Садои тир. Паррон-паррони беохир. Ваҳму даҳшат, навмедӣ ва фикри марг дар сар. Ин фоҷеа баногаҳ чун балои осмонӣ ба сари мардум омад. Дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ, ки аслан ному нишоне аз камон набуду одамон сурати онро дар китобҳо медиданд, якбора садои тир, ки гувоҳи ҷангу хунрезӣ буд, баланд гардид.
Ҳисори оромию амонӣ рахна гардидаву аз ҳам рехт, нахустин одамон дар шоҳроҳи Ёвон-Оли Совет бе ҳеҷ сабабу гуноҳе ҳадафи тир қарор гирифтанд ва абадан сар ба ниқоби хок кашиданд. Баъд аз ин вазъи фоҷеазо одамон фаҳмиданд, ки дигар кор аз кор гузаштаву дар ин сарзамин ақлу шуур дар ҷанинаш буғиву хафа шудааст, ҷойи онро яроқ гирифтааст. Онҳое, ки камон ба даст гирифта буданд, сояашонро даҳ баробари худ медиданд, ба худ меандешиданд, ки агар як зӯр зананд, кӯҳҳоро ба замин ҳамвору садои хониши мурғонро маҳв мекунанд. Инсонҳо дар чашмони хунгирифтаашон шабеҳи парвонаҳои кӯчак менамуданд.
Кишвари сарсабзу ободу шукуфон ба набардгоҳ табдил ёфт. Хавфи марги ҳазорон одами бегуноҳ, вайрону харобазор гардидани ҷумҳурӣ ва паёмадҳои тасаввурнопазири фалокатзои он пеши чашм аён гардида буд. Сарварону сардамдорони гирдиҳамоиҳо ва раҳбарони вақти ҷумҳурӣ сар ба ҷайби андеша бурда, роҳи наҷот ва бурунрафтро аз фоҷиаи баамаломада меҷустанд. Ва гӯё он роҳро дарёфтанд: мулоқоту вохӯриҳои дастаҳои мусаллаҳро дар ину он шаҳру вилояти кишвар баргузор намудан. Аммо ба ваҷҳи набудани эътимоду бовар ба иҷрои шартҳои пешгузошта, ҷонибҳо бо баргаштан ба қароргоҳу ситодҳои хеш дубора оташи ҷангро аланга медоданд. Ниҳоят чораи охиринро пешниҳод намуданд: таъсиси Ҳукумати Муросои Миллӣ. Вале бо ташкили ин ҳукумат низ ҳеҷ гуна муросо ва амну оромӣ дар мамлакат ба амал наомад. Дигар мушкилӣ, ҷустану дарёфтани як пора нон мардумро шикастадилу афсурдаҳол карда, онҳо худро ба ҳар кӯю дар мезаданд. Муаллими дӯстам бо дард нақл мекунад, ки ҳатто равғану собун нопайдо буд. Маҷбур шудем, ки афшураи помидорро дар об омехта, пиёзро таф дода, чизе монои пиёзоба таҳия ва тановул кунем. Аз ин бадтар ба мумиё табдил гардидани собун буд. Боре ҳамсояҳо хабар расонданд, ки дар даромадгоҳи шаҳри Душанбе, дар болотари мавзеи Обшорон майдонеро ёфтаанд, ки чуқур буда, таҳ ба таҳ моломоли моеъест, ки ба собун монанд аст. Дар замони Шӯравӣ пасмондаҳои корхонаи собунбарориро ба ин ҷо оварда рехтаанд. Ҳамакнун одамон ин партовро дар зарфҳо гирифта, ба хонаҳояшон оварда, дар офтоб мегузоштанд, то хушк шавад.
Сипас, маводи хушкшударо қисм-қисм ҷудо карда, ҳамчун собун истифода менамудаанд.
-Бовар мекунӣ, мо ҳам ба он мавзеъ рафта, аз ин моеъ овардем,-афзуд дӯстам. Собун тайёр карда, дар шустани либос истифода бурдем. Дидем, ки кафкаш мисли кафки собун аст. Баъдтар бо ин собунҳо, ки қатрон барин сиёҳ буданд, сар ҳам шустем. Ва… ба бемории хоришак гирифтор шудем.
Хомӯш мемонад дӯстам ва ман он манзараҳои мудҳишу ҷонкоҳро пеши назар меорам. Дар тӯли солҳои зиёде касе ин гуна дарди бедаворо ёд надошт. Пою дастҳо, шикаму тахтапушт, гӯшу гардан, хуллас, тамоми узви баданро хориши сӯзоне фаро мегирад. Аҳволи одамон вазнин: чорае ҷуз хоридани бетанаффуси аъзои бадан надоранд. Доруи ин бемориро касе намедонист. Агар меҷуст ҳам, намеёфт. Ҷанг идома дошт. Дорухонаҳо баставу дору нопайдо.
-Кадом табиби мардумие илоҷи ин дардро дар истифодаи олтингӯгирд донист ва роҳ нишон дод, ки аз ин мавод истифода намоянд одамон,-мегӯяд дӯстам. Ва одамони ҷон ба лаб омада аз хокаи олтингӯгирд истифода карда, онро ба бадан мемолиданд. Ҳар рӯз ин амалро такрор ба такрор анҷом медоданд. Аммо оташи сӯзони дарди хоришак кам не, балки зиёдтар мегардад. Одамони зиёде ба бемориҳои вазнини дигар гирифтор шуда, қариб буд қолаб тиҳӣ кунанд. Рӯзҳои сиёҳе буданд он рӯзҳо. Пас-он, ба болои бемории хоришак, табларзаю зарпарварин ва исҳоли хунин фаро гирифт ҷисми одамонро. Дардҳои бедаво, ҷонсӯз. Мусаллам аст, ки мардум чою қанд (шакар)-ро куллан ба боди фаромӯшӣ супурда, пӯстлохи олучаю себ ва барги гули садбаргро ба ивази чойи қоқ истифода мекарданд. Хӯрдани нони ҷуворӣ (зағора) ниҳоят мушкил буд.
-Мо, калонсолон, нонеро, ки аз орди ҷуворимакка тайёр шудааст, чору ночор истеъмол мекардем,-ба суханаш идома медиҳад муаллим, вале фарзандони хурдсоламон порае аз ин нонро ба даҳон бурда, пас аз хойидан бо душворӣ фурӯ мебурданд. Барои мулоимтар шудани нони зағора ба хамири он пиёз ва ё дилаи каду омехта мекардем. Аммо ин «усул» ҳеҷ фоидае надошт. Ҳамин ки нони зағора сахт мешуд, онро хӯрдан, воқеан ҳам, тоқатфарсо ва ҷонгудоз буд. Боре дӯсти савдогари човандозам аз ҳоли вазнин ва нобасомониҳои рӯзгорам воқиф шуда, гуфт, ки ба хона биё, як ҷувол ҷав медиҳам. Орд карда, нон мепазед, хӯрданаш сабуктар аст. Хурсанду болидарӯҳ ба хонааш рафта, халтаи тақрибан 15 - 20 - килоии ҷавро ба ароба бор карда, ба хона омадам. Дар осиёб ордаш кардем, аз орди он занам нон пухт. Нони ҷавинро хам тановул кардем. Охир, дигар чора надоштем. Хуллас, орди гандум ҳам рафту ҷуворию ҷав ҳам. Чизе аз хӯрданӣ намонд. Бо чанд пуле, ки қарз гирифта будам, роҳи бозори шаҳри Ваҳдатро пеш гирифтам. Пулам ба хариди ду халта сабӯс расид. Халтаҳои сабӯсро аз мошини роҳ фароварда, ба аробае бор карда, роҳ ҷониби хона гирифтам. Шиносони пулдору сарватманд халтаҳои сабӯсро дида, «ҳа, барои мурғҳоят харидӣ сабӯсро?»- гуфта суол медоданд. Дандон ба дандон гузашта, ҳарфе ба забон намеовардам. Хомӯш ба роҳам идома медодам. Эҳ, одамизод, одамизод! Чӣ найрангу ҳиллаҳое намекунӣ! Бало занад нафси ҳамахори одамиро. Ҳангоме ки халтаҳои сабӯсро ба осиёби амаки Пирмаҳмад барои орд кардан бурдам, вай даҳони халтаҳоро кушода, чанд каф сабӯсро пеши чашм оварда, бедимоғ сар ҷумбонд:
-Нигоҳ кун, маълим, -ба сабӯс ишора кард вай, ягон зарра орд надорад. Ордашро пок-покиза тоза карда гирифтаанд, беинсофҳо. Ана акнун ин пӯчоқро бояд ба ту орд карда диҳем. Чӣ илоҷ? Дар зарурат раво бошад, гуфтаанд.
Субҳи рӯзи дигар орди сабӯсро, ки ҳамагӣ ним халта буд, гирифта ба хона овардам. Нон пухт ҳамсарам. Дар гармогармияш хӯрдем. Як бӯйи тунд дошт, ки димоғро месӯзонду дилро беҳузур мекард. Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, орди сабӯсӣ ҳам дар зарфи як ҳафта тамом шуд, ҳарчанд дандонҳо кунду комҳо обила пайдо карданд. Баъд… бо каме тинҷу оромтар гардидани вазъ ба мактаб омадам. Директор мо, муаллимонро ҷамъ оварда, маслиҳат пеш овард, ки замини паси таълимгоҳро, ки бекор мехобид, байни ҳам тақсим карда, гандум бикорем.
-Як халтаию духалтаӣ гандум ба даст меоред,-фаҳмонд директор, рӯзгоратон хеле сабук мешавад.
Мо дар қитъаҳои замини бароямон ҷудогардида гандум коридем… Тобистон гандумро даравида, орд кардем. Насиб будааст, баъди чандин азобу сабуриҳо нони хушбӯйи гандумиро ба даст гирифта, ба дидаҳо молидем. Тановули нони гандумӣ ҷонро роҳат мебахшид. Дар тасвири чашмони мамлӯ аз хушҳолию нишоти фарзандон, ки аз дидани нони гандумӣ зуҳур карда буд, қалам оҷизӣ мекашад. Дӯстам дафъатан хомӯш мемонад ва нигоҳашро ба уфуқи дур медӯзад. Як сукути сангине фаро мегирад ӯро.
-Медонӣ,-мегӯяд пас аз чанд муддате вай. - Ман савдою тиҷоратро намедонистам. Аслан бо савдогарон он қадар муносибати хуб надоштам, вале…
Вале зиндагӣ маҷбурам сохт, ки кам-кам аз ин «фан» ҳам биёмӯзаму таҷриба ҳосил кунам. Ҳар ҳафта ҳамроҳи ду-се нафар ҳамкорам роҳ ҷониби бозори Деҳнав мегирифтем. Бо қатора мерафтему меомадем. Аз бозори Деҳнав биринҷу равған, собуну чой харид мекардему оварда дар бозори ноҳияи худамон мефурӯхтем. Аввалҳо мушкил буд. Аз фурӯши биринҷ ҳеҷ фоидае ба даст намеомад, лекин тадриҷан Худованд ба корамон баракат афзуду савдоямон ривоҷ гирифт. Ҳатто аз хона омада мехариданд биринҷро ҳамдеҳагон. Баъзеҳо бар ивази нони хлеб мегирифтанд биринҷро. Оҳиста-оҳиста аз Деҳнав ба бозорҳои Регару Ҳисор гузаштем. Зиндагиямон беҳтар гардида, акнун ҳафтае як-ду маротиба оши палав ҳам мехӯрдем. Аҷаб давлате! Рӯзҳо ингуна тирвор мегузаштанд. Як рӯз бо беҳтар гардидани зиндагӣ раиси хоҷагӣ ба мактаб дар бордони як трактор гандум фиристод. Директор гандумро ба омӯзгорон тақсим карда дод. Донаҳои сурхи гандум дар зери анвори хуршед чашм мебурд. Ҳама хурсанду хушҳол буданд…
Пагоҳӣ, вақте ки ба мактаб омадем, директор бо чеҳраи шукуфон як-як моро оғӯш карда, табрику шодбош гуфт.
Ҳайрон монда, сабаби ин ҳолро фаҳмидан мехостем. Магар барои соҳиби халтаҳои гандум шудан моро муборакбод мегӯяд директор?-аз дил гузарондам ман. Аммо вақте дидем, ки аз чашмони директор ашк ҷорӣ мешавад, бештар ҳайрон шудему мӯҷиби вазъро пурсон шудем.
-Дирӯз байни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сарварони Иттиҳоди мухолифин Созишномаи истиқ-рори сулҳу ваҳдати миллӣ ба имзо расид,-пайғом дод сарвари мактаб ва афзуд, ки пеши роҳи ҷангу ҳунрезӣ гирифта шуда, сулҳу осоиштагӣ дар мамлакат ҳукмфармо гардид. Магар ин воқеа боиси табрику шодбошӣ нест?
Воқеаи таърихӣ, сарнавиштсоз барои миллати тоҷик! Ҳамин тавр не?!
-Инак, аз он айём 23 сол сипарӣ мегардад, - мегӯяд омӯзгори дӯстам ва мо, омӯзгорони мактаб, ҳамасола 27 июн якдигарро табрик мегӯем, ашки шодӣ мерезем…
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр