Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои миллӣ меафзояд

Сана: 2020-06-11        Дида шуд: 773        Шарҳ: 0

 

Тавре ки Н. Ғоибзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иброз дошт, - айни ҳол,  шуъбаи маорифи ноҳия,  тибқи нақша-чорабиниҳо оид ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар назди 43 муассисаи таълимии ноҳия  осорхонаи  ҳунарҳои мардумӣ ташкил намудааст. Бояд зикр намуд, ки ҳангоми тамошои осорхонаҳои ҳунарҳои мардумии  муассисаҳои таълимии №№ 5,11,20,23,34 ва 35 эҳсос намудем, ки ҳам омӯзгорону ҳам  хонандагони мактабҳо ташнаи ташкил намудани чунин як осорхона мебошанд. Баргузории намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар муассисаҳои таълимӣ нишон дод, ки омӯзгорону хонандагони мактабҳои болозикр тавонистанд он ҳунарҳои мардумиеро, ки кайҳо аз хотираи мардум ба даргоҳи фаромӯшӣ рафтаанд,  барои эҳё намудани онҳо кӯшишу талошҳои зиёде намуданд. Директори осорхонаи муассисаи таълимии №20-и деҳаи Шоҳони Ҷамоати Даштиҷум Ҳалим Каримов, ки шуғли дӯстдоштааш бостоншиносӣ буда, дар ҷамъоварии ёдгориҳои таърихии мавзейи Даштиҷум ҳиссагузор мебошад,   иброз дошт, ки дар Шоҳон ва Даштиҷум  зиёда 65 намуди ҳунарҳои мардумӣ маъмулу маълум аст. Ӯ моро назди намоишгоҳи ҳунарҳои мардумие, ки хонандагони мактаб ташкил карда буданд,  бурда, таваҷҷуҳамонро ба кӯзаҳои мисину сафолин, намаду гилеми аз пашм бофташуда, табақҳои сафолину чӯбин, маҳсулоти заргарӣ, чархаи чӯбин ва ғайраҳо ҷалаб намуда, қайд кард, ки мутаассифона, имрӯз ин ҳунарҳо аз байн рафтаанд.

Бояд қайд кард, ки имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб  марказҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шудааст.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»         


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш