Нашрияи Омӯзгор

Семинари омӯзишӣ дар минтақа

Сана: 2020-06-11        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Бо ибтикории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарҳои омӯзишӣ барои тренерон-кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ ҷиҳати ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2020 оғоз шуд. Семинари омӯзишӣ барои тренерон барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб рӯзҳои 3-4 –уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки 13 нафар шунаванда дар бинои муассисаи таълимии №51-и шаҳр баргузор гардид. Ҷиҳати ташкил ва баргузории семинари омӯзишӣ барои кормандони муваққатии маъмурон барнома, модули омӯзишӣ ва маводи иловагии ёрирасон омода шудааст. Семинари омӯзишӣ барои маъмурон рӯзи 8-уми июн барои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб оғоз мегардад.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш