Панду андарзи бузургон яке аз воситаҳои асосии тарбияи маънавии шогирдон ба шумор мераванд. Ба ҳамин хотир, осори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Хайёму Ҷомӣ, Носири Хусраву Камоли Хуҷандӣ, Саъдию Ҳофиз бояд китобҳои рӯимизии ҳар як омӯзгор (новобаста аз он ки омӯзгори кадом фан аст) бошанд.
Ҷойи ифтихор аст, ки бузургони мо бо забони ғанӣ, рангин ва шево асарҳои бузурги панду ахлоқӣ ба мерос мондаанд, аммо ҷои таассуф аст, ки мо – ворисони ин неъмати гаронбаҳо ва ганҷи маънавӣ аз он ба таври бояду шояд истифода намебарем. Аз ин рӯ, савияи забондонии шогирдони макотиби миёна ва умумӣ то дараҷае коста гардидааст.
Адаб омӯхтани мо ба шогирдон аз фанни адабиёт қатраест аз оби баҳр. Аз ин лиҳоз, дар дарсҳои забони модарӣ ба роҳ мондани истифодаи панду андарзҳои бузургон мувофиқи мақсад аст, зеро ба қавли муҳаққиқ Абдуманнон Насриддин, “дарсҳои забон бояд ҷойи холии дарсҳои адабиётро пур намоянд”. Мо бештар аз осори насрӣ, машқҳои китоби дарсӣ истифода бурда, осори назмиро қатъи назар мекунем. Истифодаи панду андарзҳо дар таълими забон самаранокии кори муаллим аст, ки шогирд дар баробари таълим гирифтан тарбияи хуб низ гирифта метавонад. Масалан, дар таълими мавзӯи “Ҷумлаи мураккаби тобеъ” (дар синфи 9) чунин намуди кор натиҷаи хуб дода метавонад. Аз осори ниёгон мисол овардан, мазмунашро шарҳ додан, сарҷумла ва ҷумлаи пайравро муайян намуда таҳлил кардан, порчаҳои назмиро ба наср баргардондан, хулоса баровардан ва дигар намудҳои супориш малака, маҳорат, дониш ва ҷаҳонбинии хонандаро ташаккул дода, нутқи шифоҳӣ ва хаттии ӯро сайқал медиҳаду баҳри омӯзиши мавзӯъ ёрӣ мерасонад. Муаллим метавонад чунин як соати дарсро аз ҳисоби инкишофи нутқи мураттаб ба ин мавзӯъ бахшад. Шогирдон ғайр аз байтҳои пандомӯзи китоби дарсӣ пешакӣ чунин байтҳоро ҷамъ оварда, дар дарс мавриди муҳокимаю таҳлил қарор медиҳанд.
Он ки надорад сифати мардумӣ,
Нест бари одамиён одамӣ.
Пас аз он ки омӯзгор мазмуни байтро ба ҳамдастии шогирдон маънидод карда, ба наср бармегардонад ва таҳлили наҳвӣ мекунад, бояд ба ҷиҳатҳое диққат диҳад, ки ба шароити имрӯзаи мо мувофиқ ва дар тарбияи шогирдон аҳамиятнок бошанд. Масъалаи аввал, ки омӯзгор бояд диққати шогирдонро ба он ҷалб намояд, инсон ва аломатҳои фарқкунандаи он аз ҳайвон мебошад. Саъдӣ шарафи инсониро дар инкишофи ақли ӯ мебинад. Омӯхтани мероси классикони адабиёти пурғановатамон ба насли наврас ба дуруст омӯхтани ҳаёт ва баду некро дарк намудани онҳо ёрӣ мерасонад.
Ҷамила Одинаева,
омӯзгори мактаби №82-и
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр