Нашрияи Омӯзгор

Тарбия фаъолияти бавусъат мехоҳад

Сана: 2020-06-11        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Муаллимон ва падару модарон оид ба мавқеи меҳнат дар инкишофи рӯзгори инсон ва камолоти ҷомеа бо хонандагон суҳбатҳо ташкил менамоянд, пешаю ҳунарҳоро тарғиб месозанд, насли наврасро  барои омӯхтани ягон касб даъват мекунанд.

Онҳо дар назди ҷомеа чӣ масъулияти бузурге доштани ҳар як фардро ба шогирдон мефаҳмонанд, барои хубтар дарк кардани муҳтавои ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ вобаста ба омӯзиш ва рафтори наку ба онҳо мадад мерасонанд. Волидон ва устодон ба хонандагон, ҳамчунин, дар бораи суннатҳои миллӣ, хусусияти ҷашнҳои миллӣ, эҳтироми арзишҳои таърихӣ, посдории хотири ниёгон, аҳамияти илму дониш сухан мегӯянд, эҳтироми волидайн, омӯзгорон, калонсолон, ҳамсабақон ва ғайраро талқин месозанд, дар ниҳоди фарзандон ифтихори миллӣ, эҳсоси ватанхоҳӣ ва башардӯстиро мепарваранд.

Вобаста ба нуктаҳои дар боло зикр гардида барои вусъатбахшии хонандагони синфҳои I-IV чорабиниҳои зайл аз ҷониби омӯзгорон дорои аҳамияти муҳим аст:

-ба ҳар усулу восита ҷалб кардани волидон, созмонҳо ва аҳли ҷомеа дар тарбияи хонандагон;

-баланд бардоштани дониш  ва маданияти педагогии волидон тавассути кумитаи падару модарон, ҳамоишҳои махсус ва ғайраҳо;

-ташкил намудани кори худомӯзии  падару модарон;

-ба волидон фаҳмондани ҳуҷҷатҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати маориф ва илм оид ба таълиму тарбия;

-тарғиби таҷрибаи пешқадами тарбияи оилавӣ дар байни падару модарон;

-тарзи тартиб додан ва иҷро кардани тартиби рӯз;

-назорат намудани волидон ба иҷрои қоидаҳои талабагӣ ва вазифаҳои хонагӣ аз ҷониби фарзандон;

-дуруст нигоҳ доштани асбобҳои хониш ва китобҳои дарсӣ;

-иштирок дар ҷамъомадҳо ва созмонҳо;

-тайёр намудани хонандагон барои дохил шудан ба созмонҳои донишафзо;

-ташкили суҳбатҳо доир ба қаҳрамони асарҳои бадеӣ, ташкили вохӯриҳо бо одамони бузург, қаҳрамонони ҷангу меҳнат;

-чорабиниҳо оид ба мустаҳкам кардани дӯстии байни аъзои оила ва талабаҳо;

-ташкил ва гузаронидани корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ;

-дар якҷоягӣ ташкил кардани маҳфилҳо, ҷашнвораҳо ва дигар машғулиятҳои берун аз синфӣ ва таъмини иштироки шогирдон дар  онҳо;

-бо мактабиён, волидон гузаронидани экскурсияҳо ба ҷойҳои таърихии маҳал;

-тайёр кардани фаъолон, ташкилотчиёни ин ё он соҳаи тарбия;

-дар якҷоягӣ таҷлил намудани санаҳои таърихӣ, анъанаҳои миллӣ ва мактабӣ;

-ташкили саёҳат ба хоҷагиҳо, заводу фабрикаҳо ва дигар корхонаҳо ба мақсади шинос шудан бо ихтисосҳои гуногун;

-ёрӣ расонидан дар корҳои хоҷагиҳо, заводу фабрикаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки дар ҷои истиқомати хонандагон воқеъ аст;

-ташкил ва гузаронидани саёҳатҳои туристӣ, ҳарбӣ ва варзишӣ;

-сафарбарсозии ташкилотҳо ва муассисаҳо барои ёрӣ расонидан дар корҳои таълиму тарбия ва хоҷагии мактаб;

-тадбирҳо оид ба интихоби касб;

-ташкил ва гузаронидани маҷлисҳо, конфронсҳо, шабҳои саволу ҷавоб;

-баргузор намудани конфронс дар мавзӯи «Мавқеи оила дар тарбияи кӯдак»;

-густариш бахшидани доираи ҷаҳонбинии умумии хонандагон;

-ҳаматарафа иҷро кардани талаботи Конститутсия, «Қонун дар бораи маориф»;

-тайёр кардани хонандагон ба ҳаёти мустақил ва масъалаҳои оиладорӣ…

Маҳбуба Давидова,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш