Дар адабиёти зиёда аз дуҳазорсолаи форсу тоҷик, дар гуфтори хосу ом, дар хиради мардуми мо ба ҷой ва қадри сухан таваҷҷуҳи хоса дода мешавад ва ин, албатта, сабабҳои хоси худро дорад, зеро некиву бадии зиндагӣ, чигунагии муносибати байни одамон аз бисёр ҷиҳат ба тарзи сухан ва баёни фикр вобастагӣ дорад.
Камоли Хуҷандӣ перомуни шуҳрати шеъри худ ва заҳматҳояш чунин гуфтааст:
То фикрати ман ниҳод бунёди сухан,
Обод шуд аз ман тарабободи сухан.
Мехост сухан ба дасти бетабъон дод,
Додам ба ишорати хирад доди сухан
Камол аслан шоири хушбаён, латифгуфтор ва хушсухан аст. Ба ин абёти шоири тавоно мисол шуда метавонад:
Хуш аст, агар ба ҳадиси Камол дорӣ
гӯш,
Латофати суханонаш чу дурри макнун
аст.
ххх
Аз лаби ӯ сухане чун ба забон меояд,
Гӯиё оби ҳаёте ба даҳон меояд.
Камол аз шавқи лаъли шаккаринат,
Ба ғоят тӯтии ширинзабон аст.
Аз ашъори дилошӯби Камол пай бурдан душвор нест, ки ӯ маҳорати баланди сухансанҷй доштааст. Чӣ тавре ки мегӯянд:“Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад”. Камоли сухандон ҳамин маъниро дарк намуда, аз рӯйи он амал намудааст:
Ба аёдат сухане гӯй, ки ранҷуронро
Аз шифохонаи он лабшакаре мебошад.
Сухан садои дил асту неку бади гӯяндаро ошкор месозад. Сухан ҷаҳонбинӣ ва инсоншиносии гӯяндаро ошкор менамояд. Сухандониву сухансанҷӣ ва суханороӣ ҳунари ҳар кас нест, барои он меҳнати ҳаррӯза, меҳнати ҷонфидоёна зарур аст. Агар сухан дард надошта бошад, агар он баёнгари садои қалб набошад, нагуфтанаш беҳтар аст, зеро он донаи пучу бемағзро мемонад. Бинобар ин, ҳангоми истифодаи сухан беандешаю бепарво ва сабукфикр набояд буд. Ин маънӣ дар шеъри шоир хеле хуб ифода ёфтааст:
То ҷон зи ту ёфт бар сухан даст,
Дар дасти сухан забон забун аст.
Дар ҳунари нигорандагӣ кӯтоҳбаёнӣ яке аз фазилатҳои муҳим ба ҳисоб меравад, зеро сухан ки дароз шуд, нафақат қадраш паст мешаваду ҳуснаш мекоҳад, инчунин, боиси озурдагии хотирҳо мегардад.
Камол ин маъниро дар ашъори худ хеле барҷаста ифода намудааст:
Аз зулфи ӯ сухан ба дарозӣ кашад,
Камол,
Васфи даҳон-ш кун, ки сухан мухтасар
шавад.
Дар ҳақиқат, Камоли Хуҷандӣ суханвару адиби пухтакорест, ки абёти дилангезаш хонандаро ба ваҷд меорад. Сабаби писанди хосу ом гардидани ғазалиёти шоир, пеш аз ҳама, дар он аст, ки он сода, равон, латиф ва пурмуҳтаво мебошанд.
Сафаргул ПИРОВА,
омӯзгори мактаби №39,
ноҳияи Варзоб
Иловакунӣ
Иловакунии фикр