Нашрияи Омӯзгор

Бозомузӣ бо шеваи нав

Сана: 2020-06-11        Дида шуд: 821        Шарҳ: 0

 

Дар мактаби №33, шаҳри Панҷакент курси такмили ихтисоси омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик баргузор гардид, ки дар он 27 нафар омӯзгор иштирок карданд.

Бо мо омӯзгорону донишманду варзида аз Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд Муқаддама Набиева, мушовирони шуъбаи маорифи шаҳри  Панҷакент Алишер Мутрибов ва Раҳмонбердӣ Имомбердиев вобаста ба  усулҳои нав машғулиятҳои ҷолибу ашвқовар гузарониданд. Аз ҳамаи навгониҳо ва шеваи нави тадрис ва тарзи истифодаи онҳо баҳравар гардидем. Усулҳои «Ангезиши зеҳн», «Рӯзномаи  дубахша», «ММД», (медонам, донистан мехоҳам, донистам) «Кластер», «Интерт», «Синквейн», «Лимерик», «Таълими луғат», «Калимаҳои ҳамқофия» ва ғайраро аз устодон бо намунаҳояшон омӯхтем.

Ҳангоми омӯзиши достон, романҳо ва асарҳои калонҳаҷм бояд омӯзгорон аз усули «Дарс - сериал» истифода намоянд.

Мувофиқи ин усул мавзӯъҳои калон ба қисмҳо ҷудо карда мешаванд ва ҳар бахш ба хонандае  вогузор карда мешавад. Агар мавзӯъ «Достони разми Рустам бо Исфандиёр» бошад, мо достонро ба 5 қисм оғози набард, «Ҳалоки Нӯшозар, «Меҳрнӯш», «Гурехтани Рустам ва чора сохтани Симурғ», «Набарди дуюми паҳлавонон» ҷудо мекунем ва ҳар қисмро хонанда нақл менамояд. Ин метод мавриди пурсиши вазифаи хонагӣ ба кор бурда мешавад. Ба ҷойи як кас – панҷ касро мепурсем ва хонанда давоми достонро  аз нақли  ҳамсинфаш бо шавқ интизор мешавад. Калимаҳои калидӣ ҳангоми накли хаттӣ ва  навиштани ҷумлаҳо ба кор бурда мешавад. Дар усули «Синквейн» аз шеъри 5-мисраии беқофия чунин ҳиссаҳои мустақил, ҷумла ва муродифро меёбем:

1.Исм-мактаб

2.Сифат –зебо, калон

3. Феъл – таълим медиҳад, тарбия медиҳад, меомӯзонад.

4.Ҷумла – мактаб макони омӯзиш мебошад.

5. Муродиф – дабистон.

Барои мустаҳкам намудани қофиядонии хонандагон «Усули  қофияёбӣ»-ро ба кор мебарем. Дар тахтаи синф ҷадвал кашида,  6 калимаро дар 6 сутун менависем  ва ба хонандагон супориш медиҳем, ки калимаҳои ҳамқофияро дар зери ҳамдигар нависанд. Омӯзгор калимаҳоро талаффуз мекунад, хонандагон менависанд:

Нигоҳ Паст   Дил    Мавзун          Корвон           Бедор

Ҷилвагоҳ       Даст    Мушкил        Берун Забон Озор

Иштибоҳ       Маст   Гил     Мазмун         Дастон           Хумор

Сипоҳ            Побаст           Манзил         Қонун Меҳмон          Ночор

Гуноҳ  Пайваст         Соҳил Ҳомун            Сорбон          Такрор

 

 

Ҳамин тавр, доир ба методҳои басо диққатҷалбкунанда маълумоти кофӣ гирифтем.

Ҳамаи мо дар мавзӯъҳои гуногун эссе ва кори эҷодӣ навиштем. Ин курси бозомӯзӣ аз курсҳои солҳои қаблӣ басо муассир буду мо  барои худ таассуроти фаромӯшнашуданӣ гирифтем.

Нигоҳ Паст   Дил    Мавзун          Корвон           Бедор

Ҷилвагоҳ       Даст    Мушкил        Берун Забон Озор

Иштибоҳ       Маст   Гил     Мазмун         Дастон           Хумор

Сипоҳ            Побаст           Манзил         Қонун Меҳмон          Ночор

Гуноҳ  Пайваст         Соҳил Ҳомун            Сорбон          Такрор

 

Фатҳуллоҳи Сафарзода,

омӯзгори мактаби №50, шаҳри Панҷакент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш