааст, ки ҳаёт ва эҷодиёти чил тан бонуи суханварро бозгӯ мекунад”. Воқеан, китоб бо намунаҳо аз ашъори шоираҳои классик Робияи Балхӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Меҳрии Ҳиравӣ, Нодири Андиҷонӣ, Махфии Бадахшонӣ, Зебуннисо оғоз гардида, баъдан эҷодиёти рангини бонувон-шоираҳои даврони муосир, чун Гулрухсор, Фарзона, Адибаи Хуҷандӣ, Маҳбуба Турсунова, Назокат Олимзода ва дигаронро дар бар гирифтааст. Дар ин қатор аз навиштаҳои нависандаи ҷавону хушзавқ, корманди нашрияи “Омӯзгор” Дилафрӯз Қурбонӣ ҳикояте таҳти унвони “Оштӣ” ҷой дода шудааст, ки тарғиби меҳру муҳаббат ва эътиқоду самимиятро дар байни зану шавҳар таҷассум намудааст. Бояд зикр намуд, ки Дилафрӯз Қурбонӣ муаллифи се китоби насрӣ - “Китоби орзуҳо”, “Се нуқта” ва “Розҳои оиладорӣ” мебошад.

Китоби “Чилдухтарон” бо теъдоди 200 нусха дар нашриёти “Эр-граф” чоп шудааст. Қаблан (соли 1985) бо саъю ибтикори адабиётшинос Раҳим Ҳошим маҷмӯаи “Ҳамсафар”, пасон “Се қалам”, “Гулҳои наврӯзӣ”, ки фарогири эҷодиёти бонувони эҷодкор мебошанд, ба табъ расидаанд. Ҳамчунин, дар китоби “Барги сабз”, ки бо эҳтимоми Гулрухсор Сафиева ва Ваҳҳоб Одина нашр шуда буд, намунаҳои осори бист шоираи тоҷик ҷой дода шуда буд.

 

Шодӣ Раҷабзод,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш