Нашрияи Омӯзгор

58 соли фаъолияти пурбор

Сана: 2020-06-11        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур додааст, ки дар муассисаҳои таҳсилотии кишвар ба беҳтар намудани сатҳи омӯзиши фанҳои табиӣ, риёзиву дақиқ, ташаккул додани тафаккури техникӣ, вусъат бахшидан ба навовариву ихтироъкории наврасону ҷавонон диққати хосса дода шавад. Вобаста ба ин,  дар ҷумҳурӣ Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон шудааст.

Омода кардани мутахассисони илмҳои дақиқ дар кулли мактабҳои олӣ фаъолияти устодони донишманд, аз навтарин дастовардҳои илму технологияҳои муосири таълим огоҳро талаб менамояд.

Оқбой Савриев 58 сол аст, ки ба шогирдон аз фанҳои химия ва биология дарс мегӯяд. Аълочии маорифи Тоҷикистон, собиқадори меҳнат, инсони наҷиб ва дастгири ҳамагон аст.

Ӯ соли 1962 баъди хатми донишгоҳ ба шаҳри Бохтар ба кор омад ва то имрӯз ин ҷо фаъолият дораду дар рушди дар рушди соҳаи маорифи вилояти Хатлон ҳиссаи шоиста мегузорад. Дар Бохтар барои ҳама чеҳраи шиносу маҳбуб аст. Солҳои зиёд дар мактаби миёна ва дар донишгоҳ дарс гуфтааст. Имрӯз дар факултаи химия ва биологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав фаъолият дорад. Аз соли 2013 дотсенти ифтихории кафедраи биологияи умумӣ мебошад. Хизматҳои Оқбой Савриевро дар самти маориф ва фаъолияти пурсамари омӯзгориашро ба назар гирифта, Ҳукумати Тоҷикистон ӯро бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон қадр кардааст.

Устод аз тасмимҳои роҳбарияти кишвар нисбат ба омӯзиши фанҳои табиӣ хурсанд аст. Пайваста таъкид мекунад, ки донистани фанҳои табиӣ барои рушди кишоварзӣ, донистани муҳити зист ва ҳифзи солимии ҷомеа манфиатбахш аст.

Соли 2017 монографияи худро таҳти унвони “Таъсири моддаҳои химиявӣ дар ташхис ва танзими саломатии инсон”(маҳсули таҳқиқоти бардавоми илмиаш) ба нашр расонд. Муаллиф барои навиштани ин китоб ба ғайр аз таҷрибаи педагогии худ аз фанҳои химия ва биология бо номзадҳои илми тиб С.Музаффаров, А.Раззоқов, Т.Норқулов, Ф.Назаров ҳамкорӣ намудааст.

Устод тасмим гирифтааст, ки дар бораи таъсири моддаҳои кимиёвии дар соҳаи кишоварзӣ истифодашаванда ба саломатии инсон пажӯҳиши вижаеро ба анҷом бирасонад.

Омӯхтани илм барои инсон ба синну сол вобаста нест. Агар завқ, масъулият бошад, ба кори илмӣ пайваста машғул шудан мушкил нест.

Устод барои иҷрои ҳар коре камари ҳиммат бандад, то охир талош мекунад. Ин хислати умдаи устод, махсусан, барои ҷавонон шоистаи ибрат аст.

Ба устоди соҳибхирад ва садоқатпешаи соҳаҳои илму маориф Оқбой Савриев рӯзгорони бардавом ва комёбиҳои тоза ба тоза таманно дорем.

Амонҷон Маҳкамов


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш