Нашрияи Омӯзгор

Низоми кредитии таҳсилот: мушкилиҳо зиёданд

Сана: 2020-06-11        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

Мақсади ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ дохил гардидан дар ҷумҳурӣ аз он иборат аст, ки ба талаботи низоми байналмилалии таҳсилот риоя намоем ва дараҷаи тахассусе, ки хатмкунандаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ соҳиб мегарданд, бояд ҳам дар бозори ҷаҳонии таҳсилот ва ҳам дар бозори меҳнат эътироф гардад ва дипломҳо баробарарзиш гарданд.

Яке аз бартариҳои низоми кредитии таҳсилоти аврупоӣ аз он иборат аст, ки бояд дипломҳои додаи мактабҳои олии ҷумҳуриамон дар ҳамаи мамлакатҳои Аврупо эътироф гардад.

Татбиқи низоми кредитии таҳсилоти аврупоӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон нишон дод, ки он яке аз усулҳои замонавию самарабахш дар тайёр намудани бакалаврҳои ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалию давлатӣ ба шумор меравад.

Барои ба донишҷӯён фаҳмондани талаботи ҷузъиёти низоми кредитии таҳсилоти аврупоӣ дар факултаҳо ду нафар эдвайзер (машваратчӣ), (як нафар барои донишҷӯёни курсҳои якуму дуюм ва нафари дигар барои донишҷӯёни курсҳои сеюму чорум) фаъолият менамуданд. Имрӯзҳо бо мақсади сарфакорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вазифаи эдвайзерҳоро ҷонишинони декан доир ба таълим – эдвайзер иҷро менамояд. Яъне, вазифаи эдвайзерӣ ба зиммаи ҷонишинони декан доир ба таълим гузошта шудааст.

Ба донишҷӯёни курси якум эдвайзерҳо бояд низоми кредитии таҳсилоти аврупоиро бо тамому талаботу нозукиҳояш шарҳу тавзеҳ диҳанд ва онҳо аз рӯзи аввали таҳсил ба талаботу нозукиҳои ин низом риоя кунанд ва устодон низ мувофиқи ин низом фаъолияти худро ба роҳ монанд.

Дар низоми кредитии таҳсилоти аврупоӣ 50-65% сарбории донишҷӯёнро кори мустақилонаи онҳо ташкил менамояд. Яке аз намуди кори мустақилонаи донишҷӯён, кори мустақилона таҳти роҳбарии устод (КМРУ) ном дорад. Машғулиятҳои КМРУ–ро устодон ҳама вақт дар сатҳи зарурӣ ташкил кардаю гузаронида наметавонанд.

Барои барҳам задани ин камбудӣ кормандони  департаменти таълими Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муаллифи ин сатрҳо дастури методиро бо номи «Кори мустақилонаи донишҷӯён» соли 2009 аз чоп бароварданд. Дар китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 150 нусха ин дастури методӣ доир ба кори мустақилонаи донишҷӯён мавҷуд аст ва аз ҷониби устодону донишҷӯёни  донишгоҳ қариб истифода бурда намешаванд.

Дар ин дастур роҳу усул ва ҷанбаҳои гуногуни кори мустақилонаи донишҷӯён ҳам дар низоми кредитии таҳсилоти аврупоӣ ва ҳам барои низоми муқаррарии таҳсилот нишон дода шудааст. Дастури методии мазкурро устодону донишҷӯёни дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ низ истифода бурда метавонанд.

Мавриди истифода қарор нагирифтани ин дастури таълимӣ шаҳодати он аст, ки корҳои мустақилонаи донишҷӯён, аз ҷумла, машғулиятҳои КМРУ дар донишгоҳ дар сатҳи  зарурӣ ташкил кардаву гузаронида намешаванд.

Барои ҳаллу фасли масъалаҳои низоми кредитии таҳсилоти аврупоӣ дар назди департаменти таълим (ҳоло раёсати таълим) семинари илмӣ – методии доимоамалкунанда фаъолият менамуд. Ин семинар ҳар моҳ, мунтазам дар асоси нақшаи аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ тасдиқгардида фаъолият менамуд ва дар ҷаласаҳои он масъалаҳои ҷараёни таълим ҳаллу фасл карда мешуданд. Ҳоло фаъолияти ин семинари илмӣ – методии ба сифати ҷараёни таълим саҳмгузоранда қатъ гардидааст. Ба назар чунин менамояд, ки гӯё дар донишгоҳ ҳамаи масъалаҳои ҷараёни таълим ҳаллу фасл гардида бошанд.

Масъалаи дигаре, ки ба баланд бардоштани сифати ҷараёни таълим ва сифати тайёр кардани бакалаврҳои замонавӣ таъсири мусбат мерасонад, ин гузаронидани «Машғулиятҳои санҷиши хаттӣ» буд.

Барои самарабахш гузаронидани «Машғулиятҳои санҷиши хаттӣ» бо ташаббуси сардори департаменти таълим, барои тафтиши санҷиши хаттии дар «Машғулиятҳои санҷиши хаттӣ» гузаронидашуда ҳар ҳафта ба соатҳои дарсии устоди фан 1 соат сарборӣ ҷудо карда шуда буд, то ки ин машғулиятҳо ба сифати баланд гузаронида шаванд.

Дар донишгоҳ бо мақсади сарфакорӣ аз ҳисоби ҷараёни таълим як соати барои тафтиши санҷиши хаттии бакалаврҳо ҷудо гардида, аз сарбории устодони фанҳо бардошта шуд. Ҳоло санҷишҳои хаттӣ дар гурӯҳҳои таълимӣ гузаронида намешаванд ва агар гузаронида шаванд ҳам, дар сатҳи паст қарор доранд.

Семинари илмӣ – методии назди раёсати таълим, фаъолияти эдвайзерҳо ва «Машғулиятҳои санҷиши хаттӣ» барои баланд бардоштани сифати таълим ва сатҳи омода намудани бакалаврҳои касбӣ дар низоми кредитии таҳсилоти аврупоӣ манфиатовар буданд.

Дар низоми кредитии таҳсилоти аврупоӣ бояд бакалаврҳо  корҳои мустақилонаро дар сатҳи баланд иҷро кунанд, то ки дар муассисаҳои олии касбӣ бакалаврҳои ҷавобгӯи стандартҳои давлатию байналмилалӣ тайёр карда шаванд.

Сифати тайёр кардани бакалаврҳои замонавӣ аз тарзу усули гузаронидани КМРУ вобастагии калон дорад.

Тарзи самарабахш гузаронидани КМРУ- ро аз фанни «Консепсияҳои табиатшиносии муосир» пешниҳод менамоем.

Дар ин машғулиятҳо донишҷӯён ба иҷрои корҳои мустақилона машғул мешаванд. Ба сифати кори мустақилона ба донишҷӯён супориш дода мешавад, ки доир ба мавзӯъҳои кори мустақилонае, ки дар силлабуси (барномаи кории) дар асоси барномаи таълимӣ таъсис додашуда, реферат ё конспект навишта, доир ба мавзӯъҳои машғулиятҳои лексионӣ саволҳои тестиро бо ҷавоби дурусташон дар дафтарашон дарҷ намоянд.

            Дар ин машғулият бакалаврҳо кори мустақилонаро иҷро намуда, саволҳо ва масъалаҳои мушкилу душворро бо саволу ҷавоб бо устод ҳаллу фасл менамоянд ва бо навбат реферату конспектҳо ва саволҳои тестии омӯхтаашонро ба устод барои қайд нишон медиҳанд.

            Бакалаврҳо доир ба мавзӯи реферату конспектҳои навиштаашон маърӯза менамоянд.

Ҳамин тавр, ҳангоми иҷрои корҳои мустақилона дар бакалаврҳо малакаи маърӯза кардан пайдо мегардад. Баъзе аз бакалаврҳо доир ба рефераташон дар конфронсҳои илмии донишҷӯён маърӯза менамоянд.

Бо ин усул иҷрои корҳои мустақилонаю супоришҳоро аз бакалаврҳо талаб намуда, ҳар ҳафта ба онҳо холгузорӣ карда мешавад.

Барои холгузорӣ ба дониши бакалаврҳо ва иҷроиши корҳои мустақилонаю супоришҳо аз системаи баҳогузории 100 - хола истифода бурда мешавад. Баҳогузории 100 - хола тамоми фаъолияти бакалаврҳою магистрҳоро дар бар мегирад ва ҳар як фаъолияти бакалаврҳо холгузорӣ карда мешаванд.

Ҳар ҳафта ба фаъолияти бакалаврҳо холҳои мувофиқ гузошта мешавад.

Аз рӯйи холҳои ҳарҳафтаина имтиҳонҳои фосилавии (рейтингҳои якум ва дуюм) бакалаврҳо холгузорӣ карда мешавад.

Бо ин усулҳо баҳогузорӣ кардани дониши бакалаврҳо натиҷаҳои назаррас дода истодааст.

Барои дар сатҳи зарурӣ баланд бардоштани сифати таълим ҳамаи устодон бояд машғулиятҳо, аз ҷумла, машғулиятҳои КМРУ–ро дар сатҳи зарурӣ ташкил намуда, самарабахш гузаронанд. Нисбат ба иҷрои корҳои мустақилонаю супоришҳо ҳамаи устодон талаботи якхела доштанашон лозим аст.

Таҷрибаи корӣ нишон дода истодааст, ки қисми зиёди устодон талаботу нозукиҳои низоми кредити таҳсилоти аврупоиро риоя накарда, ба иҷрои корҳои мустақилонаю супоришҳои бакалаврҳо диққати ҷиддӣ намедиҳанд.

Ҳангоми гузаштани машғулиятҳо аз фанни «Консепсияҳои табиатшиносии муосир» ба бакалаврҳои курси дуюми ихтисоси 960101 - фаъолияти гумрукӣ гурӯҳҳои тоҷикӣ ва русӣ, курсҳои якуми ихтисосҳои 250107 - Иқтисодиёт ва ташкили бизнеси тарабхонаҳо, 25010717- Иқтисодиёт ва идоракунии дар корхонаҳо, 260202 - Менеҷмент, 890101 – саёҳат ва меҳмондорӣ, факултаи «Иқтисодиёт ва менеҷмент», дар нимсолаи якум соли хониши 2019-2020, бакалаврҳои курсҳои якум ихтисосҳои 250109 - Молшиносӣ ва экспертизаи молҳои истеъмолӣ, 910101- Технология хӯроки оммаи факултаи «Тиҷорат ва гумрук» дар нимсолаи дуюм соли хониши 2019-2020 маълум гардид, ки онҳо доир ба низоми кредитии таҳсилоти аврупоӣ ва талабот нозукиҳои он маълумоти зарурӣ надоранд.

Бакалаврҳои гурӯҳҳои номбурда дар бораи иҷрои корҳои мустақилонаю супоришҳо ва омӯзиши саволҳои тестӣ тасаввурот надоранд ва чӣ тавр иҷро кардани онҳоро намедонанд.

Ҳангоме ки дар асоси барномаи таълимию силлабуси «Консепсияҳои табиатшиносии муосир» аз бакалаврҳои ин гурӯҳҳои таълимӣ, иҷрои корҳои мустақилона, конспектҳо, супоришҳо ва омӯзиши саволҳои тестиро талаб мекунед, ба иҷрои ин талаботҳо онҳо омода нестанд.

Сабаби чунин муносибати бакалаврҳои ин гурӯҳҳои таълимӣ аз он иборат аст, ки устодони дигар фанҳои таълимӣ аз онҳо ба таври ҷиддӣ иҷрои корҳои мустақилонаю супоришҳо ва омӯзиши саволҳои тестиро талаб намекунанд, ба дониши бакалаврҳо рӯякӣ холгузорӣ менамоянд.

Бакалаврҳо ба холҳои муфт соҳиб гардида, барои баланд бардоштани сатҳи донишашон кӯшиш ба харҷ намедиҳанд.

Ин тавр муносибат кардани устодон ба иҷрои корҳои мустақилонаю супоришҳо ва омӯзиши саволҳои тестӣ сабаби паст гардидани сатҳи дониши бакалаврҳо мегардад.

Бакалаврҳои имрӯзаи ба донишгоҳ дохил гардида, сатҳи дониши паст доранд, аз китобхонӣ дуранд. Баъзеи онҳо ҳавсалаи аз китобхонаи донишгоҳ китоб гирифтанро надоранд. Бо роҳи навиштани реферату конспект ва омӯхтани саволҳои тестӣ онҳо маҷбур мешаванд, ки аз китобҳои дарсӣ истифода баранд.

Таҷрибаи имрӯзаи корӣ бо бакалаврҳои курси якуми ихтисоси молшиносӣ ва экспертизаи молҳои истеъмолӣ нишон дода истодааст, ки онҳо аз фанҳои «Физика» ва «Консепсияҳои табиатшиносии муосир» дар нимсолаи дуюми соли хониши 2019-2020 ба иҷрои ягон кори мустақилона (навиштани реферату конспект) ва омӯзиши саволҳои тестӣ майлу рағбат намекунанд.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар нимсолаи якуми таҳсил бакалаврҳои ин гурӯҳи таълимӣ ягон кори мустақилона иҷро накарда, бо холгузории рӯякӣ рейтингу имтиҳонҳои ҷамъбастиро аз фанҳои таълимӣ супориданд. Пас, маълум мешавад, ки дар ин гурӯҳи таълимӣ дар нимсолаи якуми хониш устодон машғулиятҳоро гузаронидаанду нисбат ба баландбардории сифати таълим ва сатҳи омода намудани бакалаврҳои замонавӣ парвое надоранд.

Татбиқи низоми кредитии таҳсилоти аврупоӣ нишон дод, ки самарабахшии он аз омилҳои зиёде вобастагӣ дорад. Баъзе омилҳое, ки ба ташаккулёбии бакалаврҳои касбӣ саҳми муҳим мегузоранд, дар тадқиқоти устодони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон нишон дода шудааст.

Таҷрибаи чандинсолаи корӣ нишон дод, ки дараҷаи азхудкунии бакалаврҳо ба талаботи устодон нисбат ба иҷрои корҳои мустақилона (реферату конспектҳо) ва омӯзиши саволҳои тестӣ вобастагии зич дорад.

Ҳамид Маҷидов,

Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои  техникӣ, профессори

Донишгоҳи давлатии

тиҷорати Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш