Нашрияи Омӯзгор

Маҳорати омӯзгор ва “Ҷумбиши сабо”

Сана: 2018-07-05        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Ҳама медонанд ва дуруст мешуморанд, ки омӯзгор ба ҳар дарс бо ҳадафе бояд дарояд, вагарна ӯ ба аҳволи мусофири ба диёри ноошно пойгузоштае меафтад ва гуфтору ҳаракатҳояш ноустувору камтаъсир гашта, барҳадар меравад.

Аз ин рӯ, ҳар дарс бояд як ҳадафи умда ва асосӣ дошта бошад. Аммо баъди ба синф даромадан аз мушоҳидаи таваҷҷуҳ, завқ, шавқ, кайфияти шогирдон, аз дарки аҳвол ҳадафҳои зиёдеро гирди ҳадафи асосӣ ҳамел бастан лозим меояд ва мумкин ҳам аст. Ҳатто шӯхию хушҳолӣ ва хандидан метавонад ҳадафе аз ҳадафҳои дарс бошад. Дар ин росто, ҳар омӯзгор усулу равиши худро бояд дошта бошад, зеро бардошту ҳиммати ҳар кас ба ҳар поя аст. Аз ҳар кас як равишу як натиҷаро талаб кардан дуруст нест. Ҳеч кас зиёдтар аз бардошти ҳиммати худ коре ҳам карда наметавонад.

Дарсгӯйӣ ба назари мо ҳунари пухтупазро мемонад. Аз кадом нигоҳ раванди ин ду чиз, яъне тадрис ва таббохиро монанд донистем?

Ҳар дарс мисли палав унсурҳои асосӣ: нақл, пурсишу посух, баёни мавзӯъ, шарҳу эзоҳ, мулоҳиза, муҳокима ва ғайра дорад. Ба он ба ғунҷоиши шароит ва бардошти имконот мувофиқ кунонда, хеле чизҳои дигар, мисли баҳс, муаммо, тақлид, бадеҳа, базла, навозиш, шӯхӣ, ситоиш ва ҳоказоро изофа кардан мумкин аст. Вақте “дарси фалонӣ пурманфиат ва хотирмон мегузарад; ӯ ҳар мавзӯъро пуробуранг баён мекунад; шогирдонаш аз дарс гӯш кардан ҳеч хаста намешаванд” –мегӯянд, ҳамин чизҳоро дар назар доранд.

Хулосаи навиштори боло ин аст: Дарс минбари маърӯзахонӣ ё ваъзгӯӣ не, балки майдони ҷавлони малакаю маҳорати махсус, соҳати пиёда сохтани орзуву ормонҳо ва ҳадафҳои хурду бузург, раванди мураккаби дар маҷмааи муҳташаме таҷассум намудани Донишу Ҳунар аст. Муаллим бояд бо дарс биёмезад, дарсро мисли нафас кашидан, об нӯшидан ва хӯроку пӯшок як лузуми зиндагии худ донад. Ӯ бояд шахсият ва кору амалашро, яъне худашро, донишу биниш ва фаҳмишу ҳунари худро, ҳадафу ниятҳои худро ба мундариҷаи дарс кӯчонад.

Доираи мутолиа ва соҳати таваҷҷуҳоти омӯзгор ҳар қадар бовусъат бошад, дарс ва суҳбатҳои ӯ бо шогирдон ба ҳамон андоза осону равон, завқовар, пурманфиат, ҷолибу таваҷҷуҳбарангез ва дар ёду хотирҳо мондагор сурат мегирад. Шогирди чунин устод фаҳиму зирак ва борикбину хушфиросат, ҳадшиносу боинсоф ба воя хоҳад расид.

Дар синф чӣ қадар, ки хонандаҳо ҳастанд, ҳамон миқдор дастони болошударо дидан чӣ хуш аст! Гоҳи мушоҳидаи чунин аҳвол лаҳзае, гуфтан мумкин аст, ки карахтона, вале бо нигоҳи ризомандонаю навозишкорона дар шунидани посух сустӣ мекунам. Дақиқтараш, барои посух гуфтан ба нафаре зуд иҷо-за намедиҳам, яъне нафасе муаттал медорамашон. Дар ин фосила онҳо дастони болокардаашонро шофтар намуда, ба болои хоҳиши ҷавоб гуфтан эҳсосе мисли рағбат, кунҷковӣ ё эҳсоси дигар зам карда, ҷониби муаллим довталабонатар менигаранд. Мушоҳидаи чунин аҳвол дар ботини кас чӣ эҳсоси рангину рӯҳафзое бедор мекардааст!

Ҳар омӯзгор махсус таваҷҷуҳ накарда бошад ҳам, борҳо мушоҳида кардагист, ки хонанда дар вақти дарс барои гуфтани маъние, изҳори фикри худ, фаҳмондани эҳсосот, таассурот ва андешаҳои худ сухани даркориро бо душворӣ меёбад, аммо чун ба танаффус баромад, ғавчӯби пеши забонаш бардошта мешавад, озоду сабук ва буррою равон гуфтугӯ мекунад, гӯё забонаш ҳеч лакнате надошт, ҳеч гоҳ вақти гап задан забон намехоид.

Чаро баъзе хонандаҳо чунин аҳвол доранд? Оё онҳо бе ҳаракати дасту по ва дигар узвҳои пайкар ҳарф зада наметавонанд? Ҳаракати забон ва дигар узвҳои нутқашон ба ҳаракати ҳама узвҳои муҳаррики бадан вобаста аст? Ё чунин аҳволро дигар сабабҳо бошад? Чунончи, ҳеч гоҳ то ин дам фикру андешаи бачаро дар масъалае напурсидани калонсолон, ӯро ба суҳбатҳои худҳошон роҳ надодани онҳо боиси ин ҳол гардидааст?

Чӣ бояд кард, ки чунин озод ва бе лакнат гуфтугӯ карданҳо ҳангоми танаффус ба бебокона ҳарф задан дар вақти дарс кӯчад?

Ана ин масъала муаммои саҳл нест. Мушоҳида, мулоҳиза ва тадқиқу таҳлили ҷиддӣ, ёфтан ва истифода кардани равишҳои дархур ва дар асоси натиҷаи бардошта ба хулосаи дуруст омаданро тақозо мекунад. Барои ҳалли дурусти муаммо ба андозаи кофӣ донистани хеле чизҳо аз илмҳои равоншиносӣ ва ... биология лозим будагист...

Чаро дарси хуб, дарси ҳадафмандонаю хотирмон аз дарси бад, аз дарси сараму дилам гузарондашуда, ҳарчанд аз нигоҳи моддӣ нигарем, ҳам барои ину ҳам барои он як хел маош пардохта мешавад, беҳтару бартар аст?

Бартарӣ танҳо аз нигоҳи ҳалолнамакӣ, вазифашиносӣ, мавриддонӣ, ояндабинии бар заминаи маънавиёти бопаҳнои писандида бунёдёфта бармало возеҳ мешавад.

Бо дили гарм ва роҳати хотир ба синфхона даромадан ва болидарӯҳу қаноатманд аз он баромадан чӣ хушбахтист!

Сабост, ки ба машом накҳати хуш орад. Бале, барои ба димоғ расидани бӯйи хуш ҷунбиши сабо мебояд. Маҳорату малака, диду биниш ва ҳар имконоти фитрию зеҳнии шогирдро бӯйи хуш фарз бикунем, ройи савоб ва ҳар гуфтору кирдори дурусти устод, ҳар дарси хуби ӯ ба ҳукми ҷунбиши сабо мегузарад...

 

Абдуғанӣ Муҳаммадиев,

омӯзгори мактаби № 29,

ноҳияи Деваштич


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш