Нашрияи Омӯзгор

Дуди ғализ

Сана: 2020-06-11        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Фарид сар ба куҷо задану чӣ кор карданашро намедонист. Духтурон гуфтанд, ки модари беморашро ҳар чи зудтар ҷарроҳӣ кардан лозим меояд.

- Ба ҳамааш худам гунаҳкор,- дар дил афсӯс мехӯрд Фарид. – Аз рӯяш гузашта натавониста, пули тайёрро бо ду дасти адаб додам. Фиребгару ноодам будани Салимро ман аз куҷо медонистам? Беҳуда мардум ӯро Салими шайтон намегуфтаанд. Бо даст деҳу бо пой даваш ҳамин будагист-дия.

Аз рӯзи ваъдагӣ як моҳ гузашта бошад ҳам, Салим нияти баргардонидани пулро надошт. Ҳар дафъаи ба хонааш омадани Фарид ё руст мешуд ва ё ваъдаҳои дурӯғ дода, дарро ба рӯяш мебаст. Дигар илоҷе наёфта, Фарид аз ягон каси дигар қарз  гирифтанӣ шуд ва бо ҳамин ният ба кӯча баромаду бо шиноси деринааш - амаки Усмон вохӯрд. Ин марди хандонрӯйи хушсуҳбатро мардуми маҳалла хеле эҳтиром мекарданд. Ба кадом маъракае ҳамроҳ шавад, он ҷо суҳбат метафсиду атрофро хушҳолӣ фаро мегирифт. Бо ақлу заковати хоса мушкили корафтодаҳоро осон месохт.

- Ҳа, мулло Фарид,- даст дода гуфт Усмонамак, - авзоят беҷо, тинҷӣ ҳаст? Аҳволи модарат чӣ хел?

- Модарамро ҷарроҳӣ кардан лозим будааст, вале пул надорам.

- Чӣ хел пул надорӣ? Охир, дирӯзакак аз Русия баргаштӣ-ку.

- Пул доштам, лек амаки Салим бисёр зорию тавалло карданд, додам. Акнун гирифта наметавонам.

- Ин тавр гӯй. Бо дасти худ худро гирифтори бало кардаӣ-дия. Ин шайтон чандин нафар ту баринҳоро фиреб додаю айш меронад. Лекин ту парво накун. Агар давоми ду рӯз пулатро рӯёнида надиҳам, номам Усмон набошад.

Ин гапро шунида, Фарид андаке ором гашт. Ба Усмонамак “Раҳмат, некиатонро фаромӯш намекунам”, - гуфта ба хонаашон баргашт ва қарор дод, ки боз ду рӯз сабр мекунад.

Рӯзи дигар Усмонамак як офтобаи куҳнаи аз падараш меросмонда ва чанд дона саргинро аз сари роҳ гирифта, рост назди хонаи Салим омад ва дарро сахт кӯфт. Баъди хеле вақт зане берун омад.

- Салимбой канӣ? - пурсид Усмонамак.

- Нестанд, ба куҷое рафтаанд, - гуфт зан аз рӯйи одат.

- Он кас аз ҷияни ман камтар пул гирифта буданд, - бо оромӣ гуфт Усмонамак, - ҳамон пул хеле ҳам зарур шуд. Бемалол бошад, бармегардониданд.

- Аз қарз-парз хабар надорам. Ҳозир ба куҷое рафтанд, кай омаданашон маълум нест.

- Ҳеҷ гап не, сабр мекунем, “аз сабр ғӯра ҳалво шавад” гуфтаанд.

Усмонамак ин суханҳоро гуфту чанд сангу кулӯхро аз атроф ҷамъ карда, назди дари Салим гузошт ва ба шакли оташдоне сохт. Сипас офтобаро ба об пур карда, ба он гузошту саргинро оташ гиронда, назди он чорзону зад. Атрофро дуди ғализ фаро гирифт.

Мардуми маҳалла ба ҳайрат афтода, зуд наздаш ҷамъ омаданд.

- Чӣ кор карда истодаед, Усмонамак? – пурсиданд гурӯҳи ҷавонон.

- Назди дари дӯстам як чойи қаймоқӣ ҷӯшонида хӯрданӣ ҳастам, - гуфт Усмонамак. – Ин одам аз ҷияни ман пул қарз гирифтагӣ. То ҳамонро оварда надиҳад, муддате дар ҳамин ҷо зиндагӣ кардан лозим меояд.

Байни одамон муҳокимаронӣ авҷ гирифт. Яке табассум мекарду дигаре аз нағмаҳои Салимшайтон сухан мекард.

Чанд соат гузашта бошад ҳам, мардум аз назди дари Салим дур намешуданд. Бо ҳар тарзу услуб нишаста, ҳазлу мутоибаҳои Усмонамакро гӯш мекарданд.

Салим, ки дар паси девор буду ҳама гапро мешунид, чун мурғи посӯхта ба чор тараф медавид. Ниҳоят, ба хулосае омад, ки агар пулро надиҳад, аз ин бало халос намешаваду радди маҳаллаю маърака мегардад.

Маблағи барои рӯзи мабодо русткардаашро аз сандуқ гирифта, худро аз девор ба хонаи ҳамсоя партофт. Аз он ҷо ба кӯча баромад ва гӯё аз ҳеҷ гапу кор хабар надошта бошад, назди мардуми ҳангоматалаб ҳозир шуд.

- Усмонамак, шумо ин ҷову ман дар ҷустуҷӯятон сарсон шуда гаштаам. Пули ҷиянатонро доданӣ будам.

- Хайрият, - гӯён Усмонамак пулро шумурда гирифту боз аз Салим пурсид:

- Ту аз ку ҷо медонӣ, ки Фарид ҷияни ман аст? Ё шайтони лаънатӣ шарикашро бохабар кард-мӣ?

Саид даступо хӯрд.

- Ту худро ба шайтон монанд карда, мардумфиребӣ мекунӣ. Лек дидӣ, “давидани гӯсола то коҳдон”, байни мардум аз ту донотарҳо кам нестанд, - гуфт Усмонамак ва ҳама баробар хандиданд.

Б. САИДШОЕВ,

рӯзноманигори собиқадор,

шаҳри Исфара


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш