6 июни соли равон таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа вазъи эпидемиологӣ вобаста ба сирояти COVID-19 дар қаламрави мамлакат ва рафти иҷрои қарорҳои қаблии Ситоди ҷумҳуриявӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Вобаста ба тадбирҳои пешгирикунандаи сироят аз хатари COVID-19, дар баробари дигар ниҳодҳои дахлдор маърӯзаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода низ шунида шуд, ки матни онро пешниҳоди хонандагони ҳафтаномаи «Омӯзгор» мекунем.
Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қоҳир Расулзода ва ба аъзои ситод сипоси худ ва арҷу эҳтироми 2 миллиону 628 ҳазору 216 нафар хонандаю донишҷӯ, профессору омӯзгор ва аҳли маорифи кишварро ҷиҳати зоҳир кардани таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайваста ба соҳаи маориф ва илм баён менамоям.
Ҳамзамон, ба маълумоти шумо мерасонам, ки Вазорати маориф ва илм дар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявӣ вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) як қатор корҳоро анҷом дод.
Дар марҳилаи аввал, аз рӯзи 27 апрел то 10 май, 102 ҳазору 175 кӯдак ва 9 ҳазору 766 корманди муассисаҳои томактабӣ, 2 миллиону 33 ҳазору 900 хонанда ва 124 ҳазору 593 нафар омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба таътили муваққатӣ фиристода шуданд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ низ бо фарогирии 109 ҳазору 595 хонанда ва 8 ҳазору 686 омӯзгор, аз рӯзи 27 апрел то 10 май муваққатан таътил эълон карда шуд.
Барои донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бинобар аз худ шудани барномаҳои таълимӣ аз 4 май таътили тобистона эълон ва имтиҳони тобистона аз рӯйи рейтингҳои якум ва дуюм ҷамъбаст ва баҳогузорӣ гардид.
Дар доираи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони вазорат, раёсату шуъбаҳои маориф ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, миёна ва олии касбӣ дар ҳамаи маҳаллаву шаҳрак, кӯчаю хиёбонҳои шаҳрҳо, махсусан, шаҳри Душанбе корҳои тарғиботию ташвиқотиро ба роҳ монда, бо сокинони ҳамаи маҳаллаҳо дар ҳавлӣ ва ё назди хонаи онҳо суҳбат ороста, маводи тарғибкунандаро тақдим ва роҳҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятиро ба мардум фаҳмонданд.
Дар ин муддат вазорат бо шарикони рушд робитаро тақвият бахшида, суҳбату мулоқот доир ва баргузор кардани онлайн-суҳбатҳоро бо намояндагони онҳо ба роҳ монд. Аз ҷумла, бо ташкилоти Каритас, бо Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), бо Иттиҳоди Аврупо ва бо намояндагони ЮНЕСКО мулоқоту ҳамкориҳо баргузор ва маводи зиёди пешгирӣ аз бемориҳо дастрас гардид.
Дар доираи дархости Дафтари минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Алмаато се конфронси видеоӣ оид ба чораҳои вокуниш вобаста ба коронавирус (COVID-19) доир гардида, дар он муовинони вазир ва мутахассисони вазорат ширкат варзиданд.
Дар маҷмӯъ, аз ҷониби роҳбарияти вазорат бо намояндагони 13 кишвари хориҷии дар Тоҷикистон фаъолиятдошта ва берун аз он мустақиман ва ё тариқи онлайн вохӯриҳо доир карда, барои ба навор гирифтани филмҳо ва дарсҳои таълимӣ ва пахши онҳо аз тариқи телевизион ва онлайн, таъмин бо антисептикҳо, иштирок дар барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ ва ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотие, ки рӯҳияи мардумро баланд мебардоранд, чораҳои зарурӣ андешида шуд.
Дар робита бо шарикони рушд ва Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пурра намудани дониши хонандагон баъзе дарсҳо тариқи телевизион ба роҳ монда шуд.
Дар ин муддат кормандони вазорат ва муассисаҳои таълимӣ дар зиёда аз 60 барномаи радио ва телевизион ширкат ва суҳбат ороста, дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва коҳиши шиддати ҳолати рӯҳии мардум саҳм гузоштанд. Нашрияҳои соҳаи маориф низ рубрикаи махсусро доир ба масъалаи мазкур роҳандозӣ намуданд. Дар сомонаи вазорат низ ин мавзӯъ пайваста пайгирӣ карда мешавад.
Дар марҳилаи дуюм, вобаста ба пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус (Ковид-19) дар асоси дастури Роҳбари давлат ва дар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявӣ чунин корҳо ба анҷом расонида шуданд:
Аввалан, то ба эътидол омадани вазъ дар муассисаҳои томактабӣ таътил тамдид карда шуд.
Дуюм, муассисаҳои таҳси-лоти умумӣ аз 10 май то 16 август ба таътили тобистона фиристода шуда, идомаи таҳсил аз рӯзи 17 августи соли ҷорӣ муайян гардид. Баҳои чоряки чорум аз рӯйи натиҷаҳои се чоряки аввал ва давомоти чоряки чорум ҷамъбаст гардида, баҳои имтиҳонҳои аз синф басинфгузаронӣ аз рӯйи натиҷаи ҷамъбасти чорякҳо гузошта шуданд.
Сеюм, то 10 май дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тамоми имтиҳонҳои хатм ҷамбаст гардида, ба таътили тобистона фиристода шуданд.
Ҳамагӣ аз 38 852 нафар хатмкунанда 33 029 нафари онҳо имтиҳони хатмро супориданд, ки ин 85%-ро ташкил медиҳад.
Барои хатмкунандагоне, ки бо сабабҳои узрнок дар имтиҳони аттестатсияи хатм иштирок накарданд, супоридани имтиҳони хатм дар фасли тирамоҳ муайян карда шуд.
Чорум, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ то 10 май тамоми имтиҳонҳои хатм ҷамъбаст карда шуд. Дар маҷмӯъ, 33 ҳазору 574 нафар имтиҳони аттестатсияи хатмро супориданд, ки ин 86,9% - ро ташкил медиҳад.
Бо амалӣ кардани ин дастуру супоришҳо вазорат тавонист, ки дар пешгирӣ ва паҳн гардидани бемории коронавирус (COVID-19) дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, хусусан пойтахти мамлакат саҳми худро гузорад. Аз ҷумла, бо ҷамъбаст кардани имтиҳонҳои хатм дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва ба таътил фиристодани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе зиёда аз 415 ҳазор хонанда, донишҷӯ ва профессору омӯзгорон аз гирифтор шудан ба ин беморӣ ва паҳншавии он пешгирӣ карда шуданд.
Ҳамчунин, тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ аз 1 июни соли ҷорӣ ҷиҳати пешгирӣ ва коҳиши паҳншавии бемории коронавирус (Ковид-19) ва дигар бемориҳои сироятӣ дар байни мардум ва ҳифзи солимии аҳолӣ, аз ҷумла, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ қарор кард, аттестатсияи хатми хонандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар маҷмӯъ, 341 ҳазору 155 нафар хонанда, омӯзгор ва дигар кормандони ёрирасонро дар бар мегирад, бе иштироки онҳо баргузор ва баҳои аттестатсияи хатм дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта шавад.
Дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар арафаи таҷлили иди Рамазон муроҷиатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон, донишҷӯён, устодон, омӯзгорон, падару модарон ва аҳли маорифи кишвар ба тасвиб расид, ки он дар сомонаи вазорат ва хабаргузории АМИТ “Ховар” интишор шуд. Дар он таъкид гардид, ки падару модарон ва омӯзгорон дар рӯзҳои таҷлили иди Рамазон ва рӯзҳои дигари таътил ба вазъи саломатии худ ва атрофиёнашон таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, тартибу низоми вазъи кунунии кишварро ба таври ҳатмӣ риоя намоянд, барои идгардак ба хонаи якдигар нараванд, ҳамсинфону ҳамкурсони худро ба зиёфатҳои идона даъват нанамоянд ва шиори Вазорати маориф ва илмро, ки “Мо худ ва дигаронро аз беморӣ ҳифз менамоем” риоя кунанд.
Вазорат пайваста дастуру супоришҳои Ситоди ҷумҳуриявиро сармашқи кори худ қарор дода, дар самти пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус (COVID -19) ва дигар бемориҳои сироятӣ фаъолияти худро тақвият мебахшад.
Ситоди Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19)
Иловакунӣ
Иловакунии фикр