Нашрияи Омӯзгор

Таълими салоҳиятнок ва афзалияти он

Сана: 2020-06-11        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Низоми таълиму тадрис дар афзоиши дониш ва суръати ҳайратафзои рушди миллат, алалхусус, фард нақши олиро мебозад. Гунаҳои тадриси имрӯзи мамлакат якбора рӯйи кор наомадаанд, яъне пайроҳаҳои гуногунсамти таърихро тай намудаанд. Ҳатто дар мисоли як нафар таълимдиҳанда-омӯзгор метавон бо вуҷуди якрангии қолаб санъати гуногунҷабҳаи тадрисро ба мушоҳида гирифт. Аз ин лиҳоз, дар маҷмӯъ интихоби шаклҳои таъсирбахши таълим дар ҳоли имрӯз айни муддаост.

Аз ин нигоҳ, тарзи таълими босалоҳият қобили қабул аст, чунки аз  нигоҳи коршиносон, афзалиятҳоеро дорост, ки метавонад манфиатовар бошад.

Яке аз бартариятҳои таълими босалоҳият, озод будани хонанда дар баёни фикр маҳсуб меёбад, чунки дар мавриди озодонаи баёни дарки мавзӯи матраҳшаванда  вай метавонад ба муваффақиятҳо ноил гардад: ақидаи худро иброз медорад; ба ҳақ ё ботил будани он ҷавоби муайян мегирад; дар асоси иловаи омӯзгор ва хонандагон ақидаашро тақвият мебахшад; дигар ин ки,  модели тарзи таълими фаъол дар муқоиса бо тарзи ғайрифаъоли таълим афзалияти беамсол дорад.

Зинаи эҷодкорӣ барои таҳияи идеяи манфиатбахш, расидан ба шакли ғайримаъмулии ҳалли мушкилот, фикрронии образнок ва ғайра кумак мерасонад ё ба истилоҳ шароит фароҳам меоварад.

Тафаккури интиқодӣ заминагузори баҳс ва ҳамгирокунии фикри якчанд нафар мегардад, ки ба хулосаҳои дақиқ ва ҷолиб оварда мерасонад. Равияи мазкур имкони хуби ибрози афкори марбути мавзӯъ ва гирифтани ҷавобҳои ҷолиби яксамта мебошад.

Ҳамчунин, маҳорати омӯзиш дар ҳамгироии ҷузъҳои дигар водор месозад, ки таълимгиранда мустақилона ба омӯхтан шуғл варзад ва барои афзалият пайдо намудан беш аз пеш ҷӯстуҷӯ намояд.

Шакли коммуникативӣ шароит фароҳам меоварад, ки қабул ва интиқоли иттилоот новобаста аз шакл- шифоҳӣ, хаттӣ, аёнӣ-графикӣ ва ғайра сурат гирад, ки ин қолаб ба рушди устувори савияи дониш мусоидат мекунад.

Ҳамкорӣ бошад, дар ниҳоди хонанда малака ва маҳорати ҳамгиро кардани ақида ва фикри худро бо ҳамсабақон ва махсусан, гурӯҳ дар шакли гурӯҳӣ, ҳалли ҳамдастии масоилро бедор мекунад, ки заминаи воқеан олӣ дар болоравии тафаккури хонанда мебошад.

Умуман, бо якчанд тариқ ва усулҳои ҷудогона ё ҷузъии низоми босалоҳиятӣ наметавон ақидаи хулосакунанда дар доираи низоми мазкур дошт, аммо шарҳи мафҳумҳои овардашуда ҳамчун далелҳо ихтисорае аз низоми ҷадид маҳсуб меёбанд, ки дарк ва натиҷагириро ба зиммаи мутолиакунанда вогузор мекунад. Паҳлӯҳои мухталифи ин низом, ки байни ҳам ҳамгиро гардидаанд, воқеан аз нигоҳи комил ҷолибанд, чунки озодона фикр намудан ва баёни мақсаду андеша метавонад самараи нек ба бор оварад. Бинобар ин, аз нигоҳи мо, низоми салоҳиятнок саривақтӣ, самаранок, замонавӣ, манфиатовар ва айни муддао мебошад.

 

Миҷгона ДАВЛАТОВА,

омӯзгори мактаби №25-и

ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш