Хониши бошуурона дар низоми таълими босалоҳият мавқеи хоса дорад, зеро дар ин низом диққати асосӣ на ба хотира, балки ба инкишофи тафаккури хонандагон дода мешавад. Хонандагон бояд дорои қобилиятҳои эҷодӣ, мустақилӣ ва ташаббусмандӣ бошанд.
Ташаккули малакаи хониши бошууронаи хонандагон яке аз вазифаҳои асосӣ ва муҳими таълимии фанни математика дар синфҳои ибтидоӣ мебошад.
Бе нақшаи дарс дарси омӯзгор самараи дилхоҳ дода наметавонад. Барои омодагӣ ба дарс омӯзгор, новобаста аз собиқаи корӣ ва дараҷаи тахассус, бояд нақшаи дарсӣ дошта бошад. Омодагии омӯзгор ба дарс аз нақшаи дарсии ӯ бармеояд.
Инак, тавзеҳи чанд нуктаи нақшаи дарс барои синфи 3 аз фанни математика дар мавзӯи “Тартиби иҷрои амалҳо дар ифодаҳои беқавс”
Барнома: ифодаҳои ду - сеамалаи беқавс. Хосият ва тартиби иҷрои амалҳо бо ифодаҳои ҷамъ, тарҳ, зарб ва тақсим.
Салоҳиятҳо:
- Ададҳои яклухтро дар доираи аз 1 то 100000 ҷамъ, тарҳ, зарб ва тақсим тавонистан.
- Стратегияҳои зеҳниро дар амалҳои ҷамъ, тарҳ, зарб ва тақсим истифода карда тавонистан.
Мақсадҳои таълим: хонандагон:
- хосиятҳои ифодаҳои амалиро донанд;
- тартиби иҷрои амалҳои ифодаҳои ададии ду- сеамаларо донанд;
- тартиби амалҳои беқавсро донанд.
Дар заминаи ин ҳама нишондодҳо мавзӯи навро меомӯзонем: бо мисолҳо, баҳсу баррасӣ, хулосабарорию натиҷагириҳо.
Кори хонандагонро санҷида арзёбӣ мекунем. Беҳуда нагуфтаанд: “Математика ақлро ба тартиб медарорад.” Вобаста ба мавзӯъҳо дар дарсҳо усулҳои гуногунро истифода бурдан мумкин аст, (лотобозӣ, “Курсии сеҳрнок”, бозии “Тӯбчаро дор”, “Кӣ тезтар ва бехато”, ангезиши зеҳн, кори дунафара, кори гурӯҳӣ). Агар дарс шавқовар ва бо усулҳои гуногун гузаронида шавад, албатта, дониши хонандагон такмил меёбад, доираи фаҳмишашон васеъ мешавад.
Таълими муносибати босалоҳият, ки ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷавобгӯй аст, пеш аз ҳама сифати дониши хонандагонро хеле беҳтар месозад.
Ашӯрбӣ Шукурова,
омӯзгори мактаби №49-и
ноҳияи Фирдавсӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр