Нашрияи Омӯзгор

Зиндагонӣ корвону шеър колои ман аст!

Сана: 2020-06-18        Дида шуд: 817        Шарҳ: 0

 

Чун дар бораи эҷодкорон менависанд, ба расми маъмул сифате чанд ба эшон нисбат медиҳанд, ғолибан, вобаста ба сатҳи ҳунарии осорашон. Ин сифатҳо дар аксар маврид ҳамгуну яксонанд, ба гунае ки онҳоро бидуни таҳрире ё ба андак таҳрир метавон ба эҷодкоре дигар нисбат дод.

Дар ин росто, эҷодкороне ҳастанд, ки моҳияти ҳаёту эҷоди онҳоро ба ҳам печида, барояшон метавон сифате таъйин кард, ки на ҳар эҷодкореро хос бувад. Сифати волои «иродатманд», фикр мекунем, ки нисбат ба бисёр эҷодкорон ба Ҷӯёи Самарқандӣ бештар «мечаспад» аз ҳамин дидгоҳ; яъне дар ҳамбастагӣ нигаристан ба зиндагию эҷод.

Ин шоири камгӯю санҷидагӯй дар зиндагӣ ба мушкилоту монеаҳои зиёде вохӯрдаву аз нокомиҳои пай дар пай низ «бенасиб» намондааст. Дар зинаҳое аз марҳилаҳои ҳаёти пургиреҳаш ба хиёнатҳо дучор омадаву таънаи нокасон ҳам шунидааст, дасту пову сар шикастааст, вале ҳаргиз иродат нашикастааст. Бар он кӯшидааст, ки пеши касе аз фишори бозиҳои тақдир сар хам накунад, ҳамешаву дар ҳама ҳолат «ба мисли кӯҳ якрӯю ба сони чашма ҳақгӯ» бошад. Мақолест барҳақ, ки «иродат надорӣ, саодат маҷӯй». Аз иродатмандиаш буд, ки дар моварои мавҷи мушкилоти рӯзгораш низ қалам аз даст нагзошт, пайваста эҷод кард, алорағми рӯзгори нобасомон, ҳатто дар ногувортарин лаҳзаҳои зиндагиаш шеъри гуворо гуфт. Эҷод, ба вижа, эҷоди шеър барояш писандидатарин машғулият ва беҳтарин василаи посух ба «шутургурба»-гиҳои ҳаёт, возеҳтарин посух ба кулли дидаву шунида, ба дирӯзу имрӯзу фардост. Шеър барои ӯ ҳама чиз ва маънибахши ҳастист:

Аз азал шӯрида бо шеъру сухан лои ман

аст,

Зиндагонӣ корвону шеър колои ман аст.

Марзи ҷуғрофӣ намедонам, сапеду сурх

ҳам,

Шеър миллат, шеър меҳан, шеър дунёи

ман аст!

Ин гуна бо шеър кӯшидану ҷӯшидан танҳо ба маънии пайваста шеър эҷод кардан нест, балки маънии ҳамвора шеър мутолиаву шеър таҳлилу тафсир кардан ҳам ҳаст. Воқеан, Ҷӯёи Самарқандӣ доираи фарохи мутолиа дорад, мунтазам китоб рӯи дасташ аст, барчида китоб мехонад, ба беҳтарину мақбултарин адибон рӯй меовараду китобашонро бо камоли диққату таваҷҷуҳ варақ мезанад. Борҳо рух додааст, ки барои дастрас кардани китобе аз шаҳре ба шаҳре сафар бинмудааст, ба дурдасттарин рустои кӯҳистон рафтааст, барои рӯзе чанд ба орият гирифтани китоби нодире остонаи дӯстонашро охурча кардааст. Хонаи иҷорааш (ӯ солиёни зиёдест, ки дар пойтахти ҷумҳурӣ бо аҳли оилааш иҷоранишин аст ва то танҳоии худро аз ин лиҳоз як навъ таскин бубахшад, гоҳе мутафаккирона «аслан, ҳамаи мо дар ин дунё иҷоранишинем» мегӯяд) пуропури китобҳост, китобҳое, ки онҳоро ҳамрозу дамсозу овозаш медонад ва ба онҳо чун беҳтарину содиқтарин дӯстони зиндагиаш муносибат мекунад. Ба як сухан, зиндагии ӯ омезае аз китобу қалам аст ва аз ин ҷост, ки мегӯяд:

Рӯзе, ки Худой панҷа зад бар гили мо,

Меҳри қаламу китоб андар дили мо.

Гар даст ба ҳар илму фане ёфтаем,

Аз киштаи ҷадди мо бувад ҳосили мо.

Ва боз:

Нони гандум ғизои тан бошад,

Рӯҳи моро китоб дармон аст.

Тамоми эҷодиёти Ҷӯёи Самарқандӣ ҳамбастагие амиқ бо ҳикмат, бо дарки моҳияти ҳастию зиндагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ӯ маънии зиндагиро ба гунаи зер саҳеҳу рӯшан ва дар ҷомаи ҳунари бадеӣ тафсир мебахшад:

Зиндагонӣ меҳрбонӣ кардан аст,

Шод будан, шодмонӣ кардан аст.

Душманонро дӯст кардан в-он гаҳе

Дӯстонро қадрдонӣ кардан аст…

Як ҷаҳоне дидан андар заррае,

Зарраеро як ҷаҳоне кардан аст…

Аз шикастанҳо наяфтодан зи по,

Рамзҳо бо нотавонӣ кардан аст.

Сабт дар авроқ таърихи башар

Номи худ аз бенишонӣ кардан аст.

Ин гуна иқтибосро аз эҷодиёти шоир метавон фаровон овард. Аз ҳусни таваҷҷуҳ ва ҳамбастагии ӯ ба ҳикмат, ба сухани пурбору мондагор аст, ки барчидаи андарзномаву зубдагуфтаҳои бузургони олами андешаро аз китобҳои зиёде ба тоҷикӣ тарҷума кардаву дафтаре басо хонданиву пазируфтанӣ ба сони шаҳчинори пуршоху барг таҳия бинмудаву ба нашр расондааст, мутолиаи батакрори он ҳар фардеро судманду дилписанд аст. Воқеан, тарҷума як бахши пурбори фаъолияти эҷодии Ҷӯёст (ӯ дар шуъбаи тарҷумонии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тбилиси (Гурҷистон) таҳсил кардааст). Барчида тарҷума мекунад ва асарҳоеро аз адибони номвару боҳунари ҷаҳон барои баргардон мепазирад, ки 1) бо тоҷикону Тоҷикистон алоқамандие дошта бошанд, 2) ҳикматбортарину марғубтарин саҳнаҳои зиндагиро инъикос намоянд, 3) ҳунари баланди нигорандагиро собит созанд. Аз ин мавқеъ ӯ осори адибони мумтоз Радий Фиш, Василий Ян, Важа Пшавели, Илиа Чавчавадзе, Галактион Табидзе, Нодар Думбадзе. Олҷас Сулаймонов, Евгений Евтушенко, Уилям Фолкнер, Эрнест Ҳеменгуэй, Чингиз Айтматов, Лу Син, Дмитрий Лихачёв ва чанде дигарро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Ҷӯё, ҳамчунин, дар тарҷумаи китобҳои дарсӣ барои мактабҳои олии Тоҷикистон, синфҳои тоҷикии мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Қазоқистон, тарҷумаи асарҳои сиёсатмадорони маъруфи ҷаҳон (бо гурӯҳи мутарҷимон) ширкат варзидааст.

Соли гузашта Ҷӯёи Самарқандӣ бо номи «Ҷунги Ҷӯё» китоберо ба нашр расонд, ки шохае дигар аз фаъолияти адабии ӯро муаррифӣ мекунад. Он як навъ идомаи анъанаи тазкиранигории ниёгон аст ва шарҳи мухтасари зиндагиву намунаи осори адибону олимони рустои Ғаза (деҳае фарзоназову адабпарвар дар умқи кӯҳистони шаҳри Панҷекат)-ро дар бар мегираду таъкид мекунад, ки як деҳи кучаки Тоҷикистон чӣ қадр суханвару донишгустар ба арсаи эҷод эҳдо намудааст, чӣ расад ба паҳнои ин кишвари соҳибтамаддун. Ин иқдоми Ҷӯё хеле пазируфтанист ва ба он соне ки дарё аз чашмаҳо маншаъ мегирад, агар ҷунгу тазкираву баёзҳои аҳли эҷоди маҳалҳои гуногуни ҷумҳурӣ офарида шаванд, заминаи хубу марғубе фароҳам хоҳад омад барои таҳриру таҳияи тазкираи фарогиру муҳташами аҳли илму адаби мамлакат.

Ҷӯёи Самарқандӣ (ин тахаллуси усту вожаи «ҷӯё» ба ташнаву ҷӯяндаи ҳамешагии донишу фарҳанг будани ӯ ишора мекунаду вожаи «самарқандӣ» таъкиде ба дилбастагиаш ба сарзамини ниёгон аст), ки эътиқодманди  устуворқавли сухани фишурдаву бамаънист, мегӯяд: «Чу гуфтори беҳуда бисёр шуд, Сухангӯй дар анҷуман хор шуд». Чун афкораш бо пайкораш ҳамбастагии ҳамешагӣ дорад, ҳама нигоштаҳояш суфтаву фишурдаанд, тангҳаҷму васеъмаънианд. Шеърҳояш аз ҳафт-ҳашт байт беш нестанд ва гузашта аз ин, силсилаи ашъоре дорад, ки дар ҳаҷми мисраеву як-ду байте гуфта шудаанд, вале монои хӯшаи гандуманд, пурбор. Ба ҳукми шоҳиди даъво ин се шеърро меоварем, ки яке «Ҳисори мустаҳкам» (як мисраъ), дуюмӣ «Зан» (як байт) ва сеюмӣ «Суфраи шеър» (ду байт) ном доранд:

Дидаат диж асту мижгон дижбон.

ххх

Эй чашмаи ҷовидонаи шеър,

Менӯшамату намешавам сер.

ххх

Ман суфраи шеър мекушоям,

Модар, ту биёву чошнӣ гир.

Бо шеваи аллаат кашидам

Армони дилат ба килки таҳрир.

Шоиру тарҷумону муҳаққиқи тозакору хушбин Ҷӯёи Самарқандӣ , ки инак, ба синни фархундаи 60 расид, зиндагие хоксорона дорад, худситоиро, худнамоиро, сарватпарастиро намеписандад, бо худу дунёи афкори рангинаш, бо қаламу коғазаш, бо китобу дафтараш… андармон аст. На! Аслан, ӯ ҳар соату ҳар лаҳза бо халқи азизаш аст, зеро муҳтавои навиштаҳояш дарунмояи ашъораш, фикру зикраш иртиботманд бо ормону хостаҳои мардумист. Ва мо ба номаи табрикие, ки ба ин эҷодкори иродатманд ирсол хоҳем кард, дар пайравӣ ба сабки нигоштаҳояш фишӯрдагӯӣ чунин хоҳем навишт: “Онҳое, ки ин замон шоири хубро ҷӯёянд, аз ҳастии Ҷӯё бехабаранд”.

 

Абдурауф МУРОДӢ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш