Нашрияи Омӯзгор

Ховалинг: сохтмони кӯдакистон дар Шугнов

Сана: 2020-06-11        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг корҳои ободонию бунёдкорӣ бомаром идома доранд. Дар ин давра дар Ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи мазкур сохта ба истифода додани 60 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз аксари иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

Тавре раиси Ҷамоати деҳоти Шугнов Изатулло Файзов иттилоъ дод, ҳоло бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ва ҷалби соҳибкорон дар маркази ҷамоат сохтмони бинои дуошёнаи маъмурии ҷамоат иборат аз 6 утоқи корӣ, толори маҷлис барои 60 ҷойи нишаст оғоз гардидааст. Дар корҳои сохтмонии нишооти мазкур 8 нафар сохтмончиён ва мутахассисони маҳаллӣ ҷалб шудаанд.

Инчунин, соҳибкорон корҳои бунёдкориро дар иншооти боғчаи бачагона барои сад ҷой вусъат бахшиданд. Бинои боғча аз ду ошёна иборат буда, тибқи лоиҳа он ҷавобгӯ ба талаботи замони имрӯза бунёд мегардад. Мутахассисон ва сохтмончиён бо ҷойи хоб, се вақт хӯрок ва музди меҳнат сари вақт таъмин мебошанд.

Ҳоло яке аз мушкилоти асосии сокинони Ҷамоати деҳоти Шугнов валангор гардидани роҳ аз маркази ноҳия то ҷамоати деҳот ва деҳаи Шугнов мебошад. Барои сангфарш намудани роҳ роҳбарияти ҷамоати деҳот соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони деҳотро ҷалб намуда, бо истифода аз техникаҳои муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия сангфаршкунии роҳ дар деҳаи Рубот идома дорад. Баъди анҷоми сангфаршкунӣ як қисмати роҳ мумфарш карда мешавад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ ва сангфаршкунии роҳ то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида мешавад.

АМИТ «Ховар»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш