Аҳли сайёра саводомӯзиро тавассути «Алифбо» оғоз мекунанд. Зеро дар он равишҳову методҳои омӯзишӣ вуҷуд дорад, ки бо истифода аз донистани ҳар ҳарфи он инсон метавонад донишманд ё босавод гардад. Дар ҳақиқат, ҳамаи ҳарфҳои омӯзишии китоби «Алифбо» ченак ё моделе мебошанд, ки бо истифодаи дурусти онҳо хонанда ба таври бояду шояд ва шавқмандона метавонад ибораву вожаҳое сохта, онҳоро ҳифз ва ёд кунад. Банда дар мисолҳои омӯзишии китоби «Алифбо» бо яке аз ҳарфҳои он, ки «О» ном дорад, хело таваҷҷуҳ зоҳир карда, ин «о» хурдакак, аммо неруманду арзишмандро бо Артиши миллӣ пайванд дода, се вожаеро дарёфтам, ки рӯҳияи Артиши моро ташкил медиҳанд. Ин вожаҳо бо ҳамин ҳарфаки «о» оғоз ёфта, иборатанд аз «Озодӣ», «Ободӣ», «Оромӣ», ки ормону осори Артиши ҷавони Тоҷикистони навин мебошанд. Дар ҳақиқат, ҳамин ҳарфаки «О»-и китоби «Алифбо» ба мо чунин ибораҳои созандаву бозандаву ободкоронро омӯзиш додааст, ки бо ёдгирии онҳо метавонем, ҳадафу мақсадҳоямонро далерона амалӣ созем. Ва чуноне ки дар ҳамин “Алифбо” омадааст:
Аз ин китоби хоно,
Аз расмҳои зебо
Ҳарфи бисёр омӯхтем,
Мо гапу кор омӯхтем.
Ҳар чӣ, ки хостем мо,
Ёфтем аз «Алифбо».
Бояд донист, ки артиш, қувваҳои мусаллаҳ, урду, армия (русӣ), «аrmy» (англисӣ), «ҷайш» (арабӣ) дар фарҳангҳо ба неруи низомие ишорат шудааст, ки барои ҳифзи сарзамин ба таври муназзам ва мураттаб мубориза ва талош меварзанд. Табиист, ки ҳадафу мароми Артиш ин ҳифзу саломатӣ ва ободии мардуми ин ё он сарзамин буда, асосу пояи онро садоқату матонату ҷасорат ташкил ва неру мебахшад.
Кишвари мо истиқлолияташро ба осонӣ дарёфт кард, аммо дар раванди худшиносӣ, бозсозӣ ва нигоҳдорӣ он ба хатарҳои дохилаву хориҷа рӯ ба рӯ шуд ва қариб буд, ки бо тавсияҳои номуносибу мудохилаҳои душманони миллат маҳв гардад. Шакке нест, ки ҳар миллату халқи ҷаҳон бо дониш, забон, маҳорат ва адабу орифону олимону ҷавонони худ ифтихору шарафмандӣ мекунад. Миллати мо низ бо гузаштаи худ ифтихор намуда, ояндаашро ободу озоду ором нигоҳ медорад. Дар ин самт тамоми афроди ҷомеаи мо шарик буда, неруи ҷавони мо бештар масъулияти онро ба дӯши худ гирифтаанд, ки мо аз чунин фарзандони обруманду тавоно ифтихор менамоем. Ҳамин буд, ки кишвари Тоҷикистони навин баъд аз истқлолият ба чолишҳову хатарҳои дохиливу хориҷӣ дучор шуда, дар вартаи даҳшатноку ваҳшатноке қарор дошт. Дар ҳамин вақту замон барои ҳифзи Ватан ҳамин Артиши миллӣ ташкил шуд ва бо ҳамин вожаҳои ҳарфаки «О»-и «Алифбоҷон, Алифбо» зери ибораҳои фараҳбахшу файзбахшу фидокоронаи Озодӣ, Ободӣ ва Оромӣ бо неру, ҷасорату матонат қадамҳои нахустинашро аз дараҷаи сифр 23-юми феврали соли 1993 оғоз бахшид. Бо ҳамаи дасисаву кашмакашу мудохилаи душманони дохиливу хориҷӣ ҳамин Артиш тавонист, исбот кунад, ки ҳар миллате ки аз донишу малака ва садоқату фаросат корашро оғоз бахшад, метавонад ба сӯи қуллаи умед бирасад. Зеро беҳуда нагуфтаанд:
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста
гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста
гардад.
Хулоса, ҳар ҳарфи «Алифбо» ибратомӯз буда, вожаҳои «Озодӣ, Ободӣ ва Оромӣ”-и он рӯҳияву осори Артиши миллии Тоҷикистони навин мебошад, ки имрӯз дар харитаи олам номаш чун давлати комилҳуқуқи ҷаҳон сабт гардидааст. Кишвар бо ҳамкории неруҳои кишварҳои олам метавонад тавонмандии Артишро боз ҳам обутоб дода, дар барномаву тамринҳои дохиливу хориҷӣ бештар иштирок карда, дар рушди ҷомеаи башарӣ саҳмгузор бошад.
Мирсаид Раҳмонов,
ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқи
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр