Нашрияи Омӯзгор

Дарси омехта

Сана: 2020-06-11        Дида шуд: 827        Шарҳ: 0

 

Дар раванди таълиму тарбия солҳои охир воситаву усулҳои гуногуни таълим матраҳ ва барои истифода ба омӯзгорон пешниҳод мегарданд, ки бешубҳа, барои боз ҳам беҳтару хубтар гардидани сифати таълиму тарбия мусоидат хоҳанд кард.

Бешубҳа, истифода аз тарзу усулҳои гуногуни муосири таълимӣ низ аз омӯзгорон дониши амиқ ва ҷаҳонбинии муносибро тақозо менамояд. Зеро мавҷудияту имконияти интихоби воситаҳои усули таълимӣ ҳоло маънои онро надорад, ки дар ин ва ё он аудиторияи хонандагон омӯзгор  ба натиҷаи хуб ноил гардидааст.

Ба ҳама аллакай усули фаъоли таълим, тарзи хамфаъол (интерактив) ва таълими салоҳиятнок маълум аст. Дар мақолаи мазкур сухан бар бораи дарси омехта меравад, ки дар замони имрӯза татбиқ шуда истодааст ва вобаста ба малакаву таҷрибаи омӯзгор усули мазкур дар синфҳои ибтидоӣ низ пурмаҳсул истифода карда мешавад.

Ин гуна дарс барои он номи “омехта»-ро гирифтааст, ки дар он ҳам тарзи анъанавӣ, ҳам усулҳои нави таълим ва ҳам таълим бо истифодаи технологияҳои замонавӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамин тариқ, барои дурусттар дарк намудани мақсад якчанд модел (намуна)-и ин дарсро дар синфҳои ибтидоӣ меорем.

Синфро ба се гурӯҳ тақсим мекунем (се зона-минтақа):

1. Минтақаи омӯзгор. Дар ин минтақа омӯзгор ба хонандагон дарс мегӯяд,бо онҳо саволу ҷавоб мекунад.

2. Минтақаи бозӣ. Дар минтақаи мазкур хонандагон ба бозиҳои интеллектуалӣ машғул мешаванд. Бозиҳо бояд бо дарс алоқаманд бошанд (кроссворд, ребус, муаммо, лото ва ғайра).

3. Минтақаи маълумот. Дар ин минтақа хонандагон ба худомӯзӣ машғул мешаванд (ба онҳо супориш дода мешавад ва вобаста ба супориш мавод дода мешавад, ки онҳо он истифода бурда, супоришро иҷро мекунанд.

Сипас, дар давоми дарс хонандагон ҷои худро иваз мекунанд. Ҳамин тариқ, дар дарс хонанда дар се минтақа давр зада истода, ҳам худаш маълумоти нав ҷустуҷӯ мекунад, ҳам бо ёрии омӯзгор мушкилиҳоро бартараф месозад, ҳам бозиҳои интеллектуалӣ кумак мекунанд, ки ӯ донишҳои худро мустаҳкам созад.

Модели дигари дарси омехта ин «дарси чаппа» аст. Яъне, омӯзгор мавзӯи навро ба ҷои вазифаи хонагӣ медиҳад. Хонанда дар хона бо истифодаи расонаҳои интернетӣ, китоби дарсӣ ва манбаъҳои дигар дарси навро меомӯзад. Баъд маълумоти азхудкардаи ӯ дар дарс баррасӣ ва аз тарафи омӯзгор пурра карда мешавад.

Боз як модели дигари дарси омехта: «гурӯҳи автономӣ». Хангоми дарс гурӯҳеро иборат аз 4-6 хонанда интихоб карда, ба онҳо супориши махсус дода мешавад. Ин супоришро онхо то охири дарс бо истифода аз маводи гуногун мустақилона бе ёрии омӯзгор иҷро мекунанд. Дар охир омӯзгор барои онҳо 10-15 дақиқа вақт ҷудо мекунад, то маълумоти гирифтаи худро ба аҳли синф баррасӣ кунанд.

Барно Раҳмоналиева,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш