Нашрияи Омӯзгор

Сухан ҳарчӣ гӯӣ, ҳамон бишнавӣ…

Сана: 2018-07-05        Дида шуд: 759        Шарҳ: 0

Волидон василаи ба дунё омадану сарчашмаи ҳаёти мо мебошанд. Падару модар ба хотири фарзанд бояд ба ҳама ранҷу азоб тоб меоранд, аз ин рӯ, бояд онҳо барои фарзанд қадру қимати баланд дошта бошанд ва беҳурматӣ нисбат ба онҳо гуноҳест азим. Мутаассифона, на ҳама ба ин ҳикмати зиндагӣ сарфаҳм мераванд. Аксари ҷавонон ба заҳматҳои кашидаи волидон носипосӣ зоҳир мекунанд. Инро мо - ҳуқуқшиносон дар раванда мурофиаҳои судӣ бисёр мушоҳида менамоем.

Дар моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чунин омадааст: «Фарзанди болиғу қобили меҳнат уҳдадор аст, ки падару модари худро нигоҳубин ва таъмин намуда, онҳоро аз ҷиҳати моддӣ  ва маънавӣ дастгирӣ намояд. Дар ҳолати иҷро накардани уҳдадориҳои мазкур, фарзанди болиғи қобили меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад…».

Зайниддин Эшонҷонов, сокини шаҳри Душанбе, соли 1970 бо Баргигул Хушмуродова оила барпо намуда, соҳиби 5 фарзанд гаштанд: Моҳпоччо, Латофат, Ҳусниддин, Муҳаммадҷон ва Илҳомҷон. Зайниддин Эшонҷонов аз соли 1972 то соли 1992 дар автоколонаи №2927-и шаҳри Душанбе ба хотири пешбурди зиндагӣ ба ҳайси ронанда кор кард. Меҳнати вазнини ҷисмонӣ, сафарҳои тӯлонӣ оқибат ӯро гирифтори бемории сил гардонид ва бо сабаби беморияш ба нафақа баромад. 13 сол боз инҷониб ҳамчун маъюби дараҷаи дуюм нафақа мегирад, ки он барои зиндагӣ ва табобаташ нокифоя аст. Фарзандон ҳар кадом зиндагии мустақилона дошта, ба падар бетаваҷҷуҳӣ зоҳир мекунанд. Ӯ  дар чорсӯи  зиндагӣ ҳайрону музтар мондааст. Зайниддин Эшонҷонов ҳарчанд ба дари  хонаи фарзандон рафта, ҳоли зорашро баён намуд, аммо ба дили сангини фарзандон асаре накард. Рӯз ба рӯз аҳволаш бад гардида, бемориаш хурӯҷ мекард. Ҳарчанд медонист, ки фарзандони сангдил раҳме ба ҳоли зораш намекунанд, аммо боз ҳам ба умед ба хонаи писараш Ҳусниддин, ки дар гузаргоҳи  8-и кӯчаи Есенин, хонаи 37/2 истиқомат дошта, бо соҳибкорӣ машғул аст,  рафт. Ба Ҳусниддин аз вазъи ноҷӯри саломатӣ ва аз мушкилоти молиявиаш дарди дил кард, аммо писари носипос ба гуфтаҳои падар эътибор надод. Ҳусниддин тавре вонамуд кард, ки гӯё ҳеҷ чизро нашунидааст, ақаллан падарро дилбардорӣ ҳам накард. Зайниддин Эшонҷонов аз беҳимматии писар маъюсу ноумед гашт. Намехост аз пушти писар ба ягон ҷо шиква барад, сари ӯро дар ҷомеа паст гардонад, вале ночор монд ва ягона илоҷи корашро дар муроҷиат ба мақомоти суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри  Душанбе дид.

Ҳангоми оғози ҷаласаи суд  Ҳусниддин ба Федератсияи Россия фирор кард. Баррасии парвандаи оилавӣ бо даъвои Зайниддин Эшонҷонов ва бо ҷавобгарии Ҳусниддин Эшонҷонов барои рӯёнидани алимент ба муддати як моҳ мавқуф гузошта шуд. Пас аз даъватҳои зиёд ҳам Ҳусниддин ба суд ҳозир нагашт. Суд дар мурофиаи худ ҳолатҳои мавҷударо дида баромада, тибқи моддаҳои 121, 229 ва 238-и Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъйин кард: Парвандаи оилавӣ бо даъвои Зайниддин Эшонҷонов ва бо ҷавобгарии Ҳусниддин Эшонҷонов, ки барои рӯёнидани алимент ба суд муроҷиат кард, тибқи тартиби мурофиавии ғоибона баррасӣ гардид.

Суд муайян кард, ки Ҳусниддин Эшонҷонов дар ҳақиқат фарзанди Зайниддин Эшонҷонов буда, дар тарбияаш фарзандони ноболиғ дорад.  Маоши камаш имкон намедиҳад, ки кӯдаконашро пурра аз ҷиҳати иқтисодӣ таъмин намояд. Ҳамин тавр, маоши кам ва имкониятҳои иқтисодии ҷавобгарро ба инобат гирифта, ҳар моҳ ба маблағи 150-сомонӣ ба тариқи устувор аз Ҳусниддин Эшонҷонов ба фоидаи Зайниддин Эшонҷонов  алимент муқарар карда шуд. Хулоса гиреҳе, ки бояд бо даст боз мегашт, бо дандон во шуд. Баъди иҷборан водор кардани фарзанд барои ёрӣ расонидан бо падари бемору барҷомонда дигар чӣ ҳоҷат барои иҷрои ҳаққи фарзандии Ҳусниддин мемонад? Ҳусниддин подоши ин беэҳтиромиро нисбат ба падар аз фарзандони худ хоҳад дид. Шоире дар ин бобат хуб гуфтааст:

Сухан ҳарчӣ  гӯӣ, ҳамон бишнавӣ,

Замин ҳар чӣ корӣ, ҳамон бидравӣ.

Самариддин Тӯраев,

 судяи Суди ноҳияи Фирдавсӣ

Садриддин Ҳасанзода,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш