Нашрияи Омӯзгор

Ҷамъоварии ҳосили картошка аз хоҷагии ёрирасони донишгоҳ

Сана: 2020-06-18        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Аз ҷониби  Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои хоҷагии ёрирасон ва таҷрибавии минтақаи “Зағертӣ”-и шаҳри Левакант тадбирҳои муҳим амалӣ гардида, дар байни дарахтони боғи хоҷагӣ кишти картошка гузаронида шуд.   Ба ҳар факултаи донишгоҳ қитъаи замини махсус вобаста гардида, устодон ҳангоми фориғ аз дарс ба ин минтақа сафарбар шуда, ба кори кишоварзӣ машғул мешаванд.   Дар натиҷаи дуруст риоя намудани қоидаҳои агротехникӣ ва саривақт додани озуқа картошка хуб нашъунамо намуда, ҳосили дилхоҳ низ ба даст омад. Аз майдони 3 гектар замин беш аз 11 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ гардид.

 

 Сангимурод ШАРИФОВ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш