Нашрияи Омӯзгор

Боз як дастовези адиб

Сана: 2020-06-18        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Устод Шафоати Назар аз ноҳияи дурдасти Нуробод ба идораи нашрия меҳмон шуда, бо чеҳраи кушодаю лабханди малеҳ гарм-гарм аҳволпурсиямон намуд ва чун одати ҳамешагии худ аз ҷузвдонаш китоберо бароварда пешамон гузошт.

-Ин китобам, ки «Се рӯзи мусофират» ном дорад, аз хотироту ҳикоёт ва сафаргуфтаҳоям иборат аст. Онро чун барги сабз эҳдоятон мекунам.

Шафоати Назар пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (соли 1975) дар мактаби таҳсилоти миёнаи умуми  №6-и ноҳияи Нуробод ҳамчун омӯзгор ба фаъолият пардохта, ҳамзамон, ҳамкориашро бо нашрияи ноҳиявии «Нури Нуробод» (он вақт «Ҳақиқати Комсомолобод») тақвият бахшид. Шеъру лавҳа ва ҳикояҳояш дар саҳифаҳои рӯзномаи мазкур ва нашрияҳои ҷумҳуриявӣ зуд-зуд ба табъ мерасиданд. Шафоати Назар соҳиби чандин маҷмӯаи ашъор ва китобҳои насрӣ мебошад. Маҷмӯаю китобҳои «Лолаи армон», «Бо ёди Ватан», «Воқеаҳои нодир», «Сиву як ҳадис», «Қиссаҳои муҳоҷират», «Ишқи духтари ёқут», «Фарзанди ду модар» ва «Чашмаи кабкон» кайҳост, ки дар байни хонандагон ва ҳаводорони осори  манзуму мансур маъруфият пайдо кардаанд. Шафоати Назар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадрдонӣ гардидааст. Китобе нави ӯ «Се рӯзи мусофират» ҷанбаи васеи тарбиявию ахлоқӣ дошта, бо ғояю консепсияи бадеии худ ибратомӯз мебошад. Ин китоби бо теъдоди 200 нусха дар нашриёти «Паёми ошно» ба табъ расидааст.

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш