Фарзанд ниҳолеро мемонад, ки то ба самар расиданаш волидон бояд заҳмати зиёд бикашанд. Кӯдакро ба таври шоиста тарбия намуда, бикӯшанд, ки фарзандашон ҳамчун инсони комил дар ҷомеа ҷою мавқеи худро пайдо намояд.
Аммо на ҳама падару модарон ба таълиму тарбияи дурусти кӯдакашон таваҷҷуҳ доранд. Аксари волидон ин масъулиятро ба зиммаи омӯзгор ва мактаб мегузоранд. Моддаи 5-и қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» на танҳо омӯзгор ва муассисаҳои таълимӣ, балки падару модарро низ дар таълиму тарбияи насли наврас масъул мегардонад. Мутобиқи банди 2-и моддаи қонуни мазкур падару модар ҷиҳати фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд вазифадор карда шуданд. Аммо онҳо ба рисолати аслии зиндагияшон-таълиму тарбияи фарзанд хунукназарӣ зоҳир мекунанд, ки барои волидону фарзандон ва ҷомеа оқибатҳои ногувор пеш меорад. Ҳамарӯза дар раванди фаъолияти корӣ бо ҳодисаҳои гуногуне вомехӯрам, ки дар натиҷаи бемасъулиятию бепарвоии волидон рух додаанд. Яке аз онҳоро мисол меорам. Ноболиғ Раҳмони Зафар (ному насабҳо иваз шудаанд) 9 январи соли 2018, тахминан соати 17:40 дақиқа ҳангоми дар маркази бозиҳои компютерии “Зеро” воқеъ дар шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-183 қарор доштанаш ноболиғ Аслиддин Асозодаро дашномҳои бадахлоқона медиҳад. Бо ин қонеъ нагашта, ӯро лату кӯб намудааст, ки дар натиҷа тартиботи ҷамъиятӣ дағалона вайрон гардида, ба ноболиғ Аслиддин Асозода зарари ҷисмонӣ расонида шудааст. Аз рӯйи хулосаи экспертизаи судӣ-тиббӣ ҷароҳати ҷисмонии бардоштаи ноболиғ Аслиддин Асозода зарари сабук ба саломатӣ ҳисобида шудааст. Судшавандаи ноболиғ Раҳмони Зафар зимни муҳокимаи судӣ худро бо айби нисбат ба ӯ эълонгардида айбдор дониста, аз кирдори содирнамудааш самимона изҳори пушаймонӣ кард ва аз суд хоҳиш намуд, ки ҳангоми таъйин намудани ҷазо ҷавонӣ ва падари пиронсол доштанашро ба эътибор гирифта, нисбат ба ӯ ҷазои ғайриҳабсӣ таъ-йин карда шавад. Айни замон ӯ ҳамаи зарарҳои ба ҷабрдида Аслиддин Асозода расонидаашро ба пуррагӣ ҷуброн намудааст.
Суд ҷой доштани далелҳои бадастомадаро асос гирифта, ҳукм кард, ки ноболиғ Раҳмони Зафар бо моддаи 237, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба корҳои ҳатмӣ ба муҳлати 140 соат берун аз вақти таҳсил ва бо адо намудани ҷазо дар ҷойҳои муайянкунандаи мақоми иҷрокунандаи ҳукм ҷазо дода шавад...
Чунин мисолҳо хеле зиёданд, ки дар натиҷаи бепарвоии волидон ба роҳи каҷ рафтани фарзандонро нишон медиҳанд. Аксар вақт аз сабаби бемасъулиятии падару модар ҳаёти фарзандон ҳатто зери хатар мемонад, наврас ба кунҷи зиндон меафтад, ба майнӯшию нашъамандӣ рӯй меорад, ё ба гурӯҳу равияҳои ифротӣ мегаравад. Он вақт мушти ҳасрату надомат ба сар задани волидон дигар фоидае надорад. “Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ” гуфтаанд бузургон. Ҳоло ки фурсати муносиб дар даст дорем, биёед ганҷинаи умрамон-фарзандонро дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ, илму ҳунаромӯзӣ тарбия намоем, то дар зиндагӣ ба шикасту бадбахтиҳо рӯ ба рӯ нашаванд ва боиси сархамии мову атрофиёнамон нагарданд.
Н. Амонзода,
судяи суди шаҳри
Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр